Султон Бекмурозода: «Ягона амале, ки имрӯз аз мо талаб карда мешавад, ба тарсу таҳлука афтодан не, балки ба таври лозим омода гаштан барои пешгирӣ аз паҳншавии вирус мебошад»

0
296

Султон Бекмурозода: «Ягона амале, ки имрӯз аз мо талаб карда мешавад, ба тарсу таҳлука афтодан не, балки ба таври лозим омода гаштан барои пешгирӣ аз паҳншавии вирус мебошад»

ДУШАНБЕ, 05.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. Сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон БЕКМУРОДЗОДА   дар робита ба вируси COVID-19 ё коронавирус ба мардуми мамлакат муроҷиат намудаст, ки матни он имрӯз ба АМИТ “Ховар” ворид шуд. Дар он омадааст:

 —Ҳамватанони азиз,

Вируси COVID-19, ки имрӯзҳо ҳамчун “коронавирус” дар байни мардум машҳур аст, охирҳои соли гузашта дар шаҳри Ухани Ҷумҳурии Халқии Хитой зуҳур карда, аҳолии бархе аз кишварҳои ҷаҳонро ба таҳлукаву ҳарос андохтааст. Тибқи маълумоти Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ то имрӯз беш аз 90 ҳазор нафар ба ин вирус гирифтор шудаанд, ки аз ин миқдор зиёда аз 80 ҳазор нафарашон шаҳрвандони Хитой мебошанд. Беш аз 3000 нафари гирифторон то имрӯз ҷон бохта, ҳазорон каси дигар шифо ёфтаанд.

Албатта, ин як ҳолати ташвишовар аст, ки барои пешгирӣ аз он бояд тамоми қишрҳои ҷомеа муттаҳидона амал намуда, саломатии худу атрофиёнашонро эҳтиёт намоянд.

Ба маълумоти Шумо мерасонем, ки то имрӯз дар кишвари азизи мо- Тоҷикистон ягон ҳолати гирифторӣ ба ин вирус қайд нашудааст. Аммо эҳтиёт шарти асосии роҳ наёфтани ин вируси марговар ба мамлакати мост ва ба ҳамин мақсад дар Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумат ва ниҳодҳои масъул тадбирҳои судманди пешгирикунанда андешида мешаванд.

Аммо як гурӯҳ аз ҳангоматалабону ҳаннотон бо пахши хабарҳои бардурӯғу иғвоталабона аз ин вазъ истифода бурда, мардумро ба таҳлукаву ҳарос меандозанд, ки набояд  сокинони кишвар ба гуфтаҳои онҳо дода шуда, ба тарсу ваҳм афтанд.

Дар шабакаҳои иҷтимоии интернет ҳаннотон баъзе хабарҳоеро паҳн мекунанд, ки гӯё нархи маҳсулоти ғизоии аввалия, аз қабили орду равған ва дар баробари он арзиши дорувориҳо ва махсусан ниқобҳои тиббӣ дар чанд рӯзи оянда дар кишвари мо боло меравад ва камёб мегардад.

Аз ҳама сокинони кишвар бо эҳтиром ва масъулият тақозо менамоем, ки ба ин суханҳои ваҳмангезон бовар накунанд.

Чӣ тавре, ки имрӯз дар брифинги  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид шуд, ки “Тоҷикистон тавонмандии пурраи таъмини пурраи аҳолии худ бо ҳама намуди маводи ғизоӣ дар давоми ду солро дорад, зеро қисмати зиёди аҳолӣ аз маводи хӯрокии истеҳсоли дохилӣ истифода мебарад”.

Ҳамчунин бояд илова кард, ки хабари боло рафтани нархи ниқобҳои тиббӣ ва дигар анвои доруворӣ низ дар ин баробар кори дасти ҳаннотонест, ки “обро лой карда моҳӣ доштан мехоҳанд”.

Дар тамоми дорухонаҳои Тоҷикистон ва ҳамчунин анборҳои ширкатҳои воридкунандаи доруворӣ ба кишвар ба таври кофӣ ниқобҳои тиббӣ ва дигар намуди дорувориҳо мавҷуданд, ки ба кулли аҳолии кишвар кифоят мекунанд. Дар сурати лозим ворид кардани ин мавод ба кишвар низ ягон мушкиле надорад.  Аз ин рӯ, аз шаҳрвандон бо эҳтиром хоҳиш карда мешавад, ки ба таҳлука афтода, бозорои ҳаннотони мардумфиребро гарм накунанд.

Бояд шукрона кунем, ки ҳанӯз дар ин самт дар кишвари мо ягон ҷои нигаронӣ вуҷуд надорад.

Ягона амале, ки имрӯз аз мо талаб карда мешавад, ба тарсу таҳлука афтодан не, балки ба таври лозим омода гаштан барои пешгирӣ аз паҳншавии ин вирус мебошад. Бояд ҳар яки мо беш аз ҳар вақти дигар ба тозагӣ ва гигенаи шахсии худу аҳли оилаамон таваҷҷуҳ карда, аз ҳузур дар ҷойҳои серодам канораҷӯӣ кунем ва дар ин бора танҳо ба хабарҳои расмии мақомоти дахлдор бовар кунем.

Источник: khovar.tj