Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалии илмии «Пажӯҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз»

0
209

Донишмандони муҳтарам!
Ҳозирини гиромӣ!

Мардуми шарифи тоҷик дар ҳама давру замонҳо ба мероси гаронбаҳои гузаштаи худ арҷ гузошта, дар хотираи таърихии хеш корномаву қаҳрамонии фарзандони давлатсозу ватандӯст, далеру ғаюр ва фарҳангсолору адабпарварро ҳифз намуда, дар осори хаттиву шифоҳӣ симои барҷаставу тобноки онҳоро ситоиш менамояд.

Ин мероси ниҳоят ғанӣ, ки рӯҳи ниёгон дар он нуҳуфтааст, бо мазмуни баланди башардӯстонаву инсонпарваронааш ба ганҷинаи моддиву маънавии ҷаҳонӣ ворид шуда, диққати оламиёнро ба худ ҷалб кардааст.

Бахусус, даврони давлатдории Сомониён, ки замони авҷи ташаккули халқи тоҷик ба ҳамин давра рост меояд, дар тамаддуни башарӣ камназир мебошад.

Осори илмиву адабӣ ва фарҳангиву таърихии ин замон ҳамчун намунаи барҷастаи дастовардҳои инсоният эътироф гардида, бо мазмуну муҳтаво ва арзиши илмиву адабӣ дар миёни оламиён ҷойгоҳи хосса доранд.

Дар давраи Сомониён тоҷикон соҳиби девону дафтар, нишону парчам ва сохтори муназзами идориву давлатдорӣ гардида, илму маърифат, фарҳангу адаб ва касбу ҳунар рушди бесобиқа пайдо кард ва дар шаҳрҳои калонтарин китобхонаву мадрасаҳо, кӯшку саройҳо, дукону бозорҳо ва растаҳои ҳунармандӣ бунёд ёфтанд.

Дар он давра беҳтарин олимону донишмандон, хаттотону мусиқишиносон, муфассирону орифон, муҳаққиқону мутарҷимон дар марказҳои илмиву адабӣ ҷамъ омада, намунаҳои бемисли осори адабиву илмиро эҷод кардаанд.

Шахсиятҳои барҷаста-Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абӯшакури Балхӣ, Шаҳидии Балхӣ, Кисоии Марвазӣ, Абӯмансури Дақиқӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Абулфазли Балъамӣ, Мотуридии Самарқандӣ, Ҳаким Тирмизӣ, Имом Бухорӣ, Имом Тирмизӣ, Муҳаммади Хоразмӣ, Абулаббоси Бахтиёр, Абулаббоси Марвазӣ, Абулаббоси Сарахсӣ, Робиаи Балхӣ, Ротибаи Барбатӣ ва дигарон дар ҳамин давра зиндагиву эҷод кардаанд, ки осорашон то ба имрӯз ҳамчун калиди ганҷинаи маънавиёт ва саропо тараннумгари арзишҳои башарӣ мебошанд.

Ин давлати нерӯманду муназзам ва шоҳони одили он қавмҳои ориёитабори минтақаи таҳти нуфузи худро муттаҳид сохтанд, ҳамчун мардуми шаҳрсозу шаҳрнишин шаҳрҳои нав бунёд карданд ва сохтори идории тавоноро таъсис дода, мақом ва манзалати тоҷикон ва дигар қавму миллатҳои ориёиро баланд бардоштанд.

Бо дарназардошти ҳамин хизматҳои шоиста ва беназири шоҳони Сомонӣ, мо дар замони соҳибистиқлолӣ ба хотири баланд бардоштани ҳисси миллӣ, ифтихор аз ватану ватандорӣ ва арҷ гузоштан ба гузаштаи пуршарафи халқамон Исмоили Сомонӣ ва давлати Сомониёнро ҳамчун намунаи давлатдории миллӣ эътироф намудем ва 1100 – солагии давлати Сомониёнро дар асоси қарори ЮНЕСКО якҷо бо ҷомеаи башарӣ таҷлил кардем.

