ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 май, якшанбе, 145-умин рӯзи соли 2020 аст

0
123

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 май, якшанбе, 145-умин рӯзи соли 2020 аст

24 майи соли 1993 Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  нахустин  бор бо сафари расмӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия рафтанд.

***

11 сол пеш, 24 майи соли 2009 дар шаҳри Душанбе бо иштироки  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маросими пешвозгирии расмии Президенти вақти Хорватия Степан Месача баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 дар Беларус бо қарори Шӯрои илмӣ Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо унвони «Профессори фахрии Донишгоҳи Давлатии Беларус» сарфароз гардонда шуданд.

24 МАЙ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Рӯзи байналмилалии мамнӯъгоҳҳо.

***

Дар Россия — Рӯзи кормандони шуъбаи кадрҳо.

 ***

Дар Эритрея – Рӯзи истиқлолияти давлатӣ.

 РӮЙДОДҲО:

24 майи соли 1032 нахустин маротиба донишманд ва мутафаккири барҷастаи тоҷик Абӯалӣ ибни Сино аз гардиши  Зуҳра дар атрофи Офтоб хабар дод.

***

24 майи соли 2001 дар Минск вохӯрии 10-уми Шӯрои роҳбарони  сохторҳои амниятӣ ва хадамоти махсуси давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои  роҳандозӣ кардани чорабиниҳои муштараки фаврӣ- ҷустуҷӯӣ нисбат ба ҷамъиятҳои муташаккилонаи фаромиллии ҷиноятӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

***

11 сол қабл, 24 майи соли 2010 дар шаҳри Душанбе конфронси илмӣ-байналмилалӣ барои ҷавонони тарҷумони асарҳои бадеии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

***

24 майи соли 2011 дар Тоҷикистон аввалин маротиба дар Осиёи Марказӣ Маркази пайвандсозии узвҳо ва бофтаҳои бадани одам ба фаъолият шурӯъ кард.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 миёни Тоҷикистон ва Беларус 10 ҳуҷҷати байнидавлатӣ имзо шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1844  телеграфи Морзе (содатарин асбоби  фиристодани сигналҳо) аввалин барқияро аз Вашингтон ба Балтимор равон кард.

***

Соли 1925 нахустин шумораи рӯзномаи «Комсомолская правда» нашр шудааст, ки он дар замони собиқ Иттиҳоди Шуравӣ миллионҳо нусха чоп  мешуд ва яке аз рӯзномаҳои бонуфузтарини собиқ СССР буд.

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 май, якшанбе, 145-умин рӯзи соли 2020 астТақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад

Источник: khovar.tj