Таҳти раёсати муовини Сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии рушди маориф баргузор гардид

0
216

Таҳти раёсати муовини Сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии рушди маориф баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 01.11.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ҷаласаи навбатии Шӯрои милли рушди маорифи назди Ҳукумати мамлакат баргузор шуд.

Дар кори он аъзои Шӯро, сардорони раёсатҳои маорифи вилоятҳои Суғду Хатлон ва роҳбарони сохторҳои марбутаи Вазорати маориф ва илм иштирок карданд.

Тибқи нақшаи кории Шӯрои миллии рушди маориф дар нимсолаи дуюми соли 2019, дар ҷаласаи навбатӣ масъалаҳои «Нақши кабинетҳои методии раёсат ва шуъбаҳои маориф, шӯро ва иттиҳодияҳои методии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар такмили маҳорати касбии омӯзгорон» ва «Нақши курсҳои такмили ихтисос дар баландбардории малакаи касбии омӯзгорон: мушкилот ва дурнамо» мавриди баррасӣ ва муҳокимаи ҳамаҷониба қарор гирифтанд.

Дар асоси рӯзномаи ҷаласа гузоришҳои директори Маркази таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Шермуҳаммад Ёрмуҳаммадзода ва ректори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф Хоналӣ Қурбонзода шунида шуд.

Зимни муҳокимаи масъалаҳои мазкур раиси Шӯрои миллии рушди маориф Азим Иброҳим диққати ҳозиринро ба мушкилоти мавҷудаи соҳаи маориф, аз ҷумла фаъолияти нокифояи кабинетҳои методии раёсат ва шуъбаҳои маорифи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, шӯро ва иттиҳодияҳои методии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки метавонанд дар такмили маҳорати касбии омӯзгорон саҳми муассир гузоранд, ҷалб карда, нақши ташкил ва баргузории курсҳои такмили ихтисосро дар ин самт муҳим арзёбӣ намуд.

Таъкид гардид, ки баланд бардоштани сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ аз ҳар як омӯзгор маҳорату малака ва донишу қобилияти муосирро тақозо карда, барои пурра ҷорӣ кардани таҳсилоти салоҳиятнок такмили ихтисоси мунтазами омӯзгорон зарур мебошад.

Дар ин ҷода, ҷиҳати иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди соҳаи маориф тақвияти мавқеъ ва нуфузи омӯзгор дар ҷомеа, истифодаи таҷрибаи пешқадам, ба роҳ мондани усулҳои ҷолибу муосири таълим, истифодаи мақсадноки технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, бартараф намудани норасоии кадрҳо, дарёфти роҳҳои нави ҳавасмандгардонӣ, таъмин кардани шароити мусоид барои фаъолияти босамари кабинетҳои методии раёсат ва шуъбаҳои маорифи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, шӯро ва иттиҳодияҳои методии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ муҳим дониста шуд.

Вобаста ба мавзӯъҳои мавриди назар аъзоёни Шӯро, сардорони раёсатҳои маорифи вилоятҳои Суғду Хатлон ва дигар иштирокчиён баромад карда, фикру андешаҳои хешро манзур намуданд.

Дар фароварди ҷаласа муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим дар назди роҳбарияти Вазорати маориф ва илм, намояндагони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, ки аъзои доимии Шӯрои миллии рушди маориф мебошанд, вазифаҳои мушаххас гузошт.

Ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии рушди маорифи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қарорҳои дахлдор ба анҷом расид.

Таҳти раёсати муовини Сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии рушди маориф баргузор гардид Таҳти раёсати муовини Сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим ҷаласаи навбатии Шӯрои миллии рушди маориф баргузор гардид

Источник: khovar.tj