Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

0
32

Ба муносибати зодрӯзи Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои табрикотӣ ворид мегарданд.

Дар паёми шодбошии Президенти Федератсияи Русия Владимир Владимирович Путин омадааст:

“Муҳтарам Эмомалӣ Шарипович,

Табрикоти самимонаи маро ба муносибати 70-солагиатон бипазиред.

Ба сифати арбоби давлатии хирадманд ва соҳибтаҷриба, ки дар ростои рушди кишвари худ ва ҳимояи манфиатҳои он корҳои зиёдеро анҷом медиҳад, Шумо миёни ҳамватанонатон аз эҳтироми шоиста бархурдор гардида, дар арсаи ҷаҳонӣ эътибори баланд касб намудаед.

Ҳамчун дӯсти ҳақиқии Русия Шумо дар кори таҳкими муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии байни давлатҳоямон, тавсеаи робитаҳои барои ҷонибҳо судманд дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони ҳамкории Шанхай шахсан саҳми бузург мегузоред.

Робитаҳои нек ва дӯстонаамонро баланд қадр мекунам. Аз идомаи муколамаи созанда ва ҳамкориҳои наздики муштарак оид ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи дуҷониба, минтақавӣ ва байналмилалӣ хушҳол хоҳам буд.

Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарипович, аз самими қалб сиҳатмандӣ, некуаҳволӣ ва дар фаъолиятатон ба нафъи мардуми дӯсти Тоҷикистон комёбиҳо таманно дорам”.

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар номаи шодбошии худ ба унвонии Сарвари давлати мо чунин менигорад:

“Муҳтарам ҷаноби Президент, дӯсти деринаи азиз!

Иҷозат фармоед, ба муносибати 70-солагиатон табрикоти самимӣ ва таманниёти беҳтарини худро арз намоям.

 Таҳти роҳбарии Шумо, ҷаноби Президент, Тоҷикистон бо дарназардошти шароити миллии худ роҳи рушдро пеш гирифт ва дар ҷодаи бунёди давлатдорӣ ба комёбиҳои бузург ноил гардид. Ба сифати ҳамсояи дӯст ва шарики ҳамаҷонибаи стратегӣ Чин аз ин сидқан хушҳол аст.

Муносибатҳои Тоҷикистону Чин ҳамеша суръати хуби рушди худро нигоҳ медоранд. Аз ибтидои ҳамин сол, дар баробари идомаи ҳамкории зич бо Шумо, мо ба мақсади баровардани робитаҳои Чину Тоҷикистон ба марҳилаи нав дар иртибот ба муносибатҳои дуҷониба ва масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо табодули афкор анҷом медиҳем.

 Ман ба рушди робитаҳои Чину Тоҷикистон аҳамияти бузург зоҳир намуда, муносибатҳои хуби корӣ ва дӯстии наздики шахсиамонро қадр мекунам. Бо таъкиди 30-юмин солгарди истиқрори робитаҳои дипломатӣ, омодаам, ки бо Шумо барои мусоидат ба пешбурди ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи Чину Тоҷикистон дар арсаҳои гуногун ба нафъи ду кишвар ва мардумони онҳо саъю кушиши муштарак ба харҷ диҳам”.

Дар номаи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев, чунин омадааст:

“Муҳтарам Эмомалӣ Шарипович!
Бародари азиз!

Ман аз самими қалб хеле шодам, ки ба Ҷаноби Олӣ ба муносибати 70-солагии зодрӯзашон табрикоти самимӣ ва орзуҳои беҳтаринамро мерасонам.

Мо Шуморо ҳамчун арбоби барҷастаи давлатии Тоҷикистони муосир, фарзанди барҷастаи халқи худ ва пешвои ҳақиқӣ мешиносем, ки ба хотири сулҳу шукуфоии кишваратон бо матонати бузург фаъолият менамоед.

Натиҷаи сиёсати дурандешона ва хирадмандонаи Шумост, ки дараҷаи некуаҳволии мардум баланд шуда, мамлакат дар тамоми соҳаҳо муваффақияти намоён ба даст меоварад ва нуфузи давлат дар арсаи байналхалқӣ баланд мешавад.

Сафарҳои сатҳи олӣ, ки солҳои охир сурат гирифтанд, муколамаи фаъоли мо бар асоси принсипҳои эҳтиром ва дастгирии мутақобила шарикии стратегиро ба сатҳи комилан нав – муносибатҳои иттифоқӣ бароварданд.

Бешубҳа, ба шарофати иродаи устувори сиёсӣ ва талошҳои тарафайни мо муносибатҳои гуногунҷанба миёни Узбекистон ва Тоҷикистон минбаъд низ дар тамоми соҳаҳо дар рӯҳияи дӯстии абадӣ, эътимоди ҳамдигар ва ҳамсоягии нек инкишоф меёбанд.

Муҳтарам Эмомалӣ Шарипович!

Бори дигар Шуморо ба муносибати рӯзи фаромӯшнашавандаи ҳаётатон – солгарди пуршараф самимона табрик гуфта, ба шумо саломатии бардавом, хушбахтии оилавӣ ва дар фаъолияти масъулиятноки давлатӣ муваффақияти калон ва ба халқи бародари Тоҷикистон сулҳу оромӣ ва пешрафти доимӣ таманно дорам”.

Источник: president.tj