Тағйироти кадрӣ баъди боздоштҳо: интиқоди Президент аз қонуншикании раисон

0
44

Тағйироти кадрӣ баъди боздоштҳо: интиқоди Президент аз қонуншикании раисон

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо кадрҳое, ки дар вазорату идораҳо ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба вазифаҳои роҳбарӣ таъин гардиданд, мулоқот намуд

ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Бо фармонҳои раисиҷумҳур, Иноятзода Баҳром аз вазифаи hаиси шаҳри Кӯлоб, Вализода Абдуқодир Исуф аз вазифаи раиси шаҳри Турсунзода ва Акрамзода Парвиз Акрам аз вазифаи раиси ноҳияи Ховалинг озод карда шуданд.

Тибқи фармонҳои дигари Президент, Вализода Абдуқодир Исуф ба вазифаи раиси шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон, Акрамзода Парвиз Акрам раиси шаҳри Турсунзода ва Маҷидӣ Муҳтадӣ Хайрулло ба вазифаи раиси ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон таъин гардиданд.

Бо қарорҳои Ҳукумати Тоҷикистон Мирзозода Сӯҳроб аз вазифаи муовини якум, Вализода Рустам аз вазифаи муовини Вазири нақлиёти Тоҷикистон озод ва Бобозода Раҳим муовини якуми вазири нақлиёт, Сироҷзода Шуҷоат муовини вазири нақлиёти ҷумҳурӣ таъин шуданд.

Ҳамчунин, Раҳматуллозода Сахидод муовини раиси Кумитаи забон ва ислоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, Абдураҳмонзода Саидумрон ва Назарзода Заррина аз вазифаи муовинони раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуданд.

Мавлодод Абдулқодир ва Қиёмзода Зарафо муовинони раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.

Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Табарзода Раҳматулло бо сабаби ба нафақа баромаданаш аз вазифаи сардори Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмони Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва Абдураҳимзода Нурулло ба ин вазифа таъин карда шуд.

Зимни сӯҳбат Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки сазовори боварӣ ва эҳтироми мардум гардидан аз фаъолияти поквиҷдононаву азму талоши ҳар як кадр вобастагӣ дорад.

Ба иттилои котиботи раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон аз камбудиву қонуншиканӣ дар фаъолияти кории баъзе роҳбарони шаҳру ноҳияҳо мисолҳои мушаххас оварда, иброз дошт, ки дар фаъолияти хизматиатон бо ҳисси масъулияти баланд муносибат намоед ва дар чаҳорчӯбаи қонун амал кунед.

“Содиқона, поквиҷдонона ва бо ҳисси баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ вазифаҳои худро ҳамчун хизматчии давлатӣ иҷро кунед, бо мардум робитаи наздиқ дошта бошед, қобилияти кордониву ташкилотчигиатонро сарфи корҳои ободониву бунёдкорӣ ва беҳдошти сатҳу сифати зиндагии мардум сарф намоед!” – таъкид намудаст Эмомалӣ Раҳмон.

Источник: sputnik-tj.com