Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амфитеатри шаҳри Кӯлоб

0
4

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Нахуст аз ҳама, тамоми сокинони ватандӯсту ватанпарвари вилояти Хатлон ва ҳар яки шумо – намояндагони мардуми сарбаланд ва ғаюру далери шаҳри бостонии Кӯлобро ба ифтихори ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон – сиюмин солгарди истиқлоли давлатии Тоҷикистон, инчунин, Рӯзи забони давлатӣ самимона табрик мегӯям.

Тайи чанд рӯзе, ки мо бо сафари корӣ дар вилояти Хатлон қарор дорем, бо натиҷаҳои заҳмати созандаи мардуми ин диёр ошно гардидем ва итминон ҳосил кардем, ки сокинони вилоят мисли тамоми мардуми кишвари маҳбубамон ба қадри Ватани соҳибихтиёр ва давлати соҳибистиқлоли худ мерасанд.

Давлат ва Ҳукумати мамлакат низ, дар навбати худ, барои рушди ин диёри бостонӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии ин мардуми фидокор ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ гардонида истодааст.

Бояд гуфт, ки дар давраи даргириҳои даҳшатноки солҳои 90-ум вилояти Хатлон яке аз марказҳои бесарусомониҳо гардида буд.

Дар натиҷа шаҳру ноҳияҳои вилоят зарари зиёди ҷониву моддӣ дида, ҳазорон манзили истиқоматӣ, иншооти маъмурӣ ва иҷтимоиву истеҳсолӣ, аз ҷумла муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ ва инфрасохтори коммуникатсионӣ сӯхта ва харобу валангор шуданд.

Чунин шароит, табиист, ки хароҷоти зиёди молиявиро барои барқарорсозии иншооти харобгардида талаб мекард.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии пайвастаи Ҳукумати мамлакат барои таъмин намудани рушди устувори соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти вилоят ва беҳтар сохтани шароити зиндагии сокинони он аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 62 миллиард сомонӣ равона гардидааст.

Танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои таъмини фаъолияти соҳаҳои мухталифи вилоят, бунёди иншооти иҷтимоӣ, таъмиру азнавсозии роҳу пулҳо, корҳои сохтмону ободонӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дастгирии буҷети вилоят 22,6 миллиард сомонӣ равона шудааст.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар вилоят беш аз 80 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 15 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло татбиқи боз 39 лоиҳаи дигар идома дорад, ки дар доираи онҳо то ба имрӯз 5,8 миллиард сомонӣ аз худ карда шудааст.

Инчунин, дар ин давра ба вилоят зиёда аз 18,9 миллиард сомонӣ сармояи мустақим ҷалб шудааст, ки 11,1 миллиард сомонии он сармояи мустақими хориҷӣ ва 7,8 миллиард сомонӣ сармояи мустақими дохилӣ мебошад.

Илова бар ин, дар Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2021 – 2025 амалисозии боз 345 лоиҳаи дигар ба маблағи умумии 7,4 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Тайи 30 сол дар ҳудуди вилоят ба маблағи умумии зиёда аз 27,4 миллиард сомонӣ ҳазорҳо иншооти гуногуни иҷтимоиву иқтисодӣ бунёду азнавсозӣ шудааст, ки дар натиҷа шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон хеле ободу зебо гардида, бисёр масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ ҳаллу фасл ва сатҳу сифати зиндагии мардум бамаротиб беҳтар шудааст.

Танҳо барои сохтмони иншооти маъмурии мақомоти давлатӣ дар давоми 15 соли охир аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ зиёда аз 2,5 миллиард сомонӣ маблағ равона гардидааст.

Ҳамзамон бо ин, барои бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин намудани аҳолии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат се лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 452 миллион сомонӣ амалӣ гардида, дар доираи онҳо барқарорсозии шабакаҳои оби нӯшокӣ дар шаҳру ноҳияҳои Панҷ, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Данғара, Бохтар ва Кӯлоб анҷом дода шудааст.

