ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 декабр, якшанбе, 342-юмин рӯзи соли 2019 аст

0
133

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 декабр, якшанбе, 342-юмин  рӯзи соли 2019 аст

8 декабри соли 2009 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи IV Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Точикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ доир гардид.

***

4 сол пеш, 8 декабри соли 2015 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба заминларзаи 7 декабр бо Раиси Вилояти  Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед ва раисони 8 шаҳру ноҳияҳои вилоят- Хоруғ, Мурғоб, Шуғнон, Роштқалъа, Ишкошим, Рӯшон, Ванҷ ва Дарвоз суҳбати телефонӣ анҷом доданд. Ба Раиси Вилояти  Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва роҳбарони шаҳру ноҳияҳои вилоят супориш дода шуд, ки аз ҳоли аҳолии осебдида пайваста бохабар бошанд ва барои ба ҷойҳои зисти муваққатӣ кӯчонидан, бо маводи озуқаворию либос ва ёрии тиббӣ таъмин намудани онҳо тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе 2»  ба истифода дода шуд.

8 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Қирғизистон – Рӯзи кормандони радио ва телевизион.

***

Дар Булғористон – Рӯзи донишҷӯён.

РӮЙДОДҲО:

8 декабри соли 2009 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи VII комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор гардид.

***

8 декабри соли 2010 вакилони Парлумони Тоҷикистон якдилона лоиҳаи Қонуни ҶТ  «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 Фестивали тобистонаи Душанбе-«Dushanbe Summer Fest»-2018,   ки рӯзҳои 18 ва 19 августи соли равон  бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  дар пойтахт баргузор гардида буд,   сазовори  медали нуқра-   мукофоти байналмилалӣ дар соҳаи  баргузориии чорабинӣ  ва рӯйдодҳои маркетингии  Осиёи Марказӣ   («Event Awards Central Аsia»)  гардид.

***

70 сол муқаддам, 8 декабри соли 1949 СММ аз абарқудратон даъват ба амал овард, то истиқлолияти сиёсии Чинро эътироф кунанд.

***

Дар ин рӯзи соли 1974 дар раъйпурсӣ аксарияти аҳолии Юнон бар зидди барқарор намудани сохти монархӣ дар мамлакат овоз доданд.

 ***

8 декабри соли 1955 Ассамблеяи парлумонии Шӯрои Аврупо парчами расмии ин ниҳодро тасдиқ кард, ки он минбаъд чун мерос ба Иттиҳоди Аврупо гузашт.

***

30 сол пеш аз ин, 8 декабри соли 1988 Ассамблеяи Генералии СММ қатъномаи худро  дар бораи расонидани кумаки байналмилалӣ ба ҷабрдидагони офатҳои табиӣ ва фалокатҳо қабул намуд.

***

8 декабри соли 1992 Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон қабул гардидааст.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2010 дар доираи амалигардонии дастури президентҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон ва Россия дар шаҳри Москваи Федератсия Россия аввалин вохӯрии роҳбарони идораҳои зидди маводи мухаддири ин давлатҳо баргузор гардид.

***

Соли 1972 дар натиҷаи садамаи аввалини Boeing 737 дар Чикаго қариб 50 нафар одамон ба ҳалокат расиданд.

 ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 декабр, якшанбе, 342-юмин  рӯзи соли 2019 астТақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ зад

Источник: khovar.tj