Мо дар асоси сарчашмаҳои муътамади таърихӣ ва маъхазҳои илмӣ ба ҷаҳониён симои тоҷиконро бори дигар муаррифӣ карда, наслҳои наву созандаи миллатро ба ҷодаи аз худ кардани таърих ва осори гузаштаи халқамон раҳнамоӣ ва ҳидоят намудем.

Дар айёме, ки мардуми шарифи тоҷик 28-солагии истиқлоли давлатии Ватани маҳбубамонро таҷлил карданд, мо тасмим гирифтем, ки ба 1120 – солагии давлати Сомониён, яъне ба ин давраи пурифтихори халқамон бо нигоҳи нав ва диди тоза рӯ оварем ва масъалаҳои муҳимму умдатарини таъриху фарҳанги он давраро бо арҷгузорӣ ба ин мероси бузург баррасӣ намоем.

Дар доираи ҳамоиши имрӯза низ замони давлатдории Сомониён ва шеваи сарварии онҳо аз ҷумлаи масъалаҳои асосӣ буда, нақши созандаи ин сулолаи ориёӣ дар рушди давлатдории тоҷикон ва дигар халқҳои минтақаву ҷаҳон аз нигоҳи принсипҳои адолати таърихиву иҷтимоӣ ва фалсафию фарҳангӣ бори дигар мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор дода мешавад.

Илова бар ин, масъалаҳои омӯзиши анъанаву суннатҳои таърихиву фарҳангӣ, бахусус, мақоми шоистаи ҷашнҳои миллии мардуми ориёинажод – Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар ташаккули тамаддуни Шарқу Ғарб, инчунин, нақши Куруши Кабир ва Борбади Марвазӣ муҳокима хоҳанд шуд.

Бо истифода аз фурсати муносиб, ин ҳамоиши илмиро ба олимону донишмандоне, ки аз кишварҳои гуногуни дунё ба Тоҷикистон ташриф овардаанд ва ба ҳамаи шумо – ҳозирини арҷманд самимона табрик гуфта, ба кори он комёбиҳо орзу менамоям.

Имрӯз дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо рӯ овардан ба таърих ва арзишҳои миллӣ ба хотири нигаҳдошти анъанаву суннатҳои неки ниёгон ва ҳифзи истиқлоли сиёсиву фарҳангӣ аҳаммияти басо муҳим касб кардааст.

Махсусан, таҳқиқи мукаммали илмии тамаддуни ориёӣ имкон медиҳад, ки паҳлуҳои гуногуни таъриху фарҳанг, нақши гузаштагон дар таъсису таҳкими давлатдорӣ, саҳми чеҳраҳои мондагори сиёсату девонсолорӣ ва илму фарҳанг дар пешрафти тамаддуни башарӣ боз ҳам равшану возеҳ гардонида шавад.

Нақши давлати Сомониён дар ин росто бузург буда, маҳз дар ин давра илова ба низоми мукаммали давлатдорӣ барои рушди ҳаёти моддиву маънавӣ ва зиндагии орому осудаи халқи тоҷик заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуданд.

Саъю талоши ватандӯстона ва сиёсати ягонаву мутамаркази ин шоҳони ватанпарвар буд, ки мақоми забону адаби тоҷикӣ дар қаламрави паҳновари Мовароуннаҳру Хуросон ва фаротар аз он таҳким ёфта, забони тоҷикӣ ба сифати забони расмӣ пазируфта шуд ва рушду такомул ёфт.

Ғайр аз ин, ҳунару адаб, санъату мусиқӣ, ҳикмату фалсафа, тиббу риёзӣ рушд карда, илм ҳамчун ҷавҳари ташаккули маънавиёт ва кашфи асрори нуҳуфта шинохта шуд ва ривоҷ пайдо кард.

Бо таъсиси давлати муқтадири Сомониён марҳалаи нави таҳаввули милливу таърихии тоҷикон ва ҳаракати фарҳангиву адабии тоҷик вусъати бесобиқа гирифт.

Дигар нақши бузургтарину таърихии Сомониён боз дар он аст, ки онҳо ҳудудҳои тоҷикнишинро дар қаламрави ягона муттаҳид карданд ва ба ташаккули халқи тоҷик замина муҳайё намуданд.

