ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 май, чоршанбе, 127-умин рӯзи соли 2020 аст

0
155

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 май, чоршанбе, 127-умин рӯзи соли 2020 аст

6 майи соли 2014 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, ки бо сафари расмӣ ба шаҳри Душанбе ташриф оварда буд, бо рафти сохтмону таҷҳиз ва ороиши Маркази фарҳангию фароғатии «Кохи Наврӯз» шинос шуданд.

***

11 сол пеш, 6 майи соли 2009 ҷилди сеюми кори илмӣ-бунёдии «Очеркҳои таърих ва назарияи фарҳанги халқи тоҷик нашр шуд».

***

Дар  ин рӯзи соли 2017 Намоиши ҷумҳуриявии мошинҳои нодиру эксклюзивӣ ва мототсиклҳо «Авто Ретро-Душанбе»  баргузор гардид.

6 МАЙ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар ИМА —  Рӯзи ҳамшира.

***

Дар Булғористон – Рӯзи артиш.

РӮЙДОДҲО:

6 майи соли 2009 Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи дар шаҳри Душанбе таъсис додани филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов» фармон имзо намуданд.

***

6 майи соли 2009 дар факултаи шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маркази фарҳанги Покистон ифтитоҳ гардид.

***

10 сол пеш, 6 майи соли 2010 дар шаҳри Душанбе корхонаи муштараки Тоҷикистону Россия – Ҷамъияти муштараки масъулияташ маҳдуди «Душанбе-Текс», ки ба коркарди нахи пахта махсус гардонида шудааст,  ба фаъолият шурӯъ кард.

***

6 майи соли 2010 Шӯрои иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ барои татбиқи лоиҳаи ёрии таъҷилӣ дар барқарорсозии бахши энергетикӣ дар Тоҷикистон гранти иловагиро дар ҳаҷми 15 миллион доллари ИМА тасдиқ намуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 58-уми Шӯрои нақлиёти роҳиоҳании давлатҳои аъзои ИДМ баргузор гардид.

***

6 майи соли 2014 дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе миёни Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Петрозаводи Федератсияи Россия шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.

***

6 майи соли 1993 Шӯрои Амнияти СММ дар бораи таъсис додани «Минтақаҳои бехатар» дар Сараево, Тузл, Зеп,  Гораҷ ва Сребренитса дар ҳудуди Босния ва Гертсеговина эълон намуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2009 Федератсияи байналмилалии футбол рейтинги нави дастаҳои мунтахаби футболро нашр намуд, ки дар он дастаи  мунтахаби Тоҷикистон миёни 207 дастаи олам мақоми 147-ро касб намуд.

***

Соли 1835 аввалин шумораи рӯзномаи америкоии «Ню-Йорк гералд» нашр шуд.

 

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 май, чоршанбе, 127-умин рӯзи соли 2020 астТақвими моро дар ин гӯша
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад

Источник: khovar.tj