Таҳти шиори «Барои зиндагии шоиста» ба 1100 оилаи камбизоати шаҳри Душанбе кумак расонида шуд

0
57

Таҳти шиори   «Барои зиндагии шоиста»   ба 1100  оилаи камбизоати шаҳри Душанбе кумак расонида шуд

ДУШАНБЕ, 23.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи моҳи шарифи  Рамазон ба беш аз 1100  оилаи камбизоат ва маъюб, инчунин омӯзгорону кормандони бахшҳои техникии муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонии ноҳияи Шоҳмансур маводи мавриди ниёзи аввал, аз қабили орд, равған, шакар, биринҷ, макарон ва ғайра  кумак расонида шуд.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ин иқдом  тибқи дастуру ҳидоятҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои муассири Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар самти беҳтар намудани вазъи некуаҳволии сокинони пойтахт аз ҷониби соҳибкори ватанӣ, роҳбарияти ҶДММ «Сарманзил-2012»,  вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмудҷон Муродов сурат гирифт.

Дар доираи ин амали эҳсонкорона 101 нафар омӯзгорону кормандони Мактаб-интернати рақами 1 барои кӯдакони ятими шаҳр, 150 нафар омӯзгорону кормандони МТМУ №55 ва 55 нафар омӯзгорону кормандони МТМУ №39, инчунин истиқоматкунандагони кӯчаву маҳаллаҳои Камоли Хуҷандӣ, Восифӣ, Шоҳмансур-1, Роҳи оҳанчиён, Бедил, Барно, Чиноро-1, Саноат, Айнӣ-16- и шаҳри Душанбе  аз ин кумакҳо бархурдор шуданд.

Кумакро, ки аз маводи мавриди ниёзи аввал  иборат буд, намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шоҳмансур  зери шиори ҲХДТ «Барои зиндагии шоиста» ба оилаҳои камбизоату маъюб дастрас карданд.

Масъулини КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе изҳор доштанд, ки шиори «Барои зиндагии шоиста»-ро тавассути ҷалби афроди саховатпеша ба дастгирии табақаи ниёзманди ҷомеа дар  оянда  ба як ҳаракати фаъол табдил хоҳанд дод.

Зимни дастрас намудани маводи кумакшуда ба сокинон, масъулони КИ ҲДТ дар шаҳри Душанбе бо сокинон суҳбат намуда, чунин амалҳоро идомаи татбиқи амалии сиёсати инсондӯстонаи роҳбарияти  олии давлату ҳукумат арзёбӣ карданд.

Бо инобати авзои кунунии ҷомеаи ҷаҳон, дасти кумак дароз намудан ба табақаи эҳтиёҷманди аҳолӣ тадбири саривақтӣ маҳсуб мешавад. Ҳамзамон зикр гардид, ки давлату ҳукумат дар доираи сиёсати иҷтимоии худ ғамхорӣ нисбат  ба  табақаи эҳтиёҷманди аҳолиро идома медиҳад.

Аснои суҳбат бо сокинон ҳамзамон гуфта шуд, ки онҳо  бояд  ба ҳар гуна овозаҳои беасос дода нашаванд ва танҳо ба  маълумоти расмӣ такя кунанд. Зеро дар асл пинҳон доштани ҳар гуна маълумот вобаста ба бемории коронавирус ба манфиати миллат  нахоҳад буд.

Дар ин робита ва ҷиҳати тақвияти тадбирҳои вобаста ба пешгирии ин беморӣ дар  мамлакат дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақами 55, 39 ва Мактаб-интернати рақами 1 барои кӯдакони ятими шаҳри Душанбе варақаҳои иттилоотӣ бо навиштаҷоти тадбирҳои вобаста ба пешгирии бемории  коронавирус миёни устодону хонандагон тақсим карда шуд.

Таҳти шиори   «Барои зиндагии шоиста»   ба 1100  оилаи камбизоати шаҳри Душанбе кумак расонида шудАз ҷониби соҳибкор дар умум 400 ҳазор дона чунин варақаҳои таблиғотӣ ҷиҳати маълумотнокгардонии аҳолӣ ва 1000 дона ниқобҳои тиббӣ ба раёсатҳои тандурустӣ ва маориф, инчунин дигар зерсохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои миёни кормандон тақсим намудан дастрас карда шуд.

Соҳибкор ва вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмудҷон Муродов ҳамчун ҷонибдорӣ аз сиёсати инсондӯстонаи Пешвои миллат ва Раиси шаҳри Душанбе ба кормандони бахшҳои коммуналии ноҳияҳои шаҳри Душанбе ҳам чунин кумакҳо расонид.

Аснои қабули кумакҳо сокинон азри сипосу миннатдории худро ба Президенти мамлакат ва соҳибкор ҷиҳати чунин кумакҳо расониданд.

Албатта, чунин амалҳои хайру сахо метавонанд намунаи ибрат ба дигар вакилону соҳибкороне шаванд, ки имкони кумак кардан ба ашхоси ниёзманду маъюбро доро ҳастанд. Бо иҷрои ин амал онҳо метавонанд дар беҳбуд ёфтани вазъи некуаҳволии мардум саҳм бигиранд.

Таҳти шиори   «Барои зиндагии шоиста»   ба 1100  оилаи камбизоати шаҳри Душанбе кумак расонида шуд Таҳти шиори   «Барои зиндагии шоиста»   ба 1100  оилаи камбизоати шаҳри Душанбе кумак расонида шуд Таҳти шиори   «Барои зиндагии шоиста»   ба 1100  оилаи камбизоати шаҳри Душанбе кумак расонида шуд Таҳти шиори   «Барои зиндагии шоиста»   ба 1100  оилаи камбизоати шаҳри Душанбе кумак расонида шуд Таҳти шиори   «Барои зиндагии шоиста»   ба 1100  оилаи камбизоати шаҳри Душанбе кумак расонида шуд

Источник: khovar.tj