Тақдими туҳфа ба ятимони кулл дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

0
100

28 октябр дар доираи сафар корӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ятимони кулл дидорбинӣ намуда, бо кӯдакону наврасон суҳбати самимӣ анҷом доданд.

Аз ҷониби Сарвари ғамхору ятимпарвар ба 150 нафар ятими кулл туҳфа, аз қабили сару либоси зимистона ва дигар лавозимоти зарурӣ тақдим карда шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошта буданд, ки ҳеҷ гоҳ ятимонро танҳо намегузоранд. Натиҷа ҳамин аст, ки зимни сафарҳои кории хеш ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат сараввал бо чунин нафарон мулоқоту суҳбат намуда, аз аҳволашон шахсан бохабар мегарданд. Ин таваҷҷуҳ ва ғамхории ҳамешагии Роҳбари давлат боис ба он гардидааст, ки кӯдакони ба амри тақдир ятиммонда ҳамеша зери ғамхорӣ қарор доранд.

Зимни суҳбати озоду самимӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирии ятимону эҳтиёҷмандонро яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ карда, таъкид доштанд, ки ҳамеша дар ҳаққи чунин нафарон ғамхорӣ зоҳир карда мешавад.

Аз кӯдакону наврасон даъват ба амал оварданд, ки шароитҳои фароҳамовардашударо самаранок истифода бурда, барои омӯхтани илмҳои муосир, донистани забонҳои гуногун ҳамеша саъйю кӯшиш намоянд.

Кӯдакон ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгирии ҳамешагиашон ва фароҳам овардани шароити мусоиди зисту зиндагонӣ ва илмомӯзӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.

 

Источник: president.tj