Тағйирот баъди боздоштҳои КДАМ: раиси нави Кӯлоб кист?

0
48

Тағйирот баъди боздоштҳои КДАМ: раиси нави Кӯлоб кист?

Абдуқодир Вализода аз мақоми раиси шаҳри Турсунзода барканор шуда, ба ҷои Баҳром Иноятзодаи боздоштшуда, раиси шаҳри Кӯлоб таъйин гардид

ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Вализода 3 марти соли 1964 дар ноҳияи Ховалинг таваллуд шуда, аз моҳи феврали 2018 то ҳол раиси шаҳри Турсунзода буд.

Ӯ солҳои  2006-2010, муовини раиси шаҳри Қурғонтеппа, солҳои 2010-2013 раиси ноҳияи Ховалинг, солҳои 2013-2018 раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, аз феврали соли 2018 раиси шаҳри Турсунзода буда, тоза ба мақоми раиси шаҳри Кӯлоб таъйин шуд.

Тибқи ҳолномаи расмӣ, Вализода соли 1983 Техникуми политехникии шаҳри Душанбе ва соли 1996 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро хатм карда, ихтисосаш муҳандиси хоҷагии қишлоқ, иқтисодчӣ мебошад. Солҳои 1995-2000 корманди Комбинати орди ноҳияи Колхозобод ва солҳои 2000-2002 муовини аввали директори генералии иттиҳодияи “Ғалла”-и вилояти Хатлон буд.

Вализода имрӯз дар мақоми раиси Кӯлоб Баҳром Иноятзодаро иваз намуд, ки ба иттилои Кумитаи давлатии амнияти  миллии Тоҷикистон бо гуноҳи даст доштан дар ҷиноятҳои коррупсионӣ дастгир шуд.

“Қабл аз ин, 27-уми майи соли 2020 ронандаи автомашинаи хизматии Баҳром Иноятзода – Хуррамов Хурсандалӣ Пардаевич ва  3 июни соли 2020 мудири қабулгоҳи Раиси шаҳри Кӯлоб Қурбонов Фирӯз Давлатхоҷаевич бо ҷурми қаллобӣ ба ҳабс гирифта шуда буданд”,- омадааст дар иттилоияи КДАМ.

Ба иттилои манбаъ, дар рафти тафтишоти пешакӣ Хуррамов Хурсандалӣ ва Қурбонов Фирӯз нишондод пешниҳод карданд, ки онҳо ин кирдорҳояшонро бо супориши раиси шаҳр содир намудаанд.

“Ҳамчунин, аз сокинони шаҳри Кӯлоб якчанд ариза доир ба амалҳои коррупсионии раиси шаҳр Б. Иноятзода ворид гардид. Ҳангоми санҷиш далелҳои дар аризаҳо овардашудаи ҷабрдидагон тасдиқи худро ёфтанд”,- мегӯяд манбаъ.

Назари ҷониби айбдоршавандаҳо феълан дар бораи ин қазия маълум нест.

Источник: sputnik-tj.com