Таблиғу ташвиқи Паёми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри бостонии Панҷакент

0
181

Таблиғу ташвиқи Паёми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри бостонии Панҷакент

ДУШАНБЕ, 7.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. Шурӯъ аз 2 январи соли 2020 дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд гурӯҳи корӣ аз ҳисоби кормандони масъули Мақомоти  иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Панҷакент, фаъолони шаҳр, Ҳаракати ваҳдати миллӣ, собиқадорони меҳнат бо роҳбарии масъул аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ба таблиғу ташвиқ ва ба мардум фаҳмонидани нуктаҳои асосӣ ва мазмуну муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оғоз намуд.

Сокинони шаҳри бостонии Панҷакент Паёми навбатии Пешвои миллатро ҳамчун Паёми роҳнамову созанда ва роҳкушо ба сӯйи қуллаҳои дурахшони фатҳу зафар ва дурнамо барои рушди устувори иқтисоди мамлакат арзёбӣ намуда, ҳар як нуктаи онро барои имрӯзу фардои давлати соҳибистиқлоламон муҳим меҳисобанд. Иҷро шудани Барномаи пешазинтихоботии Президенти Тоҷикистон, рушди устувори иқтисодӣ дар 7 соли сипаригардида, рушди ҳамасолаи Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ (ММД) ба андозаи 7,5 %, сохтмони ҳазорҳо иншооти иҷтимоӣ дар зарфи 7 сол, бунёди инфрасохтори  сайёҳӣ, бунёди ҳазорҳо километр роҳ ва пулу нақбҳо, кам шудани теъдоди муҳоҷирони меҳнатӣ, бунёди корхонаҳои бузурги саноатӣ, муштарак ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, инчунин таъмини аҳолӣ бо қувваи барқ дар тамоми фаслҳои сол ва сиёсати дурусту санҷидашудаи муваффақи хориҷии мамлакат ҳамчун далелҳои раднопазири сиёсати хирадмандонаю созанда ва  бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эътироф карда шуда, сокинони шаҳри бостонии Панҷакент бо рӯҳбаландӣ ва ҷонибдории саросарӣ аз ин сиёсат нуктаҳои асосии Паёми Президенти мамлакатро қабул намуданд.

Супориш ва дастурҳои мушаххаси Пешвои миллат, ки ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъулини мақомоти давлатӣ ва вазорату идораҳои мамлакат дар Паёми навбатии Сарвари давлат дода шудаанд, бори дигар далели онанд, ки дурнамои рушди ҷумҳурӣ ин пеш аз ҳама, таҳкими рушди устувори иқтисодиёт  ва беҳ шудани вазъи иҷтимоии аҳолӣ дар сиёсати имрӯзаи Роҳбарияти сиёсии давлату ҳукумат мавқеи калидӣ дорад.

Дар баробари ин, тамоми сокинони шаҳру деҳоти Панҷакенти бостонии водии Зарафшон иҷрои  саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои миллатро, ки дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуданд, сармашқи  фаъолиятии худ қарор дода, ба истиқболи сазовори ҷашнҳои бошукӯҳи таърихии 5500-солагии Саразми бостонӣ ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини иҷрои онро вазифаи ҳамарӯзаи худ эълон намудаанд.

Источник: khovar.tj