Таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Қайроққум» то соли 2023 амалӣ мегардад

0
166

Таҷдиди Неругоҳи барқи обии  «Қайроққум» то соли 2023 амалӣ  мегардад

ДУШАНБЕ, 20.02.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Шурӯъ аз моҳи августи соли гузашта яке аз неругоҳҳои барқи обии куҳантарини Тоҷикистон — «Қайроққум», воқеъ дар вилояти Суғд ба таъмиру таҷдид фаро гирифта шуда, айни замон корҳои сохтмонии он бомаром  идома доранд. Бо татбиқи пурраи лоиҳаи мазкур, ки муҳлати он 57 моҳ, яъне то соли 2023 муайян шудааст, таҷдиди таҷҳизоти асосию ёрирасони неругоҳ, дастгоҳи тақсимкунандаи 110-киловолта ва таъмиру барқарорсозии иншооти гидротехникии он амалӣ  мегардад. Иқтидори лоиҳавии ҳар як агрегати неругоҳ аз 21 мегаватт қариб то 30 ва дар маҷмӯъ тавоноии он аз 126 мегаватт то ба 176 мегаватт расонида шуда, иқтидори неругоҳ 50 мегаватт ва истеҳсоли миёнаи неруи барқ то ба 38 дар сад меафзояд.

Таҷдиди Неругоҳи барқи обии  «Қайроққум» то соли 2023 амалӣ  мегардадБино ба иттилои хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар», раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода 19 феврал зимни сафари корӣ  бо  раванди корҳои сохтмонӣ ва татбиқи лоиҳаи «Таҷдиди Неругоҳи барқи обии “Қайроққум”  шинос гардид. Ба Раиси вилоят маълумот дода шуд, ки асосноккунии техникӣ-иқтисодии таҷдиди неругоҳ соли 2014 дар доираи лоиҳа бо ҷалби сармоягузории грантии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд аз ҷониби ширкати машваратчии “IC Consulenten”-и австриягӣ сурат гирифта, итминон меравад, ки бо таҷдиди пурра тамоми низоми  он бо технологияи навтарин ва пешрафтаи соҳа иваз карда шуда, сифати хизматрасонӣ бамаротиб беҳтар хоҳад гардид.

Имрӯз истеҳсоли солонаи неруи барқ дар Неругоҳи барқи обии “Қайроққум” ба ҳисоби миёна 600 — 650 миллион киловатт-соатро ташкил дода, иншоот ба низоми энергетикӣ тавассути 5 хати интиқоли барқи 220-киловолта ва 5 хати интиқоли барқи 110-киловолта пайваст аст.

Ёдовар мешавем, ки неругоҳи мазкур   дар соҳили чапи маҷрои Сирдарё воқеъ буда, бунёди он ба обёрии заминҳои бекорхобида ва азхудкунии самараноки захираҳои гидроэнергетикии Осиёи Марказӣ солҳои 60-уми асри гузашта ибтидо гузошта буд.

Бояд гуфт, ки неругоҳ беш аз 63 сол  боз фаъолият карда, дар ин муҳлат таҷҳизоти он кӯҳнаю фарсуда гардида,  зарурати таҷдид ва навсозии он ба миён омада  буд.

Корҳои сохтмонии неругоҳ соли 1952 оғоз гардида, агрегати якуми он бо иқтидори 21 мегаватт 15 декабри соли 1956 ба кор дароварда шудааст. Дар маҷмӯъ,  неругоҳ аз 6 агрегат иборат буда, аз 20 ноябри соли 1957 бо иқтидори пурраи 126 мегаватт фаъолият намудааст.

Ҳаҷми  пурраи   обанбор 3,5 миллиард мукаабро ташкил   дода, ҳаҷми  фоиданокии он ба 2,6 миллиард мукааб  баробар  аст. Масоҳати  умумии обанбор ҳангоми пур  шудани об то сатҳи  болоии   уфуқӣ 512 километри   мураббаъро дар бар мегирад. Дарозии  умумии  сарбанди  хокӣ  ва  бетонии   неругоҳ 1300 метрро  ташкил  дода, фишори об дар иншооти гидротехникӣ ба 24 метр баробар  мебошад.

Хотиррасон мешавем,  ки 23 августи соли 2019 зимни сафари корӣ ба вилояти Суғд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон ба татбиқи лоиҳаи «Таҷдиди Неругоҳи барқи обии “Қайроққум” оғози расмӣ бахшида буданд.

                                                                         Абдуаҳад ШАРИФЗОДА,
                                                                  АМИТ «Ховар»

Источник: khovar.tj