Дар ин раванд, Сомониён тавонистанд ба эҳёи фарҳанги миллӣ асос гузоранд, забони модарӣ ва асолати фарҳанги аҷдодиро ҳифз намоянд.

Дар баробари ин, Сомониён арзишҳои аҷдодии ориёиро бо меъёрҳои маънавии исломӣ ба таври табиӣ ва оқилона омезиш доданд, ба низоми сиёсӣ ва идораи давлат моҳияти дунявӣ бахшиданд ва нақши давлатро дар умури иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангӣ устувор сохтанд.

Амир Исмоили Сомонӣ ва ворисони ӯ раванди ташаккули халқи тоҷикро суръат бахшиданд ва имконият фароҳам оварданд, ки халқи тоҷик мақоми воқеӣ ва шоистаи худро соҳиб гардад.

Дар ҳамин давра номҳои муаррификунандаи халқи тоҷик, аз қабили «озодагон» ва «деҳқон» ба муродифи этноними «тоҷик» табдил ёфтанд ва забони шевою шоиронаи тоҷикӣ ба шарофати мавзуниву равонӣ ва дилчаспиву гувороии он изофаи сифатии “дарӣ” гирифта, дар хушоҳангӣ ба “кабкони дарӣ” ва дар бузургиву ҳашамат ҳамчун “забони аҳли дарбор” муаррифӣ гардид, ки ин воқеиятро олимону адибони гузаштаву муосир борҳо таъкиду тасдиқ кардаанд.

Сомониён, инчунин, робитаҳои тиҷоратии Суғди қадимро бо Ҳинду Чин, Рум ва Шарқи Наздик тавсеа бахшида, муносибатро бо қаламравҳои дурдаст, аз ҷумла то ба Шарқи Дур ривоҷ доданд.

Онҳо тавассути шаҳри Балх тиҷорати байналмилалиро бо минтақаҳои қаламрави Осиёи Ҷанубӣ ба роҳ монданд.

Давлати Сомониён тадриҷан ба як ҷузъи нерӯманди тамаддуни башарӣ мубаддал гардид, ки мардуми фарҳангпарвари тоҷик ва кулли ориёитаборонро бо заковати фитриву ҳувияти миллиашон ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.

Аз ин лиҳоз, корномаи таърихиву фарҳангии замони Сомониёнро метавон давраи заррин дар таърихи тамаддуни мардумони Осиёи Марказӣ номид ва ба он арҷ гузошт.

Мо – мардуми тоҷик бо мероси бузурги Сомониён ифтихор дорем ва анъанаву суннатҳои бостонии худро гиромӣ медонем.

Як қисми ин мероси камназир падидаи нодири фарҳангӣ дар тамаддуни башарӣ ба ҳисоб рафта, таърихи боз ҳам қадиматар дорад, ки ҷашну маросим ва ойинҳои Наврӯз, Тиргон (ҷашни қадимаи фасли тобистон), Меҳргон ва Сада аз ҳамин қабиланд.

Ин ойинҳои бостонии ориёитаборон, бидуни вобастагӣ аз ҳама гуна унсурҳои диниву мазҳабӣ, дар миёни мардум маҳбубият пайдо карда, тадриҷан мақоми умумихалқӣ касб намудаанд.

Дар баробари ин, ҷашнҳои мазкур ба ҷузъи таркибӣ ва ҷудоинопазири анъанаҳои миллии мо табдил ёфта, мардуми қадима ва кишоварзу косиб будани ориёитаборонро исбот менамоянд.

Маросиму суннатҳои ин ҷашнҳои бостонӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки тоҷикон ва дигар халқҳои ориёӣ аз қадим ба заминдорӣ, ҳунармандӣ ва чорводорӣ машғул буда, ба табиат муҳаббати хосса доштаанд.

Онҳо дигаргуниҳои табиатро эҳсос карда, барои қонеъ сохтани ниёзҳои рӯҳиву равонии худ ойину ҷашнҳо, ниёишу ривоятҳо ва мусиқиву сурудҳое эҷод кардаанд, ки умеду орзуи одамон дар онҳо самимӣ, табиӣ ва гуворо ифода ёфтаанд.

