Супоридани туҳфа ва кумакҳои моддӣ ба ятимони шаҳри Кӯлоб

0
159

23 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи Хуталони шаҳри Кӯлоб бо ятимон вохӯрӣ намуда, мулоқоту суҳбати самимӣ анҷом доданд.

Тибқи иттилоъ дар шаҳри Кӯлоб 92 нафар ятими кул ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин шумора 43 нафарашон ноболиғ мебошанд. 

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ятимонро ба ҷашни 29-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба онҳо барои идомаи таҳсил ва дар оянда омӯхтани илму дониш, махсусан забонҳои хориҷӣ, технологияи иттилоотӣ ва касбу ҳунар ҳидоят намуданд.

Зикр гардид, ки дар сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии ятимону бепарасторон, шахсони имконияташон маҳдуд ва фароҳам намудани зиндагии шоиста барои ин табақаи ҷомеа мавқеи меҳварӣ дорад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 60 нафар ятим, ки 42 нафари онҳо аз шаҳри Кӯлоб, 6 нафар аз ноҳияи Ховалинг, 6 нафар аз ноҳияи Балҷувон ва 6 нафари дигар аз ноҳияи Шамсиддини Шоҳин мебошанд ва бо амри тақдир аз падар ва ё модар маҳрум мондаанд, тӯҳфаҳои молию пулӣ, сару либоси зимистона ва шириниҳо тақдим карданд.

Ятимон ҳангоми сӯҳбат ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос карда, ба Пешвои раиятпарвари худ ҷиҳати ғамҳориҳои падаронаашон аз самими қалб миннатдорӣ баён намуданд. 

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки имрӯз давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ятимону бепарасторон, маъюбон ва оилаҳои эҳтиёҷманди ҷомеаро танҳо намегузорад, дар ҳаққи онҳо пайваста ғамхорӣ намуда, кӯдаконро тарбия ва ба ҳаёти мустақилона гусел менамояд.

Боиси хушнудӣ аст, ки дар доираи дастгирӣ ва ғамхориҳои доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ятимону бепарасторон ва табақаи ниёзманди ҷомеа худро ҳеҷ гоҳ танҳо эҳсос накарда, бо шукргузорӣ аз Истиқлоли давлатӣ дар фазои орому осудаи мамлакат барои ояндаи дурахшон ва зиндагии обод талош меварзанд. 

Мавриди зикр аст, ки Боғи Хуталони шаҳри Кӯлоб дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2019 аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии Роҳи оҳани Тоҷикистон пурра навсозӣ гардида, дар ҳудуди он гулу буттаҳои рангоранги мавсимӣ ва дарахтони нодири ороишӣ шинонида шудааст. Ҳамчунин дар боғи мазкур фаввораҳои зебою назаррабо сохта шуда, ба макони истироҳату фароғати сокинону меҳмонон табдил ёфтааст.

 

Источник: president.tj