СУТ дар бораи натиҷаҳои таҳқиқи коронавирус маълумот дод

0
163

СУТ дар бораи натиҷаҳои таҳқиқи коронавирус маълумот дод

ДУШАНБЕ, 25.02.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Гурӯҳи коршиносони байналмилалии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) оид ба таҳқиқи хуруҷи намуди нави коронавируси COVID-2019, ки ба Чин рафта буд, пас аз гузаронидани таҳқиқот хулоса кард, ки ҳамаи гурӯҳҳои синнусолӣ ба ин вирус мубтало ҳастанд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба «РИА Новости» хабар медиҳад, дар ин бора рӯзи душанбе раиси Комиссия оид ба вокуниш ба COVID-2019-и Кумитаи давлатии тандурустии Чин Лян Ваннян изҳор дошт.

Гурӯҳи байналмилалии СУТ оид ба таҳқиқи хуруҷи коронавируси нав, ки аз 25 коршиноси чинӣ ва хориҷӣ иборат аст, 16 феврал вориди Чин шуд ва аз Пекин, Гуандун, Сичуан ва Вуҳан дидан кард.

«Коронавируси нав намуди нави бемории барангезанда мебошад, бинобар ин, ҳеҷ як гурӯҳи синнусолӣ аз намуди нави коронавирус масуният надорад, онҳо метавонанд ба осонӣ сироят ёбанд», — гуфт Лян Ванниан дар нишасти матбуотӣ пас аз таҳқиқи анҷомдода.

Тибқи натиҷаҳои таҳқиқот, синни миёнаи беморон 51-сола буда, одамони 30-69-сола 77,8%-и шумораи умумии беморонро ташкил медиҳанд. 77,5%-и ҳолатҳо дар музофоти Ҳубей ба қайд гирифта шудаанд.

Коршиносон инчунин муайян карданд, ки таҳлилҳои барои сирояти коронавирус супоридаи тақрибан 1-5% одамоне, ки бо беморон тамоси наздик доштанд, натиҷаҳои мусбат доданд.

АКС аз бойгонӣ

Источник: khovar.tj