Табрикоти Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Америка Доналд Ҷон Трамп ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

0
147

Ба муносибати аз нав интихоб гардидан ба маснади олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Америка Доналд Ҷон Трамп барқияи табрикӣ ворид гардид, ки дар он аз ҷумла омадааст:

«Муҳтарам ҷаноби Президент,

Мехоҳам аз номи Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида ва мардуми Америка табрикоти худро ба муносибати ба маснади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданатон ирсол дорам.

Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида шарикии пойдори байни кишварҳоямонро бар асоси манфиатҳои муштараки мо дар пешбурди сулҳу субот дар тамоми Осиёи Марказӣ баланд арзёбӣ мекунад.

Миллатҳои мо муносибатҳоеро барқарор кардаанд, ки ба афзоиши робитаҳои байни шаҳрвандон ва ҳукуматҳои мо мусоидат мекунанд. Ман ба Шумо барои дастгириатон дар соҳаҳои дорои аҳамияти дуҷониба ва ҷаҳонӣ, аз ҷумла амният ва субот дар Афғонистон ташаккур мегӯям. Солҳои оянда, чун мо дар самти ҳадафҳои мутақобилаи худ бо мақсади таҳкими ниҳодҳои демократӣ ва рушди иқтисодӣ саъй менамоем, муносибатҳои қавии байни кишварҳоямон боз ҳам рушд хоҳанд ёфт».

Источник: president.tj