Ҳоло боз 3 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 900 миллион сомонӣ барои барқарорсозӣ ва азнавсозии шабакаҳои обтаъминкунии шаҳру ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Ёвон, Норак, Восеъ, Кушониён, Левакант, Дӯстӣ ва Ҷайҳун идома дошта, то имрӯз ба маблағи 230 миллион сомонӣ корҳо иҷро шудаанд.

Илова бар ин, соли ҷорӣ татбиқи лоиҳаи барқарорсозии шабакаи оби нӯшокӣ ва корези шаҳри Кӯлоб ба маблағи беш аз 101 миллион сомонӣ оғоз гардид.

Дар баробари ин, мардуми заҳматкаши вилояти Хатлон ҷиҳати таҷлили сазовори ҷашни 30 – солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон корҳои бузурги созандагиро ба роҳ монда, дар се соли охир беш аз 7600 иншооту биноҳои таъиноти гуногунро сохта, ба истифода додаанд, ки дар онҳо 32 ҳазор нафар сокинони вилоят бо ҷойи корӣ таъмин карда шудаанд.

Бо истифода аз фурсат, ба кулли мардуми заҳматқарини вилоят ва махсусан, ба соҳибкорони ватандӯст ва шахсони саховатпеша изҳори сипос карда, ҳамчунин, хотирнишон месозам, ки корҳои ободониву бунёдкориро минбаъд низ идома дода, истифодаи самараноки иншооти бунёдшуда ва дар сатҳи зарурӣ нигоҳ доштани онҳо бояд таъмин карда шавад.

Дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат ва фаъолияти самарабахши мардуми шарифи вилоят маҷмӯи маҳсулоти минтақавии вилоят ҳамасола афзоиш ёфта, соли 2020 ба 22,1 миллиард сомонӣ расидааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2000-ум 41 баробар зиёд мебошад.

Хароҷоти буҷети маҳаллии вилоят ба соҳаҳои мухталиф низ сол ба сол афзуда, аз 21,2 миллион сомонии соли 2000 то 1,9 миллиард сомонӣ дар соли 2020 расонида шудааст, ки афзоиши он 90 баробарро ташкил медиҳад.

Дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ дар вилоят аз 91 фоизи соли 1999 ба 32,8 фоиз дар соли 2019 коҳиш ёфтааст.

Вале ин нишондиҳанда ҳанӯз қонеъкунанда набуда, ҷиҳати боз ҳам паст кардани он тамоми имкониятҳо бояд сафарбар карда шаванд.

Ҳозирини гиромӣ!

Дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии вилоят мунтазам зиёд гардида, аз 1,9 миллиард сомонии соли 1995 ба 9 миллиард сомонӣ дар соли 2020 расонида шудааст.

Соли 1991 дар вилоят ҳамагӣ 75 корхонаи саноатӣ мавҷуд буд.

Ҳоло ин шумора ба 626 корхона баробар гардидааст.

Солҳои охир дар баробари таъмини пурраи бозори дохилӣ бо маҳсулоти гӯштию ширӣ, обҳои маъданию ташнашикан, консерваҳои меваю сабзавот ва намаки ошӣ содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар низ ба роҳ монда шудааст.

Тайи замони соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 5 корхонаи истеҳсоли семент сохта, ба истифода дода шудааст.

Дар натиҷа соли 2020 дар вилоят 2,6 миллион тонна семент истеҳсол гардидааст.

Бо вуҷуди пешравиҳои зикргардида, имкониятҳои вилоят дар самти истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва таъмин намудани гуногунсамтии он ҳанӯз зиёд мебошанд.

Бо дастгирии пайвастаи Ҳукумати мамлакат ва заҳмати софдилонаи сокинон дар давоми 30 соли истиқлоли давлатӣ соҳаи кишоварзӣ дар вилояти Хатлон мунтазам рушд ёфта, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа дар ин давра 4,6 баробар афзудааст.