Имрӯз мо ин маросиму ҷашнҳоро эҳё намуда, онҳоро дар тамоми қаламрави Тоҷикистон бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мекунем.

Чанд рӯз пеш дар кишварамон ҷашни Меҳргон таҷлил гардид ва мардуми мо ба арзишҳои ин ойини бостонӣ эҳтиром гузоштанд.

Дарвоқеъ, Меҳргон, Сада ва Тиргон падидаи нодир дар тамаддуни ҷаҳонӣ мебошанд.

Онҳо моҳияти ҷомеасозӣ, ваҳдату созандагӣ, диду идеалҳои некбинӣ, садоқат ба инсон, замин ва заҳматро ба таври возеҳ инъикос ва ифода мекунанд.

Ин ҷашнҳо рамзи сарҷамъии мардуми заҳматкаш ва ҳамдиливу инсондӯстӣ мебошанд.

Ҷашни Наврӯз низ дорои ҳамин хусусиятҳои писандида буда, аз рӯзгори шоҳони Пешдодиву Каёнӣ ба афкору андешаи суғдиёну бохтариён, портиёну паҳлавиён, тоҷикону эрониён роҳ ёфта, дар ҷаҳонбинии одамони асримиёнагӣ шакл гирифта, то ба замони мо расидааст.

Ин ойини бостонӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ эҳё гардид ва мақоми умумимиллӣ гирифт.

Бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз ин ҷашн тавассути қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид мавқеи байналмилалӣ пайдо намуд, яъне Наврӯз мақоми ҷаҳонӣ касб кард.

Наврӯз падидаи воқеан нодири фарҳангиест, ки рамзҳои нуҳуфтаи зиёд дошта, аз эҳёи табиат дарак медиҳад, ба рӯҳу равони одамон таъсири нек мерасонад ва покиву накӯкорӣ, рӯшноиву зебоӣ ва дӯстиву самимиятро ташвиқ менамояд.

Ҳарчанд ки доир ба шинохти ҷашнҳои зикршуда дастовардҳои илмӣ зиёданд, аммо таҳқиқи масоили гуногуни онҳо дар марҳалаи таърихи навин нигоҳи тоза мехоҳад.

Бовар дорам, ки донишмандон моҳияти фалсафию иҷтимоии ин ҷашнҳоро аз ҳамин нуқтаи назар таҳқиқ карда, дар асоси ҷаҳонбиниву андешаҳои муосир ҷавҳари асливу инсондӯстонаи ин ойинҳоро боз ҳам равшантар месозанд.

 Ҳозирини гиромӣ!

Таърих ганҷинаи маънавии инсоният буда, дар он тамоми рӯйдоду воқеаҳои хурду бузург, бурду бохти давлатдориҳо ва сиёсатмадорону давлатмардон сабт мегарданд ва бо мурури замон воситаи худшиносии халқу миллатҳо мешаванд.

Дар ҳамоиши имрӯза, тибқи нақшаи кории он илова ба арҷгузорӣ ба суннату анъанаҳои пешин, ҳамчунин, саҳифаҳои норавшани марбут ба шинохти Куруши Кабир, шахсият ва низому усули давлатдории ӯ мавриди баҳсу баррасӣ қарор дода мешаванд.

Дарвоқеъ, Куруш яке аз чеҳраҳои барҷастаи арсаи сиёсат ва давлатдории сатҳи ҷаҳонии аҳди бостон ба шумор меравад.

Ӯ аввалин шоҳаншоҳ дар таърихи башарият аст, ки ба қавли файласуфи бузурги олмонӣ Гегел ба оламиён усули мутамаддини давлатдориро эҳдо кардааст ва ҳамчун бунёдгузори пояҳои нахустин низоми ҳуқуқу озодиҳо эътироф шудааст.

Махсусан, Эъломияи Куруш, ки дар он ба ҳамаи инсонҳо ва қавму миллатҳо эҳтироми баробар гузошта мешавад, барои тамаддуни башар бозёфти беназир мебошад.

