СУТ: хавфи ба пандемия табдил ёфтани коронавирус воқеӣ мегардад

0
113

СУТ:  хавфи ба пандемия табдил ёфтани коронавирус  воқеӣ  мегардад

ДУШАНБЕ, 10.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо афзун шудани шумораи беморони коронавируси COVID-19 хавфи ба пандемия  мубаддал гаштани ин  беморӣ воқеӣ гардид. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора  роҳбари Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ  (СУТ) Тедрос Адханом Гебрейесус  иттилоъ  дод. Ба қавли ӯ , бемории  номбурдаро  метавон назорат намуд.

«Акнун, ки коронавируси нав  дар кишварҳои зиёд паҳн шудааст, хатари пандемия воқеӣ  аст.  Аммо, ин дар таърих аввалин  пандемияе мебошад, ки онро назорат кардан мумикин аст»,- гуфт ӯ дар брифинг дар Женева.

Пандемия бемориест, ки  табиати оммавӣ дошта,  ба  тамоми аҳолӣ  асар менамояд, дар қаламрави  кишвар, ҳамсоякишварҳо ва ё ба дигар давлатҳои   ҷаҳон низ паҳн мешавад.

Ёдрас менамоем, ки шумораи шахсони гирифтори коронавируси нав ба 111 ҳазор нафар расида, зиёда аз 3,8 ҳазор нафари дигар  фавтидаанд. Вирус берун аз ҳудуди Чин низ паҳн гаштааст, ки бори нахуст он охири соли 2019 ошкор гардида буд.  Дар Россия 23 ҳолати беморӣ ба қайд гирифта шудааст.

Источник: khovar.tj