ТАБИБОНИ ПОЛЯКИЕ, КИ ДАР ТОҶИКИСТОН ҚАРОР ДОРАНД, АЗ ТАҶРИБАДОРТАРИНҲО ДАР МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ COVID-19 МЕБОШАНД. Чунин мешуморанд намояндагони Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ

0
138

ТАБИБОНИ ПОЛЯКИЕ, КИ   ДАР ТОҶИКИСТОН ҚАРОР ДОРАНД,   АЗ ТАҶРИБАДОРТАРИНҲО ДАР МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ COVID-19 МЕБОШАНД. Чунин мешуморанд намояндагони Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ

ДУШАНБЕ, 10.06.2020 /АМИТ «Ховар»/. Табибони полякӣ, ки айни ҳол дар Тоҷикистон қарор доранд, аз духтурони таҷрибадортарин дар самти пешгирӣ ва табобати COVID-19 мебошанд. Онҳо дар Италия, Полша ва Қирғизистон «таҷриба» андӯхтаанд. Дар ин бора намояндагони Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) зимни нишасти матбуотии виртуалӣ, ки 9 июн дар Женева баргузор гардид, иброз доштанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти иттилоотии СММ.

Тайи шаш моҳ ҷомеаи илмӣ дар бораи COVID-19 дониш андӯхт, аммо аксари саволҳо, аз ҷумла таҳвили вирус аз интиқолдиҳандагони «бидуни аломат» ҳанӯз ҳам бе ҷавоб мебошанд. 9 июн Коршиносони СУТ доир ба ин мавзӯъ дар Женева нишасти матбуотии виртуалӣ баргузор карданд. Дар ҳамин ҳол, гурӯҳи коршиносони СУТ ва табибони полякӣ барои иштирок дар маъракаи миқёсии мубориза бар зидди эпидемия ба Тоҷикистон омад.

Табибони полякӣ, ки айни ҳол дар Тоҷикистон қарор доранд, аз духтурони таҷрибадортарин дар самти пешгирӣ ва табобати COVID-19 мебошанд. Онҳо дар Италия, ки нисбат ба дигар давлатҳо аз коронавирус зарари калон дид, инчунин дар Полша ва Қирғизистон «таҷриба» андӯхтаанд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ намояндагони СУТ иброз доштанд.

Тавре гуфта мешавад, табибони полякӣ дар ҳайати гурӯҳи коршиносони СУТ ҳамагӣ 23 нафар ба Душанбе омада, бо худ озмоишгоҳҳои сайёр барои ташхиси сирояти коронавирус овардаанд.

«Мо аз Полша барои ҳамдилӣ ва омодагӣ ба кумак миннатдорем, — тазаккур дод роҳбари муваққатии Дафтари СУТ дар Тоҷикистон Бахтигул Карриева. – Миёни онҳо анестезиологҳо, мутахассисони касалиҳои сироятӣ, ҳамшираҳо, парадемикҳо ва кормандони гуманитарӣ мебошанд. Давоми се ҳафта онҳо якҷо бо ҳамкасбони тоҷики худ кор карда, беморони вазнини гирифтори COVID-19-ро табобат менамоянд ва паҳншавии сироятро пешгирӣ мекунанд. Рӯзҳои наздик бо дархости ҳукумати Тоҷикистон мутахассисони ташхиси озмоишгоҳӣ аз Германия, Россия ва Британияи Кабир низ меоянд».

«Гурӯҳҳои ёрии таъҷилӣ ва озмоишгоҳҳои сайёр ба тавсеаи қобилияти кишвар дар мубориза бар зидди COVID-19, аз ҷумла дар минтақаҳои дурдаст, кумак хоҳанд кард», — иброз намуд корманди Бюрои аврупоии СУТ Олег Стороженко. — Мутахассисон барои муайян ва ҷудо кардани сироятёфтагон, пайгирии шахсони бо онҳо дар тамос буда, гурӯҳбандии тиббии беморон ва равон намудани онҳо ба назди мутахассисони мувофиқ ва интихоби табобати самарабахш мусоидат менамоянд».

ТАБИБОНИ ПОЛЯКИЕ, КИ   ДАР ТОҶИКИСТОН ҚАРОР ДОРАНД,   АЗ ТАҶРИБАДОРТАРИНҲО ДАР МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ COVID-19 МЕБОШАНД. Чунин мешуморанд намояндагони Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ТАБИБОНИ ПОЛЯКИЕ, КИ   ДАР ТОҶИКИСТОН ҚАРОР ДОРАНД,   АЗ ТАҶРИБАДОРТАРИНҲО ДАР МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ COVID-19 МЕБОШАНД. Чунин мешуморанд намояндагони Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ТАБИБОНИ ПОЛЯКИЕ, КИ   ДАР ТОҶИКИСТОН ҚАРОР ДОРАНД,   АЗ ТАҶРИБАДОРТАРИНҲО ДАР МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ COVID-19 МЕБОШАНД. Чунин мешуморанд намояндагони Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ

Тавре қаблан АМИТ «Ховар» иттилоъ дода буд, 8 июн Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷуҳмурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо гурӯҳи табибони Полша, ки шоми 6 июн ба Тоҷикистон ташриф оварданд, вохурӣ намуд. Зикр гардид, ки табибони Полша давоми як моҳ ба беморхонаву муассисаҳои табобатии манотиқи гуногуни Тоҷикистон сафар карда, бо ҳамкасбони тоҷики худ табодули таҷриба менамоянд.

Бояд тазаккур дод, ки баъд аз ташрифи ҳайати техникии СУТ ба Тоҷикистон 1-11 майи соли равон ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз ҷониби коршиносони Бюрои минтақавии СУТ ҳисобот ва тавсияҳо пешниҳод гардиданд. Яке аз он тавсияҳо даъвати гурӯҳҳои сайёри фавқулода бо мақсади фаъолияти якҷоя бо мутахассисони соҳаи тандурустии Тоҷикистон буд.

ДАР АКС: табибони Полша дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар» ва манбаъҳои дастрас.

Источник: khovar.tj