ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 ноябр, ҷумъа, 305-умин рӯзи соли 2019 аст

0
151

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 ноябр, ҷумъа, 305-умин рӯзи соли 2019 аст

1 ноябри соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба истифода додани Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ношунаво дар ноҳияи Рӯдакӣ иштирок намуданд.

***

11 сол қабл, 1 ноябри соли 2007  сомонаи интернетии Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин www.tajikembassychina.com фаъол карда шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2011 меҳмонхонаи панҷситорадори «Серена»-и Душанбе мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

1 НОЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Дар Ҷумҳурии Того – Рӯзи ёдгорӣ.

***

Дар Либерия — Рӯзи миннатдорӣ.

РӮЙДОДҲО:

1 ноябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе машварати навбатии кории коршиносони дастгоҳҳои шӯроҳои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия баргузор гардид.

***

1 ноябри соли 2017 Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва Туркманистон баргузор гардид.

***

124 сол муқаддам, 1 ноябри соли 1895 дар Петербург «Иттифоқи мубориза барои озодкунии синфи коргар» таъсис дода шуд.

***

1 ноябри соли 1897 дар шаҳри Турини Италия клуби футболи «Ювентус» таъсис ёфт.

***

Дар ин рӯзи соли 1938 Ҳукумати Мексика ба кишвараш аз Германия ворид шудани яҳудиёни гурезаро  манъ кард.

***

1 ноябри соли 1944 Агентии иттилоотии Япония «Киодо Тсусин» таъсис дода шуд.

***

1 ноябри соли 1993 Туркманистон асъори рублро бекор карда, асъори худ- манатро ҷорӣ намуд.

 ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1929 аввалин шумораи рӯзномаи «Советский Таджикистан» (ҳоло «Народная газета») нашр шуд.

 ***

Соли 2010  дар шаҳри Душанбе аввалин намояндагии дипломатии кишварҳои арабӣ – Сафорати Арабистони Саудӣ ифтитоҳ гардид.

 

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 ноябр, ҷумъа, 305-умин рӯзи соли 2019 аст Тақвими моро дар ин гӯша
шореҳ Шукӯҳи ДАЛЕР варақ зад

Источник: khovar.tj