СУТ: шумораи сироятёфтагони коронавирус дар тамоми ҷаҳон ба 90 000 расидааст

0
175

СУТ: шумораи сироятёфтагони коронавирус дар тамоми ҷаҳон ба 90 000 расидааст

ДУШАНБЕ, 04.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи сироятёфтагони коронавирус  дар ҷаҳон ба 90 000 расидааст. Дар ин бора рӯзи сешанбе  роҳбари Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ Тедрос Гебрейесус  изҳор намудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар»  бо истинод ба “Kyodo news”.

«Айни ҳол дар ҷаҳон 90 893  ҳолати сироят бо вируси COVID-19  ва 3110 ҳолати фавти одамон  ба қайд гирифта шудааст»,- гуфт зимни нишасти   матбуотӣ  директори генералии СУТ.

Аз 1848   ҳолате, ки   берун аз қаламрави Чин ба қайд гирифта шудааст, дар 48 соати охир ҳаштод фоизи он  ба се кишвар рост меояд, ки инҳо  Эрон, Италия ва  Кореяи Ҷанубӣ  ҳастанд.

Роҳбари СУТ ҳамчунин гуфт, ки охири моҳи январи соли гузашта суръати афзоиши сирояти коронавирус дар Чин хеле паст буд.

Рӯзи душанбе Гебрейесус ба афзоиши бемориҳои коронавируси марговар — COVID-19  ишора намуда, эпидемияи онро дар Эрон, Италия, Япония ва Кореяи Ҷанубӣ «мушкили бузургтарин» номид.

Источник: khovar.tj