ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 май, ҷумъа, 150-умин рӯзи соли 2020 аст

0
44

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 май, ҷумъа, 150-умин рӯзи соли 2020 аст

29 майи соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  дар робита ба садамаи қатораҳои мусофиркашон, ки сабаби  талафоти бузурги ҷониву хисороти бузурги молӣ гашт, ба Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пратибха Патил барқияи тасаллият ирсол намуданд.

***

8 сол пеш, 29 майи соли 2012 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 20–солагии барқарор гардидани муносибатҳои дипломатии байни ду давлат ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев барқияи табрикотӣ ирсол карданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 дар Душанбе саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин дар таъмини амният ва субот дар марзҳои ҷануби ИДМ баррасӣ гардид.

 29 МАЙ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Дар Ҷумҳурии Доминикан —  Рӯзи модар.

***

 Рӯзи автомобилронони ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Россия.

***

Дар Ҷумҳурии Қирғизистон — Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ.

РӮЙДОДҲО:

29 майи соли 1992 муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Озарбойҷон барқарор карда шуданд.

***

11 сол қабл, 29 майи соли 2009 дар шаҳри Душанбе вохӯрии навбатии Гуфтугӯи минтақавии сиёсӣ байни сегонаи Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ бо иштироки вазирони корҳои хориҷии ин кишварҳо баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 «Стратегияи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2020» қабул гардид.

***

29 майи соли 2015 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе дастаҳои футболи «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» байни ҳам қувваозоӣ намуданд.

***

Як сол пеш, 29 майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе Конференсияи шашуми ҳамкории минтақавии Россия ва Тоҷикистон доир шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1923 Иттифоқи ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмари Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис ёфтааст.

***

29 майи соли 2002 Ассамблеяи генералии СММ қатънома қабул намуд, ки тибқи он имрӯз дар тамоми ҷаҳон Рӯзи байналмилалии сулҳофарон ҷашн гирифта мешавад.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1964 Никита Хрушёв эълон намуд, ки Иттиҳоди Шӯравӣ барои аксбардории ҳудуди ИМА аз спутник-ҷосус истифода мебарад.

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 29 май, ҷумъа, 150-умин рӯзи соли 2020 астТақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад

Источник: khovar.tj