Тӯйхона – тарабхона дар Зафаробод

0
745
Тӯйхона – тарабхона дар Зафаробод

Бо ибтикори бевоситаи раиси Раёсати Иттифоқи “Тоҷикматлубот” муҳтарам Идиев Ҳусайн Сафаралиевич дар рӯзҳои таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Зафаробод иншооти бошукӯҳе – маҷмааи хизматрасонии “Наврӯз” ба истифода дода шуд. Бояд ёдрас намуд, ки иншооти мазкур аз ҳисоби Раёсати Иттифоқи “Тоҷикматлубот” ба маблағи қариб 500 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст, ки сокинони ноҳия имрӯз аз он истифода мебаранд.

Бояд гуфт, ки кормандони ҷамъияти матлуботи ноҳияи Зафаробод дар як муддати кӯтоҳ – дар давоми 7-8 моҳ иншооти мазкурро сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Рафти сохтмони иншоот пайваста дар мадди назари раиси Раёсати Иттифоқи “Тоҷикматлубот” муҳтарам Идиев Ҳ. С. қарор дошт. Бо маслиҳату машварати раиси Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот иншооти мазкур ҷавобгӯи меъёрҳои амалкунандаи хизматрасонии муосир гардида, бо таҷҳизоту ашёи зарурӣ муҷаҳҳаз гардида, дорои шароитҳои хуби хизматрасонӣ мебошад. Ба туфайли ба кор оғоз кардани маҷмааи мазкур 13 нафар сокинони маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардиданд.

Иншооти мазкур тӯйхона – тарабхона буда, барои 200 ҷойи нишаст дар як вақт муқаррар гардидааст. Дар пешгоҳ саҳна дошта, дар мобайни иншоот ҳавзи зебоеро бунёд кардаанд, ки аз болои он ба таври чорякдоира пули мунаққаше насб гардидааст ва он вазифаи як навъ гузаргоҳро аз даромадгоҳ то ба саҳна иҷро менамояд.