Риояи ин унсури муттаҳидкунанда дар раванди давлатдорӣ имкон медиҳад, ки сулҳу субот пойдор бошад ва инсон ҳамчун узви ҷомеа қадр ва арҷгузорӣ гардад.

Ба вуҷуд овардани ин андешаи иҷтимоиву таърихӣ ба Куруш имкон дод, ки давлатдории худро устувору пойдор созад ва мардуми қаламрави паҳноварашро дар осоишу рифоҳ нигоҳ дорад.

Дар он Эъломия, ки бо номи “Устувонаи Куруш” машҳур аст, ишора меравад, ки “Сулҳу оромиро ба тамоми мардум ато кардам ва фармон додам, ки ҳама мардум дар парастиши худои худ озод бошанд ва бединонро наёзоранд”.

Ин таъкиди башардӯстонаи Куруш барои ҳифзи амну субот дар ҳамон давра муҳим буд ва имрӯз ҳам рукни бунёдии оромиву осоиш ба шумор меравад.

Дар шароити кунунӣ, ки авзои ҷомеаи ҷаҳонӣ ниҳоят мураккаб ва печида мебошад, ин суханони Куруш аҳаммияти боз ҳам бештар касб карда, мо – аҳли башарро даъват менамоянд, ки ба хотири сулҳу оромӣ талоши бештар кунем, ҳамдигарфаҳмии халқу миллатҳоро таъмин созем, аз ғасбу куштор, зулм ва хушунату зӯроварӣ даст кашем, ақидаҳои нажодпарастонаро маҳкум намоем ва роҳҳои мусолиматомези ҳалли низоъҳоро пайдо карда, дар оромиву осоиш умр ба сар барем.

Ин принсипҳои сулҳовару ваҳдатсоз дар замони мо арзиши басо зиёд доранд ва маҳз онҳо омили бақои башарият ба шумор мераванд.

Аз ҳамин дидгоҳ, Куруш давлати бузурги шоҳаншоҳиеро ба вуҷуд овард, ки эҳтироми қавму миллатҳо ва дину мазҳабҳо пояи онро ташкил мекард.

Ӯ ба озодии ақидаҳои динии қавму миллатҳои мухталиф эҳтиром гузошт ва барояшон имконоти баробарро муҳайё намуд.

Рисолати таърихии Куруш боз дар он равшан мегардад, ки ӯ қавмҳои сершумори ориёиро бо ҳам наздику ошно сохт ва ба рушди фарҳангу андешаву афкори онҳо замина фароҳам овард.

Дар баробари ин, Куруш ҳунармандону фарҳангиён ва олимону адибонро дар як марказ ҷамъ кард ва асосҳои маданияти бузурги ориёиро ба вуҷуд овард, ки онҳо дар бисёр осори таърихиву бостонӣ инъикос ёфта, то ба замони мо расидаанд.

Аз нигораҳои аҳди Куруш маълум мешавад, ки дар ин давра тамаддун ниҳоят пеш рафта, санъату ҳунар рӯ ба инкишоф овардааст.

Бозёфтҳои мисӣ, нуқрагӣ ва тиллоӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки ориёиҳо баробари кишоварзиву чорводорӣ, инчунин, ҳунарманду санъатдӯст будаанд, ки ин анъанаи неку созандаи онҳо минбаъд идома ва ташаккул меёбад.

Аз замони Куруш оғоз гардида, то давраи Сомониён дар санъату фарҳанг арзишҳои мондагор ба вуҷуд омадаанд.

Аз ин рӯ, омӯзиши масъалаҳои консептуалии таърихи ташаккули санъат, раванди эҳёи анвои мусиқӣ, кашфи созҳои миллӣ ва таҳқиқи паҳлуҳои норавшани шахсияти Борбади Марвазӣ ва нақши ӯ дар рушди мусиқии суннатӣ аз ҷумлаи иқдомоте мебошанд, ки таҳқиқи амиқи муқоисавию таърихиро тақозо менамоянд.

Барои гузаштагони мо мусиқиву санъат ҳунари воло ба шумор рафта, орзую омол ва андешаи мардум дар онҳо ба таври васеъ ифода меёфтаанд.

