СУЛФА МЕКУНЕД ВА ТАБИ БАЛАНД ДОРЕД? БА РАҚАМҲОИ ЗЕРИН ЗАНГ ЗАНЕД: 311 ва 511. Дар Тоҷикистон барои гирифтани маълумот оид ба коронавирус телефонҳои боварӣ фаъол гардиданд

0
262

СУЛФА МЕКУНЕД ВА ТАБИ БАЛАНД ДОРЕД? БА РАҚАМҲОИ ЗЕРИН ЗАНГ ЗАНЕД: 311 ва 511. Дар Тоҷикистон барои гирифтани маълумот оид ба коронавирус телефонҳои боварӣ фаъол гардиданд

ДУШАНБЕ, 06.05.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар робита ба тасдиқ гардидани ҳолатҳои сирояти коронавируси нав дар Тоҷикистон, мардум саволҳои зиёде доранд, ки имрӯз метавонанд ба онҳо аз хона набаромада аз мутахассисон ҷавоб пайдо гиранд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар Тоҷикистон ду рақами кутоҳи телефонҳои боварӣ фаъол мебошанд: 311 ва 511, ки тавассути онҳо шаҳрвандон метавонанд ҳама гуна маълумоти заруриро оид ба масъалаҳои тандурустӣ дастрас намоянд.

«Мутахассисони пуртаҷриба ба саволҳои марбут ба ҳифзи саломатӣ, дар сурати тағйир ёфтани вазъи саломатӣ чӣ кор кардан, ба куҷо муроҷиат намудан ва кадом ташхисҳоро супурдан ҷавоб мегӯянд. Ҳамчунин тавассути ин рақамҳо дигар маълумоти мубрами рӯзро метавон пайдо кард», — зикр намуд директори маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтиомии аҳолӣ Бибихонум Дарвешзода.

Бояд тазаккур дод, ки имрӯз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тамоми чораҳои заруриро барои ҳифзи саломатии мардум, аз ҷумла ташкили ин рақамҳо, ки шаҳрвандон метавонанд тавассути онҳо тамос гиранд, андешида истодааст.

Сокинони шаҳри Душанбе ҳамчунин метавонанд тавассути телефонҳои зерин муроҷиат кунанд: 44 600 65 09.

Источник: khovar.tj