Таҳорат кунед: муқовимат бо “вируси тоҷдор” дар тафсири Шӯрои уламои Тоҷикистон

0
165

Таҳорат кунед: муқовимат бо “вируси тоҷдор” дар тафсири Шӯрои уламои Тоҷикистон

Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон муқовимат бо “вируси тоҷдор” – ро масъулияти имондорӣ хонда, аз мардуми кишвар хостааст, ки нисбати вазъияти пешомада дар робита бо густариши ин вирус бетаваҷҷуҳ набошанд

 ДУШАНБЕ, 4 марта – Sputnik. Ин нукта зимни муроҷиатномаи ин ниҳод ба мардуми Тоҷикистон зикр мешавад, ки бино ба он, намозгузории дастаҷамъона дар масҷидҳои кишвар ба хотири ҷилавгирӣ аз сироятёбӣ ва густариши вируси мазкур муваққатан қатъ карда мешавад.

Шӯрои уламои Тоҷикистон дар қатори ташаннуҷи вазъ дар саросари ҷаҳон ва гирифтории беш аз 90 ҳазор нафар ба “вируси тоҷдор” далоилеро ҳам аз аҳодиси Паёмбари ислом (с) дар мавриди бархӯрд бо маризиҳои сироятӣ ва роҳҳои ҷилавгирии онҳо ироа кардааст. Ин ниҳод мегӯяд, инсоният дар тӯли таърихи зиндагӣ чунин фоҷеаҳову офатҳоро борҳо аз сар гузарондааст ва шариати ислом дар чунин ҳолатҳо ба мардум тавсияҳои мушаххас додааст.

“Аз Расули Акрам (с) ривоят аст, ки фармуданд: “Чун шунидед, ки дар сарзамине тоун пайдо шудааст, ба он ҷо ворид нашавед ва агар ин тоун дар сарзамине зуҳур кард ва шумо дар он ҷо бошед, пас аз он ҷо хориҷ нашавед” (Ба ривояти Бухорӣ)”, – омадааст дар муроҷиатномаи Шӯрои уламо.

Дар идома ин ниҳод бо ишора ба он, ки ҳаёти инсон дар ислом баҳои хеле баланд дорад, чун ҳадяи Аллоҳ аст, мегӯяд, пешгирии беморӣ беҳтар аз муолиҷаи он аст ва мувофиқи таълимоти ислом мусалмонон набояд фикр кунанд, ки ҳаёти онҳо дар ихтиёри худашон мебошад ва бо он ҳар чӣ хоҳанд карда метавонанд.

“Аллоҳ ба инсон ҳаётро бовар кардааст ва таълимоти исломӣ ҳам ин ҳақиқатро тасдиқ менамояд. Масалан, Ислом мусалмононро ба табобат намудани бемориҳои худ ташвиқу тарғиб мекунад. Паёмбари Худо (с) мефармоянд: “Ҳар дарде давое дорад, ҳар гоҳ даво ба дард расад, бемор ба хости Худованди азза ва ҷалла беҳбудӣ меёбад” (Ба ривояти Муслим)”, – мегӯяд Шӯрои уламо.

Аз ин хотир, Раёсати Шӯрои уламо ба хотири ҷилавгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ба мардуми кишвар муроҷиат намуда, тавсия медиҳад, ки дар баробари чунин вазъият бетаваҷҷуҳ набошанд ва аз ҳама гуна амале, ки ба саломатии ҷисмонӣ ва равониашон зарар дорад, худдорӣ намоянд. Ва инро далел меорад, ки дар баробари таваккул ва такя ба Парвардигор, ҳамзамон ба назофат ва гигиенаи шахсӣ диққати ҷиддӣ дода, ба тозагии хӯрок, ҷойи хобу фазои хона, дур кардани партовҳо аз муҳити зист, ҳамеша шустани дастҳо, пок кардани дардонҳо бо мисвок ва хамираи дандоншӯӣ аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд.

“Ин тавсияҳо дар фармудаҳои Расули Худо (с) борҳо таъкид шудааст, чунончи дар ҳадис омадааст, ки аз суннатҳои завоид (яъне иловагӣ) “таҳорат пеш аз таом ва баъд аз таом аст”. Яъне таҳорати пеш аз таом ва баъд аз он иборат аз се бор шустани дастҳо, ғарғара кардани даҳон ва афшондани бинӣ мебошад, бо дарназардошти мавқеъ ва шароит, то ки малоли дигарон нашавад”, – гуфта шудааст дар муроҷиатномаи Шӯрои уламо.

Раёсати Шӯрои уламои Маркази исломӣ аз шахсоне, ки дар худ таби баландро эҳсос мекунанд, хостааст, масъулияти имондории худро ба ҷо оварда, фавран ба табиб муроҷиат намоянд ва то шифо ёфтан аз рафтан ба ҷойҳои ҷамъиятӣ ва серодам худдорӣ кунанд. Илова бар ин, Шӯрои уламо маслиҳат медиҳад, ки барои сироят нашудани дигарон аз васоили санитарӣ истифода баранд.

“Шахсоне, ки ба ин беморӣ гирифтор шуда бошанд, онро пинҳон накунанд, зеро мусулмон набояд ба худаш ва дигарон зарар расонад, агар беморияшро пӯшида медорад ва ба табиб муроҷиат намекунад, пас муолиҷа карда намешавад ва ба худ зарар мерасонад ва аз сабаби он ки ин беморӣ сиряткунанда аст, пас ба дигарон зарар мерасонад. Чунон ки ҳазрати Паёмбар (с) муҳим будани саломатиро борҳо таъкид кардааст. Аз ҷумла боре ӯ ба амаки худ Ҳазрати Аббос (р) чунин фармуданд: “Аз Аллоҳ таъоло офиятро талаб кун” (Ривояти Тирмизӣ)”, – омадааст дар муроҷиатномаи ин ниҳод.

Источник: sputnik-tj.com