ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 май, душанбе, 125-умин рӯзи соли 2020 аст

0
134

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 май, душанбе, 125-умин рӯзи соли 2020 аст

4 майи соли 2012 дар шаҳри Душанбе дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо гурӯҳи вакилони Парлумони Аврупо оид бо кишварҳои Осиёи Марказӣ масоили вобаста ба ҳамкории Тоҷикистон бо Парлумон ва дигар сохторҳои Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуд.

***

8 сол пеш, 4 майи соли 2012 дар шаҳри Душанбе масоили вобаста ба муносиботи дӯстона ва ҳамкории судбахши Тоҷикистон ва Шоҳигарии Белгия баррасӣ гардид. 

 ***

Дар ин рӯзи соли 2013 дар шаҳри Душанбе Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Роҳбари Намояндагии доимии Хазинаи Оғохон дар Тоҷикистон Акбаралӣ Песнани ҷараёни ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Оғохон оид ба рушд ва дурнамои муносиботи судбахшро муҳокима намуданд.

4 МАЙ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Латвия – Рӯзи барқарорсозии истиқлолият.

***

Дар Чин – Рӯзи ҷавонон.

РӮЙДОДҲО:

4 майи соли 1992 дар шаҳри Душанбе Сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.

***

9 сол пеш, 4 майи соли 2011 дар Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон маросими баимзорасии Созишнома миёни федератсияҳои Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон, Қирғизистон ва Қазоқистон дар бораи муҳоҷират баргузор гардид.

***

4 майи соли 2017 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши «Дар мубориза бо миллатгароӣ мо якҷо будем» баргузор гардид.

***

4 майи соли 1939 Иттифоқи композиторони Қазоқистон таъсис дода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1910 Флоти ҳарбӣ-баҳрии Канада созмон ёфт.

***

71 сол муқаддам, 4 майи соли 1949 дар садамаи ҳавопаймоӣ ҳайати дастаи футболи «Торино»-и Италия ҳалок гардид.

 ***

4 майи соли 1993 Конститутсияи Қирғизистон қабул гардидааст.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2018 Эъломияи душанбегии Конфронси байналмилалии сатҳи баланди «Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез» /3-4 майи соли 2018, ш. Душанбе/ қабул гардид.

***

Соли 2018 Тоҷикистон ва Қазоқистон сатҳи нави ҳамкориро дар самти муҳоҷират муҳокима намуданд.

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 май, душанбе, 125-умин рӯзи соли 2020 астТақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ зад

Источник: khovar.tj