Табрикоти Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот ба муносибати Рӯзи байналхалқии кооператсияи матлубот

0
1435

Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот қайд менамояд, ки ҳар сол шанбеи аввали моҳи июл дар тамоми ҷаҳон Рӯзи байналхалқии кооператсия қайд карда мешавад. Ин рӯзи касбӣ бо резолютсияи Ассамблеяи Генералии Ташкилоти Давлатҳои Муттаҳида аз 16 декабри соли 1992, № 47/90 ва муқаррароти Алянси Байналхалқии кооперативӣ тасдиқ карда шудааст. Кооператсияи матлуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз шохаҳои кооператсияи байналмилалӣ ба ҳисоб рафта, дорои қонун, оиннома ва ҳуҷҷатҳои ҳуқуқии худ мебошад.

Муносибати Рӯзи байналхалқии кооператсия ҳамаи кормандони соҳаи кооператсияи матлуботи ҷумҳуриро самимона табрик ва муборакбод менамоем. Итминони комил дорем, ки кормандони кооператсияи матлубот бо меҳнати садоқатмандонаи худ баҳри рушду нумуи Ватани азизамон ва пойдории соҳаи худ ҳиссаи сазовор мегузоранд.

Табрикоти Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот ба муносибати Рӯзи байналхалқии кооператсияи матлубот