ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 январ, якшанбе, 19-умин рӯзи соли 2020 аст

0
350

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»:  имрӯз 19 январ, якшанбе, 19-умин рӯзи соли 2020 аст

19 январи соли 1936 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳияҳои Хуҷанд ва Қумсангир таъсис дода шуданд.

***

7 сол пеш, 19 январи соли 2013 дастаи наврасони Тоҷикистон (U-21) дар даври аввал- гурӯҳи «А»-и мусобиқаи «Ҷоми Иттиҳод» дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия дастаи Эстонияро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард.

19 ЯНВАР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

 Дар Беларус – Рӯзи наҷотдиҳандагон.

***

Дар Исландия – Рӯзи ҳамсар.

РӮЙДОДҲО:

 19 январи соли 2010 дар шаҳри Душанбе Маркази нави омӯзишӣ дар назди Институти такмили ихтисос барои кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2017 дар арафаи 25-солагии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон медали «25-солагии Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсис дода шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 1903  дар Франсия дар бораи баргузор намудани аввалин пойгаи велосипедронӣ — «Тур де Франс» эълон ба нашр расид.

***

19 январи соли 1992 99% — и аҳолии Осетияи Ҷанубӣ дар раъйпурсӣ барои ҷудо шудан аз Гурҷистон овоз доданд.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ …

Соли 2018 Дастаи мунтахаби Тоҷикистон  дар рейтинги нави ФИФА зинаи 126-умро соҳиб гардид.

***

 Соли  2016 дар Япония дар синни 112 куҳансолтарин сокини сайёра Ясутаро Коидэ вафот кард.

 ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»:  имрӯз 19 январ, якшанбе, 19-умин рӯзи соли 2020 астТақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ мезанад

Источник: khovar.tj