ТАБИБОН ҚУВВАТУ ДАРМОНИ ҶОНАНД! Эъто ба Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон

0
231

ТАБИБОН ҚУВВАТУ ДАРМОНИ ҶОНАНД! Эъто ба Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон

ДУШАНБЕ, 01.05.2017 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашонро ҳамасола дар тамоми ҷаҳон ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷузъи ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, таҷлил менамоянд. Дар Тоҷикистон ин ид ба қатори идҳои давлатии бидуни истироҳат дохил мебошад. Таҷлили ин иди касбӣ нигоҳ ба ҳуқуқи меҳнати кормандон, ҳуқуқ ба истироҳат ва дигар кафолату ҷубронҳое, ки қонун барои меҳнаткашон пешбинӣ намудааст, мебошад.

Дар ин шабу рӯз меҳнати он нафаронеро, ки ҷони худро барои ҳифзи саломатии сокинони мамлакаташон бахшидаанд, бояд қадр кард ва эътироф намуд, зеро онҳо шабу рӯз бидуни истироҳат фаъолияти меҳнатиашонро ба роҳ мондаву байни ҳаёту мамот мубориза мебаранд.

Дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» муовини аввали раиси Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили  Тоҷикистон  Исмоил Файзизода иброз намуд, ки таҷлили ин сана ба ифтихори олитарин ва арзиштарин инсонҳоест, ки меҳнати софдилонаро барои Ватанашон мекунад. Бинобар ин саҳми аҳли кормандони соҳаи тибро дар вазъияти имрӯза наметавон нодида гирифт.

«Тавре огоҳем, имрӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ки бевосита дар раванди ташхис ва табобати сирояти COVID-19 дар муассисаҳои табобатӣ ва таҳти карантин қарордодашуда иштирок менамоянд, 12,4 миллион сомонӣ (дувоздаҳ миллиону чорсад ҳазор сомонӣ) маблағ ҷудо намуданд», — гуфт И. Файззода ва даъват намуд, ки пас биёед ин ташаббуси Сарвари давлатро сармашқи кори худ қарор дода, барои кормандони соҳаи тиб ҳадди ақал коре карда бошем, чунки ин аст ҳимматӣ ва бузургии ҳар инсони соҳибхирад”.

Номбурда тазаккур дод, ки дар хатти пеши мубориза бо ин вабои аср дар ҳама зовияҳои олам табибон қарор доштанду доранд ва табиист, дар чунин ҳолатҳо, албатта, маҳз онҳо бештар байни ҳаёту мамот  талош хоҳанд намуд.

ТАБИБОН ҚУВВАТУ ДАРМОНИ ҶОНАНД! Эъто ба Рӯзи байналмилалии якдилии меҳнаткашон

Дар идомаи ин гуфтаҳо И. Файззода зикр намуд, ки омори СУТ гувоҳи ҳол аст, ки дар мубориза бо COVID-19 дар саросари ҷаҳон кормандони соҳаи тиб сирояти бештар ёфтаанду талафоти зиёдтар доштаанд. Дар баробари ин, ҳазорҳо нафар духтурон, ҳамшираҳои шафқат ва дар умум, кормандони беморхонаҳо ҳар лаҳза ба ин вирус мубтало гардидаю шумораи қурбониён аз ҳисоби кормандони тиб меафзояд.

«Дар чунин шароит мо бояд беш аз ҳар вақти дигар сарҷамъу муттаҳид бошем, содиқонаву софдилона ва поквиҷдонона заҳмат кашем, садоқату ҷавонмардӣ ва ҷоннисории худро нисбат ба Ватан, давлат ва халқамон собит намоем, меҳру муҳаббати инсониро фаромӯш насозем ва нисбат ба якдигар ғамхору меҳрубон бошем, ёдовар шуд ӯ аз суханони зимни иҷлосияи нахустини Маҷлиси миллӣ ироагардидаи Пешвои миллат ва дар пайравӣ ба онҳо илова намуд, ки пас биёед табибонро дастгирӣ намоем, зеро онҳо қуввату дармони ҷони мову шумо мебошанд».

АКСҲО аз манбаъҳои дастрас

Источник: khovar.tj