ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 апрел, якшанбе, 117- умин рӯзи соли 2020 аст

0
107

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 апрел, якшанбе, 117- умин рӯзи соли 2020 аст

26 апрели соли 2012 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Сафири нави Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Тоҷикистон Аббосалӣ Карим уғлу Гасанов ва Сафири нави Британияи Кабир дар Тоҷикистон Робин Ҷереми Орд- Смит эътимоднома қабул намуданд.

***

7 сол пеш, 26 апрели соли 2013 Сарвари давлати муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон мушовири давлатии Конфедератсияи Швейтсария Айвес Россиераро ба ҳузур пазируфтанд.

***

Дар ин рӯзи соли 2018  масоили рушди ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Чин муҳокима карда шуданд.

26 АПРЕЛ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи байналмилалии поси хотири қурбониёни садамаи Чернобил.

***

Рӯзи умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ.

РӮЙДОДҲО:

26 апрели соли 2001 мулоқоти Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли САҲА Ян Кубиш доир гардид.

***

6 сол пеш, 26 апрели соли 2014 дар Москва мулоқоти Иттиҳоди ташхисгарон дар мавзӯи «Коҳиши сатҳи ҷиноят дар сафи ҷавонон тавассути паст кардани талаботи маводи нашъаовар дар асоси офият ва аз нав иҷтимоигардонии истеъмолкунандагони маводи нашъаовар» баргузор гардид.

***

26 апрели соли 2010 дар шаҳри Душанье консерт бо иштироки ҳунармандони санъати мусиқии ИДМ бахшида ба 65-солагии Ғалаба дар  Ҷанги дуюми ҷаҳон доир гашт.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 масоили рушди минбаъдаи ҳамкории шарикии стратегӣ ва дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон, инчунин дурнамои ояндаи он муҳокима шуданд.

***

26 апрели соли 2018 гуфтушуниди сиёсии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон доир шуд.

***

26 апрели соли 1986 дар Неругоҳи ҳастаии Чернобил садама ба амал омад, ки дар таърих  садамаи мудҳиштарини ядроӣ  маҳсуб мешавад.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1991 дар Рига Фестивали байналмилалии нахустини ҳаҷв ва зарофатгӯӣ кушода шуд.

***

Соли 1921 дар Лондон аввалин полиси патрул (бо мошин) пайдо шуд.

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 апрел, якшанбе, 117- умин рӯзи соли 2020 аст Тақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ зад

Источник: khovar.tj