Таҳкими омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ – кафили таъмини амнияти биологӣ дар ҷумҳурӣ

0
172

Таҳкими омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ – кафили таъмини амнияти биологӣ дар ҷумҳурӣ

ДУШАНБЕ, 29.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Маҳсулнокии растаниҳо ба ҳашароти гардолудкунанда вобастагии зич дорад ва аз байн рафтани ин мавҷудоти зинда сабаби аз байн рафтани баъзе растаниҳо ва паст гардидани ҳосили зироати кишоварзӣ мегардад. Дар натиҷаи ин дар атмосфера гази оксиген кам ва газҳои карбонӣ зиёд гашта, ин раванд тағйирёбии иқлими сайёраро метезонад. Ин матлабро директори Институти зоология ва паразитологияи АМИТ, номзади илмҳои биологӣ Файзалӣ ҲАКИМОВ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ иброз намуд. 

Ин нуктаро ба инобат гирифта, олимони Институти зоология ва паразитология як самти фаъолияти худро маҳз ба омӯзиши ҳамин масъала равона намудаанд. Дар ин замина усули интегратсионии мубориза бар зидди зараррасонҳои растаниҳо тақвият дода шуда, тайи солҳои охир самаранокии маводи муосири биологӣ, аз ҷумла домҳо ва диспенсорҳои феромонӣ бар зидди зараррасонҳои зироати кишоварзӣ ва дарахтони мевадиҳанда таҳқиқ карда шуда, ҷиҳати дар амал ҷорӣ намудани онҳо ба кишоварзони ҷумҳурӣ тавсияҳои илман асоснок пешниҳод карда хоҳанд шуд.

Таҳкими омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ – кафили таъмини амнияти биологӣ дар ҷумҳурӣБа андешаи Файзалӣ Ҳакимов, татбиқи ин усул истифодаи маводи химиявиро кам намуда, имконият медиҳад, ки сабзавот ва меваи аз ҷиҳати экологӣ тоза ба даст оварда шавад. Дар самти ба роҳ мондани истифодаи васеи маводи биологӣ бар зидди малахи марокашӣ низ дар ҷумҳурӣ корҳои илмию таҳқиқотӣ анҷом меёбанд.

Ин нукта дар мулоқоти навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаҳои илму маориф ва аҳли эҷоди мамлакат махсус таъкид карда шуд. Зикр гардид, ки бо ёрии олимону муҳаққиқони ихтироъкори соҳаҳои физика, химия, технология, биология ва физиологияи растаниҳо истеҳсоли баъзе таҷҳизоти техникӣ дар мамлакат ба роҳ монда, навъҳои гуногуни тухмии зироат дар мамлакат истеҳсол карда шавад. Бо вуҷуди он, ки ҷумҳурии мо захираҳои зиёд дорад, то ба ҳол тухмии бисёр навъҳои зироат аз хориҷ ворид карда мешавад ва тамоми таҷҳизоту технология, ҳатто молҳои талаботи ҳаррӯзаи мардум низ аз берун харидорӣ карда мешаванд.

«Таъмини амнияти озуқаворӣ яке аз масъалаҳои мубрам ва стратегӣ барои мамлакати мо маҳсуб меёбад. Дар ин ҷода омӯзиши ҳашароти заррарасон ва фоидарасон, инчунин андешидани тадбирҳо бо истифода аз воситаҳои инноватсионӣ бар зидди зараррасонҳо ҷиҳати пешгирии талафёбии ҳосили зироати кишоварзӣ ва ба даст овардани ҳосили аз лиҳози экологӣ тозаи сабзавоту мева нақши калидӣ мебозад»,- гуфт олими тоҷик.

Зимни мулоқот Пешвои миллат изҳори нигаронӣ карданд, ки дар зарфи беш аз ду даҳсола дар ҷумҳурӣ истеҳсоли ягон навъи доруи ватанӣ ба роҳ монда нашудааст. Дар робита ба ин директори Институти зоология ва паразитология иброз намуд, ки тӯли чанд сол аст дар назди Институти мазкур серпентария (морхона) фаъолият мекунад, ки ба парваришу нигоҳубини морҳои заҳрноки кобра ва гурзо махсус гардонида шудааст. Дар серпентария аз ин морҳо заҳр гирифта мешавад, ки ашёи хом барои истеҳсоли доруҳои ватанӣ ба шумор меравад. Институт омода аст, ки оид ба истифодаи заҳри кобра ва гурзо барои истеҳсоли доруҳои ватанӣ бо муассисаҳои марбута ҳамкорӣ намояд.

Дар ҷаҳони имрӯза масъалаи таъмини амнияти биологӣ аз ҳарвақта дида масъалаи мубрам барои ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Зеро паҳншавӣ ва авҷ гирифтани бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус ва паҳнкунандаҳои онҳо дар як қатор кишварҳои ҷаҳон ба мушоҳида мерасад, ки ин ҳолат таваҷҷуҳи хоссаро тақозо менамояд. Зеро таъмини солимии миллат гарави рушди устувори ҷомеа мебошад. Тезутунд гардидани вазъи бемориҳои сироятӣ дар ҷаҳон мутахассисони соҳаро ҳушдор медиҳад, ки дар якҷоягӣ таҳқиқоти муштараку пайвастаро амалӣ намоянд, то дар ҳолатҳои зарурӣ сарчашма ва паҳнкунандагони бемориҳои дорои манбаи табиӣ сари вақт ошкор карда шаванд ва ҷиҳати нигоҳдории солимии аҳолӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешида шаванд.

Директори Институти зоология ва паразитологияи АМИТ, номзади илмҳои биологӣ Файзалӣ Ҳакимов зикр кард, ки дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат ҷиҳати амалишавии Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф олимони соҳаи зоология ва паразитологияро зарур аст, ки дар ояндаи наздик таҳқиқи амиқи фауна ва биологияи гурӯҳҳои мавриди омӯзиши пурра қарор нагирифтаи ҳайвонотро роҳандозӣ намуда, такмил додан ва дар амал татбиқ намудани усулҳои интегратсионии мубориза бар зидди зараррасонҳои зироати кишоварзиро дар шароити нави хоҷагидорӣ ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монанд.

Ҳамчунин олимони соҳа дар оянда роҳҳои нави муборизаро бо зараррасонҳои соҳаи кишоварзӣ пурзӯр намуда, таҳқиқотро дар самти ошкор намудани сарчашмаҳои вирусҳои гуногун ва паҳнкунандагони бемориҳои сироятӣ тақвият мебахшанд, роҳҳои наву муосири муҳофизати олами ҳайвонот, махсусан ҳайвоноти нодири мамлакатро коркард ва ба муассисаҳои марбута доир ба мутобиқшавии онҳо ба таъсири тағйирёбии иқлим тавсияҳои илман асоснок пешниҳод хоҳанд намуд. Ҳамзамон бо ин дар таъмини амнияти биологӣ ва озуқавории мамлакат саҳми назаррас  мегузоранд.

Источник: khovar.tj