ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 феврал, якшанбе, 40-умин рӯзи соли 2020 аст

0
179

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 феврал, якшанбе, 40-умин рӯзи соли 2020 аст

9 феврали соли 2009 дар пойтахти Латвия- шаҳри Рига дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Латвия оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя ба имзо расид.

***

Як сол пеш, 9 феврали соли 2018 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Масҷиди марказии ҷомеи шаҳри Душанбе шинос шуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2011 дар шаҳри Душанбе масоили ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Америка дар самтҳои гуногун муҳокима гардид.

9 ФЕВРАЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии дандонпизишк.

 РӮЙДОДҲО:

9 феврали соли 2009  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба таъсис ва фаъолияти Маркази байналмилалии илмӣ-тадқиқотии «Помир -Чақалтой» — ро баррасӣ кард.

***

9 феврали соли 2010 дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Тоҷикон ва фарҳанги исломӣ» конфронси илмӣ — амалӣ баргузор гардид.

***

9 сол пеш, 9 феврали соли 2011 дар шаҳри Душанбе рӯнамоии фаъолияти Ҷамъияти саҳомии «Фонди сармоягузории мустақими Қазоқистону Тоҷикистон» баргузор гардид.

***

9 феврали соли 2016 дар шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи шуъбаи фаврӣ-ҷустуҷӯии Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

***

Дар ин рӯзи соли  2010 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия  маросими ифтитоҳи 9-умин Фестивали байналмилалии шоҳмоти кушод «Aeroflot Open 2010» оғоз гардида, 17 феврал ба анҷом расид. Ду шоҳмотбози тоҷик Фаррух Амонатов ва Соҳиб Ҷураев дар он иштирок намуданд.

***

65 сол муқаддам, 9 феврали соли 1955 дар Чин хизмати ҳарбии  ҳатмӣ ҷорӣ гардид.

***

9 феврали соли 1971 дар Лос-Анҷелес (ИМА) заминҷунбии 6,6- балла ба вуқӯъ пайваст, ки дар натиҷа 59 ҳазор нафар ба ҳалокат расида, садҳо нафар ҷароҳат бардоштанд. Инчунин он зиёда аз 1 миллиард доллари амрикоӣ хисорот расонид.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1909 аввалин маротиба дар ИМА паҳн кардани маводи мухаддир расман манъ карда шуд.

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 феврал, якшанбе, 40-умин рӯзи соли 2020 астТақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад

Источник: khovar.tj