ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 ноябр, шанбе, 313-умин рӯзи соли 2019 аст

0
102

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 ноябр, шанбе, 313-умин рӯзи соли 2019 аст

9 ноябри соли 2010  дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи 29–уми Шўрои роҳбарони мақомоти амният ва хадамоти махсуси кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил суханронӣ намуданд.

***

9 сол пеш, 9 ноябри соли 2010 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Россия оид ба масъалаҳои тиҷоратию иқтисодӣ баргузор гардид

***

Дар ин рӯзи соли 2017 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди як қатор иншооти соҳаи сайёҳӣ дар ҳудуди ноҳияҳои Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ва Варзоб санги асос гузоштанд.

9 НОЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии мубориза бо фашизм  ва нажодпарастӣ.

***

Дар Камбоҷа- Рӯзи истиқлолият.

***

Дар Озарбойҷон – Рӯзи парчами давлатӣ.

 РӮЙДОДҲО:

9 ноябри соли 2008 дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон оғоз гардида, 4 рӯз идома ёфтанд.

***

9 ноябри соли 2011 масоили гуногунҷанбаи ҳамкории Тоҷикистону Чин баррасӣ гардиданд.

***

7 сол пеш, 9 ноябри соли 2012 масъалаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Туркия муҳокима шуданд.

***

9 ноябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе доираи васеи масъалаҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳои муштараки Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 дастаи  мунтахаби  то 19-солаи футболи Точикистон  таҳти роҳбарии Мубин Эргашев дар бозии охирини марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2018 дар гурӯҳи «В» дастаи мунтахаби то 19-солаи Ӯзбекистонро бо ҳисоби 1:0 шикаст дода, ба сабқати муҳташами қора роҳхати мустақим ба даст овард.

***

Як сол пеш, 9 ноябри соли 2018 зимни ҷаласаи Кумитаи дуюми Маҷмаи Умумии СММ лоиҳаи қатъномаи ҳайати Тоҷикистон таҳти унвони «Бознигарии фарогири миёнамуҳлати раванди татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» муаррифӣ карда шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 Маркази муқовимат ба терроризм, экстремизм ва сепаратизми Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода шуд.

***

63 сол муқаддам, 9 ноябри соли 1956 Ассамблеяи конститутсионии Ветнами Ҷанубӣ ба фаъолият оғоз кард.

***

Дар ин рӯзи соли 1963 дар Япония дар натиҷаи таркиши кон наздик ба 450 нафар ба ҳалокат расиданд.

***

9 ноябри соли 1992 Шартнома оид ба мусаллаҳшавии муқаррарӣ дар Аврупо ба кор оғоз кард.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

 Соли 1918 дар Франсия аввалин шумораи рӯзномаи  «Роте Фане» нашр шуд.

***

Соли 1951 ИМА аввалин маротиба санҷиши зеризаминии бомбаи атомӣ гузаронид.

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 ноябр, шанбе, 313-умин рӯзи соли 2019 астТақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ зад

Источник: khovar.tj