Таҷлили 27-солагии Рӯзи Артиши миллӣ дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

0
93

Таҷлили 27-солагии Рӯзи Артиши миллӣ дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

ДУШАНБЕ, 22.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 27-солагии таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ доир гардид. Дар ин бора ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» масъули бахши кор бо ВАО-и донишгоҳ Сино Ғафурӣ хабар дод. 

Ректори донишгоҳ Муъмин Шарифзода аз таърих ва роҳи тайинамудаи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, изҳор намуд, ки бисту ҳафт сол қабл – замоне, ки давлати ҷавони Тоҷикистон дар ҷодаи бунёди аркони давлатдории мустақил қадамҳои аввалини худро мегузошт, Артиши миллӣ ҳамчун яке аз рукнҳои муҳимтарини он таъсис дода шуд. Имрӯз Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолати касбии худро сарбаландона ба ҷо оварда, дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва истиқрори сулҳу субот ҳамчун неруи тавоно ва қудратманд саҳми босазо гузошта истодаанд.

Намояндаи Комиссариати ҳарбии вилоят Илҳом Бониёзов гуфт,  ки “аз оғози таъсис то имрӯз ҳайати шахсии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат дар лаҳзаҳои бисёр ҳассосу тақдирсоз борҳо садоқати худро ба Ватан ва миллати худ, Ҳукумат ва Президенти Тоҷикистон собит сохтаанд. Адои хизмат дар сафҳои Артиши миллӣ на танҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ, балки мояи ифтихор ва шарафи бузург буда, хизмати ҳарбӣ ба ҳар як ҷавонмард ҳамчун мактаби ҷасорату матонат, дӯстиву рафоқат ва худогоҳиву меҳанпарастӣ хизмат мекунад”.

Зимни ҷамъомад зикр гардид, ки ҳоло Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба артиши тавоно ва замонавӣ табдил ёфта, бо техникаи ҳарбии пурқувват, иншоот ва таълимгоҳҳои муҷаҳҳаз таъмин гардидаанд.

Дар хатми ҷамъомад ба як гурӯҳ устодон, сарбозону афсарон ва ғолибони  мусобиқоти варзишии донишгоҳӣ туҳфаву сипосномаҳои раёсати донишгоҳ тақдим шуда, барномаи фарҳангӣ манзури ҳозирин гардонида шуд.

Таҷлили 27-солагии Рӯзи Артиши миллӣ дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Таҷлили 27-солагии Рӯзи Артиши миллӣ дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Источник: khovar.tj