ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 апрел, панҷшанбе, 121- умин рӯзи соли 2020 аст

0
128

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 апрел, панҷшанбе, 121- умин рӯзи соли 2020 аст

30 апрели соли 2014 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020-ро тасдиқ намуд.

***

5 сол пеш, 30 апрели соли 2015 зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Бонки миллии Швейтсария Томас Йордан масоили вобаста ба ҳамкории бисёрҷанбаи Тоҷикистону Швейтсария баррасӣ шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 Бонки ҷаҳонӣ рейтинги кишварҳои ҷаҳон аз рӯи фоизи истеҳсоли неруи барқ аз сарчашмаҳои барқароршавандаи энергияро нашр намуд, ки Тоҷикистон дар он мақоми 6-умро касб кард.

30 АПРЕЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи умумиҷаҳонии ҷаз.

***

Рӯзи сӯхторхомӯшкунандагон дар Россия.

РӮЙДОДҲО:

30 апрели соли 1949 Неругоҳи барқи обии «Варзоби Поён» ба кор даромад.

***

30 апрели соли 1963 истгоҳи нави Роҳи оҳани «Душанбе» ба кор оғоз намуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 дар Душанбе ҷаласаи 11-уми Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ доир шуд.

***

30 апрели соли 2014 дар шаҳри Ар-Риёз Форуми байналмилалии иқтисодии «Лигаи давлатҳои араб + Осиёи Марказӣ + Озарбойҷон» ба кори худ оғоз намуд.

***

5 сол пеш, 30 апрели соли 2015  дар шаҳри Душанбе ҳамкории гуногунҷанбаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ИМА муҳокима шуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 дар Душанбе созишномаи грантӣ оид ба беҳтар намудани бехатарии ҳаракат дар роҳҳо ба имзо расид.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1789  Ҷорҷ Вашингтон бо ҷонибдории ҳамаи овозҳо аввалин президенти ИМА интихоб шуд.

***

Соли 1939 намоишгоҳи баналмилалии саноатӣ дар шаҳри Ню-Йорк ифтитоҳ гардид.

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 апрел, панҷшанбе, 121- умин рӯзи соли 2020 астТақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ зад

Источник: khovar.tj