Тақвияти муносибатҳои дуҷониба бо кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо дар бахши сайёҳӣ дар Душанбе баррасӣ гардид

0
83

Тақвияти муносибатҳои дуҷониба бо кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо дар бахши сайёҳӣ дар Душанбе баррасӣ гардид

 ДУШАНБЕ, 04.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Тақвияти муносибатҳои дуҷониба бо кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо дар бахши сайёҳӣ дирӯз зимни мулоқоти Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширин Амонзода бо Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон хонум Мэрилин Ҷозефсон мавриди баррасӣ қарор гирифт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳӣ.

Бино ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот оид ба раванди рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт маълумот дода шуд.

Ҳамчунин раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ тақвияти муносибатҳои дуҷониба бо кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупоро дар бахши сайёҳӣ, аз ҷумла сайёҳии солимгардонию табобатӣ, мубодилаи таҷриба бо кишварҳои узви иттиҳод ва роҳҳои ба сатҳи сифатан нав баровардани ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳиро дар заминаи татбиқи Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мавриди баррасӣ қарор дод.

Источник: khovar.tj