ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 ноябр, сешанбе, 316-умин рӯзи соли 2019 аст

0
132

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 ноябр, сешанбе, 316-умин рӯзи соли 2019 аст

12 ноябри соли 2015 дар қароргоҳи Президенти Покистон маросими супоридани унвони фахрии «Доктори фалсафа ва иқтисод»-и Донишгоҳи Қоиди Аъзам ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ баргузор гардид.

***

10 сол қабл, 12 ноябри соли 2009 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодии Тоҷикистон ва Туркманистон доир шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 «Боғи миллии Тоҷикистон» ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардид.

12 НОЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо бемории илтиҳоби шуш.

***

Дар Ҷумҳурии Озарбойҷон – Рӯзи Конститутсия.

РӮЙДОДҲО:

 12 ноябри соли  2014 ба дастаи «Истиқлол»-и Душанбе Ҷоми қаҳрамонӣ барои ғалаба дар Чемпионати Тоҷикистон-2014 супорида шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2015 Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика ба имзо расид.

***

12 ноябри соли 2015 дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Тоҷикистон-2030: дар самти рушди устувори инсоният» Симпозиуми байналмилалии илмӣ –оммавӣ баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2018 байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва некӯаҳволии Корея ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

***

35 сол қабл, 12 ноябри соли 1984 дар шаҳри Аддис-Абебаи Эфиопия конфронси Созмони ваҳдати Африқо дар сатҳи роҳбарони кишварҳо баргузор гардида буд.

***

12 ноябри соли 1993 дар Ӯзбекистон асъори нав-сом ба муомилот бароварда шуд.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 2015 дар шаҳри Исломобод ҷаласаи якуми Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Покистон баргузор гардид.

***

Соли 1970  дар Ҳиндустон ва Покистон дар натиҷаи шадидтарин тундбоди асри XX зиёда аз 500 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.

 ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 ноябр, сешанбе, 316-умин рӯзи соли 2019 астТақвими моро дар ин гӯша

шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ зад

Источник: khovar.tj