Тақдими туҳфаҳо ба ятимони кулл аз ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ дар тарабхонаи “Ориёно”

0
100

27 сентябр дар ноҳияи Дарвоз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хислатҳои ҳамидаи инсондӯстию ятимпарварӣ чун анъанаи наку бо як гурӯҳ ятимони кулл аз ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ мулоқоти самимӣ доир карда, аз ҳолу аҳвол, шароити зисту таълим ва тарбияашон пурсон шуданд.

Мулоқоти Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тарабхонаи “Ориёно” – и ноҳияи Дарвоз баргузор гардид.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст кӯдаконро, ки бо амри тақдир аз падару модар маҳрум монда, таҳти дастгириву таваҷҷӯҳи бевоситаи Ҳукумати мамлакат қарор доранд, ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ табрик намуданд.

Шодии кӯдакону наврасонро дар ин рӯз ҳадду канор набуд, зеро ин навбат 100 нафар кӯдаки ятим ва маъюб аз ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ, бевосита аз дасти Пешвои муаззами миллат тӯҳфаҳо иборат аз сару либос, шириниҳо, ашёи хониш ва кӯмаки молиявӣ гирифтанд ва суҳбати озоду самимӣ анҷом доданд.

Бо дарназардошти он ки рушду пешрафти Ватани азиз бевосита ба саъю талоши насли созандаву эҷодкор ва донишманд вобаста аст, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯдаконро ба омӯзиши илмҳои муосир, забонҳои хориҷӣ, касбу ҳунар ва азхуд кардани техникаву технологияи навин ҳидоят намуданд.

Дар ноҳияҳои Дарвоз ва Ванҷ дар маҷмӯъ 300 нафар ятими кул, нимятим ва маъюбони то 18-сола ба қайд гирифта шудааст, ки зери ғамхориҳои бевоситаи Сарвари дурандешу ятимпарвари мамлакат қарор доранд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи беҳтар намудани шароит ва имконоти дастрасии ятимон ба таҳсилу зиндагии арзандаро зери таваҷҷӯҳи доимӣ қарор додааст ва Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар як боздиди кории худ аз шаҳру ноҳияҳои кишвар бо ятимон мулоқот анҷом дода, ба масъулон ҷиҳати беҳтар намудани шароити зисту таълим ва вазъи моддиву техникии таълимгоҳҳои онҳо дастуру супоришҳо медиҳанд.

Дар давоми 30-соли Истиқлоли давлатӣ бо мақсади беҳтар намудани шароити таълиму тарбия ва буду боши ятимон дар мактаб-интернатҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва бо ҷойи кор таъмин шудани ин қишри ҷомеа корҳои назаррас амалӣ гардидааст.

Источник: president.tj