Бояд гуфт, ки афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ аз иқдоми ба аҳолии вилоят тақсим намудани 32,5 ҳазор гектар заминҳои президентӣ оғоз гардид.

Зеро маҳз дар солҳои ниҳоят вазнини 90-ум мардум аз ин заминҳо самаранок истифода бурда, аз хатари гуруснагӣ раҳоӣ ёфтанд ва минбаъд шароити зиндагии худро беҳтар намуданд.

Бо дастгирии пайвастаи давлату Ҳукумати мамлакат майдони умумии заминҳои наздиҳавлигии сокинони вилоят ба ҳолати моҳи январи соли 2021 ба 90 ҳазор гектар расида, нисбат ба соли 1991-ум 58 ҳазор гектар ё ду баробар зиёд шудааст.

Дар натиҷаи тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ дар вилоят то оғози соли 2021 майдони боғу токзор ба 62 ҳазор гектар расонида шудааст, ки дар муқоиса бо соли 1991-ум 35 ҳазор гектар ё 2,3 баробар зиёд мебошад.

Бо вуҷуди дастовардҳои назарраси зикршуда, таъкид месозам, ки ҳанӯз ҳам имкониятҳои вилоят ҷиҳати зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва содироти зироатҳои барвақтӣ ниҳоят васеъ мебошанд.

Тайи даврони соҳибистиқлолӣ дар соҳаи роҳу нақлиёти вилояти Хатлон 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи зиёда аз 5,1 миллиард сомонӣ татбиқ гардида, 439 километр роҳҳои дорои аҳаммияти байналмилалӣ, 2 нақб ва 34 пул сохта, ба истифода дода шудааст.

Ҳоло дар ин самт боз 5 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз 4,7 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст, ки дар доираи онҳо 219 километр роҳҳои аҳаммияти байналмилалӣ ва ҷумҳуриявидошта, 3 нақб ва 25 пул сохта, ба истифода дода мешаванд.

Илова бар ин, лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳои дохилии шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб, азнавсозии роҳҳои мошингарди Кӯлоб – Муъминобод ва Кӯлоб – Шамсиддини Шоҳин ба маблағи умумии қариб 1 миллиарду 400 миллион сомонӣ татбиқ гардида, ба истифода супорида шуданд.

Дар замони истиқлоли давлатӣ роҳи оҳани Бохтар – Кӯлоб ба масофаи 132 километр сохта, ба истифода дода шуд ва дар доираи он 5 пули калон низ бунёд гардид.

Ҳамчунин, фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб пурра азнавсозӣ гардида, ба тамоми меъёрҳои сатҳи байналмилалӣ мутобиқ гардонида шуд.

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар қаламрави вилоят тавассути татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ду нерӯгоҳи барқи обӣ бо иқтидори умумии 890 мегаватт, 37 нерӯгоҳи барқи обии хурд бо иқтидори умумии 1654 киловатт, 290 километр хатҳои интиқоли барқи 220 – киловолта, 4 зеристгоҳи нави барқии 220 – киловолта ва дигар инфрасохтори энергетикӣ ба маблағи умумии 12,6 миллиард сомонӣ бунёд ва таҷдиду азнавсозӣ карда шуданд.

Ҳоло дар ин самт татбиқи боз 7 лоиҳаи дигар ба маблағи умумии 9 миллиард сомонӣ идома дорад.

Ҳамдиёрони азиз!

Бо дастгирии пайвастаи Ҳукумати мамлакат дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба маблағи 1,8 миллиард сомонӣ 1161 бинои муассисаи нави таълимӣ ва бинои иловагӣ барои 468 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст.

