Сухбати телефонӣ бо Президенти Ҷумхурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ

0
136

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муҳтарам Муҳаммад Ашраф Ғанӣ суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Дар рафти суҳбат Сарони ду давлат ҷараёни ташвишовари рушди вазъи низомиву сиёсӣ дар Афғонистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Зимнан ба шиддат гирифтани вазъият дар минтақаҳои шимолии бо Тоҷикистон ҳамсарҳади Афғонистон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Пешвои миллат бо изҳори нигаронӣ Раисҷумҳури Афғонистонро аз ҳодисаҳои нави маҷбуран убур кардани хизматчиёни низомии кишвари ҳамсоя аз хатти сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Афғонистон дар ҷараён гузошт.

Дар баробари ин мавқеи устувори Тоҷикистон нисбати қазияи Афғонистон, ки аз дахолат накардан ба умури дохилаи он ва дастгирии ҳамаҷонибаи талошҳои ҳукумати расмии он ҷиҳати истиқрори сулҳу субот ва амният дар ин кишвари ҳамсоя иборат аст, таъкид гардид.

Дар робита ба ин Президенти кишвари мо қайд карданд, ки Тоҷикистон, чун кишвари ҳамҷавори Афғонистон, ҳамеша манфиатдори оромӣ ва субот дар ин кишвар буда, дар ин мавқеъ минбаъд низ устувор хоҳад монд ва аз ҳамаи талошҳо ҷиҳати пешбурди музокироти сулҳи байниафғонӣ ҷонибдорӣ менамояд.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо оид ба дигар масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла дар соҳаи амниятӣ табодули афкор анҷом дода, зарурати таъмини амнияти сарҳадотро бахусус таъкид карданд.

 

Источник: president.tj