Супориши Абдуллозода: чораҳои пешгирикунанда аз COVID – 19 дар Тоҷикистон пурзӯр шавад

0
52

Супориши Абдуллозода: чораҳои пешгирикунанда аз COVID - 19 дар Тоҷикистон пурзӯр шавад

Вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода имрӯз дар ҷаласаи навбатии Ситоди ҷумҳуриявӣ супориш дод, ки чораҳои пешгирикунанда аз паҳншавии маризии коронавирус пурзӯр карда шавад

ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Ҷаласаи навбатии Ситоди Вазорати тандурустӣ ба хотири пешгирӣ ва табобати гирифторони коронавируси нави COVID-19 доир гардид, хабар медиҳад котиботи вазорати мазкур.

Ба иттилои манбаъ, ҷаласа бо иштироки вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини вазир Шодихон Ҷамшед, сардорони як қатор раёсатҳои зерсохтори вазорат ва ҳамзамон ба тариқи онлайн сардорони раёсатҳои тандурустии вилоятҳо ва роҳбарони як қатор беморхонаҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат баргузор гардид.

Манбаъ меафзояд, дар ҷараёни ҷаласа Ҷамолиддин Абдуллозода иброз дошт, ки ҳадаф ва мақсад аз баргузории ҷаласаи навбатии ситоди вазорат пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ, дарёфт, ташхис ва муолиҷаи беморони коронавируси нави COVID-19, пурзӯр намудани гаштҳои хонагӣ, назорати бемороне, ки дар хона табобат мегиранд ва дигар масъалаҳо мебошад.

Зикр гардид, ки новобаста ба он, ки вақтҳои охир дар мамлакат ҳолатҳои сироятёбии сокинон ба ин маризӣ то андозае поён рафта, ҳамзамон, муроҷиати шаҳрвандони мамлакат низ ба муассисаҳои тиббии кишвар бо нишонаҳои сироятёбӣ кам шудааст, бояд чораҳои пешгирикунанда ва табобати бемории COVID – 19 пурзӯр карда шаванд.

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон беш аз 7 000 нафар мубталои коронавирус гардида, ҳамзамон 61 мариз қурбон шуданд.

Источник: sputnik-tj.com