ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 март, душанбе, 68-умин рӯзи соли 2020 аст

0
149

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 март, душанбе, 68-умин рӯзи соли 2020 аст

9 марти соли 2010 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйири ном кард.

***

10 сол пеш, 9 марти соли 2010 Сарвари давлат  Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул барқияи ҳамдардӣ фиристоданд, ки дар он аз ҷумла омадааст: «Хабари зилзила дар музофоти Элазиг, ки боиси ҳалокати теъдоди зиёди шаҳрвандон ва хисороти бузурги моддӣ гардид, моро сахт андўҳгин намуд. Аз номи худ ва тамоми халқи Тоҷикистон ҳамдардии амиқро ба мардуми дўсти Туркия изҳор намуда, ба наздикони қурбоншудагон аз даргоҳи Худованди мутаъол сабри ҷамил хоҳонам».

***

Дар ин рӯзи соли  2011 дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода бозии ҷавобии давраи интихобии Олимпиада – 2012 Тоҷикистон-Омон сурат гирифт.

 9 МАРТ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии дидҷей.

***

Дар Белиз – Рӯзи қаҳрамонони миллӣ ва эҳсонгар.

РӮЙДОДҲО:

9 марти соли 2012 дар варзишгоҳи «Дашрат» -и Катманду бозии якуми марҳилаи ниҳоии Ҷоми даъватии Конфедератсияи Футболи Осиё миёни дастаҳои миллии Ҳиндустон ва Тоҷикистон баргузор гардид.

***

9 марти соли 2015 дар шуъбаи Венагии СММ ҷаласаи 58-уми Комиссияи СММ оид ба маводи мухаддир баргузор гардид.

***

4 сол пеш, 9 марти соли 2016 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Точикистон конфронси байналмилалии вазирон оид ба Афғонистон баррасӣ карда шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 дар шаҳри Марини Швейтсария миёни Бонки миллии Тоҷикистон ва ширкати «Металор» Шартномаи ҳамкории дуҷониба ба имзо расид.

***

102 сол муқаддам, 9 марти соли 1918 истиқлолияти Ҷумҳурии Халқии Беларус эълон карда шуд.

***

9 марти соли 1933 дар ИМА  стандарти тиллоӣ (тартиби пулӣ, дар асоси пардохти ягона дар асоси якчанд андозаи стандартикунонидаи тилло) бекор карда шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1908 клуби футболи «Интернатсионал» (Милан) таъсис дода шуд.

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 март, душанбе, 68-умин рӯзи соли 2020 астТақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ зад

Источник: khovar.tj