Сулҳу субот, оромии модарон ва табассуми тифлонро сарбозони Ватан ҳифз мекунанд

0
81

Сулҳу  субот,  оромии  модарон ва  табассуми  тифлонро   сарбозони Ватан ҳифз  мекунанд

НОРАК, 21.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар ҷавони баору номуси Ватан ифтихори бузург аст. Сулҳу суботи мамлакат, оромӣ ва хотири ҷамъи модарон, табассуми тифлонро ҷавонони содиқу вафодор ва ватандӯсту  ватанпарвар ҳифз мекунанд. Ин нуктаро раиси шаҳри Норак Маликшо Неъматзода зимни мулоқот бо ҷавонони синни даъватӣ иброз намуд. Дар ин бора аз шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳри Норак ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Мулоқоти мазкур  ба 27-умин солгарди Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  бахшида шуда, дар он як гурӯҳ  ҷавонон ихтиёран ба хизмат рафтани худро иброз доштанд.

Маликшо Неъматзода иброз намуд, ки ҳар фарди  ватандӯсту  худогоҳ бояд дар  пешрафт  ва  шукуфоии  Ватани хеш  саҳм гузорад.

Сулҳу  субот,  оромии  модарон ва  табассуми  тифлонро   сарбозони Ватан ҳифз  мекунандҲамчунин аз  ҳозирин  даъват  ба  амал  оварда шуд, ки  корҳои фаҳмондадиҳиро зиёд намоянд, то  сафи  ихтиёриён боз ҳам зиёд гардад ва бо ин амал чун фарзандони баору номус садоқати худро ба ҳифзи Ватан-Модар нишон диҳанд.

Мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти давлатии шаҳри Норак  бахшида  ба 27-умин  солгарди  Қуввавҳои Мусаллаҳи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳо таҳия намудааст.

Аз ҷумла, гурӯҳҳои корӣ дар ҷамоатҳои деҳот ва маркази шаҳр  оид ба аҳамияти хизмат дар сафи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рисолати бузурги хешро ҷиҳати ҳифзи марзу буми сарзамини аҷдодӣ, таъмини осоишу оромии қаламрави мамлакат ва ҳимояи манфиатҳои Ватан содиқона анҷом додааст, бо аҳолӣ вохӯриҳои судманд баргузор менамоянд.

Источник: khovar.tj