Барои ҳамин, мо то ба имрӯз ба осори саромадони мусиқии суннатӣ, ки поягузори он Борбади Марвазӣ-пири хунёгарони Шарқ арҷи бештар мегузорем ва осори ӯро аз қаъри таърих ва сарчашмаҳои гузашта меомӯзем.

Тибқи маълумоти донишмандони сатҳи ҷаҳонӣ Борбад, дарвоқеъ, яке аз чеҳраҳои тобноки мусиқии Шарқ ба ҳисоб меравад.

Борбад дар инкишофу рангомезии ҳунари эҷод ва иҷрои мусиқии касбӣ, вусъати сабку равияҳои иҷро, шаклу анвоъ ва жанрҳои мусиқиву шеър нақши басо назаррас гузоштааст.

 Борбад дар сохтори шаклу анвои шеъру мусиқӣ таснифоти нави силсилавии созию овозии мураккабро ба анъанаи эҷоду иҷрои мусиқӣ ворид намудааст.   

Ин нобиғаи Шарқ дар таърихи мероси фарҳангии мо чун ровии беназир сабт шуда, мактаби ҳунарӣ ва осори ӯ дар мусиқии суннатӣ арзиши беназир дорад.

Агар Борбади Марвазӣ пойдевори мусиқиро дар санъати ориёитаборон устувор сохта бошад, устод Рӯдакӣ бо ашъори ғиноӣ ва дилангезаш шеърро оламгир кард, забони ноби тоҷикиро, ки лаҳни баёни гӯётарин ва ширинтарин дорад, ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд ва асосгузори сухани адабии тоҷикӣ, форсӣ ва дарӣ гардида, шукӯҳу шаҳомати давлати Сомониёнро абадӣ гардонид.

Умедворам, ки донишмандони муҳтарам аз рӯи меъёрҳои воқеият ва адолати таърихӣ амал карда, дар ҷараёни таҳқиқ қонунҳои умдатарини фалсафаю ҳикмат ва назарияи муқоисавию таърихиро риоя мекунанд ва дар доираи арзишҳои муосири илмӣ ба осори гузаштаи халқи тоҷик аз замони Куруш то ба давраи Сомониён баҳои воқеӣ медиҳанд.

Дар баробари ин, доир ба меросбарии наслҳо ва пайванди замонҳо андешаҳои созанда пешниҳод мекунанд.

Имрӯз вақти он расидааст, ки мо таърихи халқи тоҷикро дар алоқамандӣ бо таърихи гузаштагони пешини худ, аз ҷумла бохтариҳо, суғдиҳо, портҳо, модҳо, форсҳо, халқҳои саҳронишини сакоӣ, скифҳо, сарматҳо, массагетҳо ва дигар қавмҳои ориёинажод мавриди пажӯҳиш қарор диҳем.

Ҳамчунин, мо бояд мероси гаронбаҳои асрҳои миёнаро то ба имрӯз ҳарчи бештару амиқ омӯхта, ба гузаштаи пурифтихори халқи тоҷик баҳои воқеӣ диҳем, онро ба ҷаҳониён дуруст муаррифӣ кунем ва ба решаҳои таърихиву фарҳангии худ арҷи бештар гузорем.

Дар фароварди сухан бо умеди амалишавии ниятҳои нек ба иштирокчиёни Симпозиум дар самти омӯзиш ва таҳқиқи таърихи пурғановати гузаштаи халқи тоҷик ва дигар миллату қавмҳои ориёӣ барори кор хоҳонам.

Дар атрофи мизи мудаввар ҷамъ омадани донишмандони шинохта аз кишварҳои гуногун, ки ба пажӯҳиши таърихи аҳди бостони халқи тоҷик таваҷҷуҳи хосса доранд, барои мо – тоҷикон боиси ифтихор аст.

Бори дигар ҳар яки шуморо ба ин диёри зебо – як гӯшаи ҷаҳони тамаддуни ориёӣ хуш омадед гуфта, ба кори ҳамоиши байналмилалӣ барору муваффақият мехоҳам.

Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам!

Источник: president.tj