Таҷлили ҷашни бошукӯҳ

0
261
Таҷлили ҷашни бошукӯҳ

25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар саросари кишвар бо шукӯҳу шаҳомати махсус таҷлил гардид. Ба истиқболи ин ҷашни фархунда аҳли ҷомеа бо рӯҳияи идона тавассути васоити ахбори умум барномаҳои махсуси ҷашнии телевизиони марказии ҷумҳурӣ ва шабакаҳои дигари он ба чорабиниҳои ҷашнӣ, сафарҳои пай дар пайи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба манотиқи гуногуни кишвар, дигаргуниҳои фараҳбахшу дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ шинос шуданд. 

Роҳпаймоии бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба таърихи 9 сентябри соли 2016 дар пойтахти кишварамон – шаҳри Душанбе баргузор гардида бори дигар собит намуд, ки  орзую омоли сокинони ин сарзамини куҳанбунёд маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ ҷомаи амал пӯшиданд.

Матлуботчиёни кишвар низ дар қатори дигар вазорату корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳои мамлакат дар таҷлили ин санаи муҳими таърихӣ саҳмгузор гардидаанд.