Таҳти раёсати Давлаталӣ Саид ҷаласаи ҳаштуми Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ баргузор гардид

0
201

Таҳти раёсати Давлаталӣ Саид ҷаласаи ҳаштуми Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 27.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҳаштуми Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ таҳти раёсати муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯро Давлаталӣ Саид баргузор гардид. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар»  иттилоъ  медиҳад.

Дар ҷаласаи мазкур   муовини якуми Cарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ Давлаталӣ Саид, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини Раиси Шӯро Фаррух Ҳамрализода ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.

Таҳти раёсати Давлаталӣ Саид ҷаласаи ҳаштуми Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ баргузор гардидДар ҷаласа гузоришҳо оид ба ҷараёни иҷрои Протоколи №6 ва 7-и Шӯрои мазкур оид ба рафти санҷишҳои гузаронидаи мақомоти санҷишӣ ва татбиқи қонунгузории мараторий ба санҷишҳо дар 9 моҳи соли равон, баррасии номгӯи меъёрҳои арзёбии дараҷаи таваккали субъектҳои хоҷагидор, номгӯи масъалаҳои назорати мақомоти санҷишӣ ва нақшаҳои гузаронидани санҷишҳо барои соли 2020, ки аз ҷониби мақомоти санҷишӣ барои мувофиқа ба Шӯро пешниҳод гардиданд, мавриди баррасӣ қарор дода  шуданд.

                                                                               АКСҲО аз бойгонӣ

 

Источник: khovar.tj