ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, якшанбе, 356-умин рӯзи соли 2019 аст

0
140

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, якшанбе, 356-умин рӯзи соли 2019 аст

22 декабри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони бонкҳо ва вазорату идораҳои соҳаи иқтисод ва молияи мамлакат оид ба омода кардан ва ба фурӯш баровардани саҳмияҳои Неругоҳи барқи обии “Роғун” машварати корӣ доир намуданд.

***

3 сол пеш, 22 декабри соли 2016 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми навбатии ҳарсолаи худ ба Парлумони мамлакат муроҷиат намуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 Сарвари давлат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия сафар карданд.

 22 ДЕКАБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи энергетика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

***

Рӯзи мотами миллии Мексика.

 ***

Рӯзи модар дар Индонезия.

***

Рӯзи миллии математика дар Ҳиндустон.

 РӮЙДОДҲО:

22 декабри соли 2008 дар шаҳри Москваи ФР дар мавзӯи «Нақш ва мавқеи созмонҳои ҷамъиятии миллӣ дар сохтори ҷомеаи шаҳрвандии Россия» бахшида ба 10—солагии Қасри миллатҳои Москва ва солгарди навбатии таъсиси созмони ҷамъиятии «Иттифоқи тоҷикистониёни Россия» ҷамъомад баргузор гардид.

***

22 декабри соли 2010  дар палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон  Конвенсияи  байни Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Конфедератсияи  Швейтсария  оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата  нисбат ба андозҳо аз даромад ва сармоя тасдиқ гардид.

***

9 сол пеш аз ин, 22 декабри соли 2010 дар шаҳри Истанбули Туркия бо иштироки роҳбарон ва соҳибкорони ду мамлакат Форуми иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Туркия баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2011 дар шаҳри Душанбе дар мавзӯи «20 соли равандҳои ҳамгироӣ дар фазои ИДМ» конфронси байналмилалӣ баргузор гардид.

***

22 декабри соли 2014 вакилони Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак»-ро муҳокима намуданд.

***

102 сол муқаддам, 22 декабри соли 1917 ворид кардани нӯшокиҳои спиртдор ба Канада манъ карда шуд.

***

22 декабри соли 2009 Сербия барои ворид шудан ба Иттиҳоди Аврупо ариза пешниҳод намуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

 Соли 1857 дар Россия нахустин маротиба марка барои мактубҳо ба фурӯш бароварда шуд.

***

Соли 1990 аввалин ҳизби мухолифи Туркманистон  — Ҳизби демократӣ  таъсис дода шуд.

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 декабр, якшанбе, 356-умин рӯзи соли 2019 астТақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ зад

Источник: khovar.tj