Соли ҷорӣ ба муносибати ҷашни 30 – солагии истиқлоли давлатӣ дар қаламрави вилоят аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохтмону азнавсозии боз 115 бинои муассисаи таълимӣ барои 47 ҳазор хонанда амалӣ шуда истодааст, ки ҳамаи онҳо то охири сол ба истифода супорида мешаванд.

Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар вилояти Хатлон шумораи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ низ афзуда, аз 8 ба 25 муассиса ва шумораи донишҷӯёни онҳо аз 7 ҳазор нафар ба 29 ҳазор нафар расидааст.

Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар қаламрави вилоят тайи даврони истиқлол аз 2 ба 6 расида, ҳоло дар онҳо 50 ҳазор нафар донишҷӯён таҳсил менамоянд, ки афзоиши ин нишондиҳанда дар 30 сол 9 баробарро ташкил медиҳад.

Бо мақсади ҳалли масъалаҳои соҳаи тандурустии вилоят ҳамчун минтақаи аз ҳама сераҳолии мамлакат дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ маблағгузории соҳа аз ҳисоби буҷети давлатӣ 1667 баробар зиёд карда, ба 534 миллион сомонӣ дар соли 2021 расонида шуд.

Шумораи муассисаҳои тиббӣ дар ин давра аз 892 то ба 1703 расидааст.

Танҳо дар доираи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба ифтихори ҷашни 30 – солагии истиқлоли давлатӣ дар ҳудуди вилоят ба маблағи 600 миллион сомонӣ 941 иншооти соҳаи тандурустӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Илова бар ин, дар соҳаи тандурустии вилоят боз як қатор барномаҳо амалӣ шуда истодаанд, ки ба рушди соҳа ва боз ҳам беҳтар гардидани хизматрасонии тиббӣ ба сокинони вилоят мусоидат менамояд.

Ҳамдиёрони азиз!

Тавре ки мушоҳида мегардад, амалисозии нақшаву барномаҳои созандаи Ҳукумати мамлакат ба рушду тараққиёти бесобиқаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон мусоидат карда, дар ояндаи наздик шаҳру ноҳияҳои вилоят ва деҳоти он боз ҳам ободу зебо ва сатҳу сифати зиндагии сокинон хеле беҳтар мегардад.

Истифодаи самараноки захираву имкониятҳои мавҷуда ва таъмин намудани пешрафти минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии вилоят, пеш аз ҳама, ба заҳмати содиқона ва азму талоши созанда, инчунин, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастии ҳар як роҳбар, шахси масъул, мутахассис ва ҳар як сокини вилоят вобаста мебошад.

Итминон дорам, ки мардуми ватандӯст, бонангу номус ва матиниродаи вилояти Хатлон, хусусан, бо дарназардошти вазъи ҷаҳони имрӯза, минбаъд низ дар ҳифзи дастовардҳои таърихии халқамон ва ҳимояи манфиатҳои давлату миллати куҳанбунёдамон бо ҳисси баланди миллӣ ҳушёру омода хоҳанд буд ва бо заҳмати содиқонаву софдилонаи худ ин гӯшаи Ватани маҳбубамонро боз ҳам ободу пешрафта хоҳанд гардонид.

Барои расидан ба чунин рӯзҳои осудаву босаодат, яъне ҳифзи истиқлолу озодӣ, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мардуми ватандӯсти вилояти Хатлон ва хусусан, сокинони ғаюру далери шаҳри бостонии Кӯлоб фидокориву ҷоннисориҳои зиёд кардаанд, ки давлату Ҳукумат ва мардуми қадршиноси Тоҷикистон хизмати таърихии онҳоро ҳамеша арҷ мегузоранд.

Бори дигар кулли мардуми меҳмоннавозу сарбаланд ва ватандӯсти вилояти Хатлон, шаҳри бостонии Кӯлоб ва ҳамаи шумо – ҳозирини арҷмандро бори дигар ба ифтихори 30 – солагии истиқлолу озодии Ватани маҳбубамон ва Рӯзи забони давлатӣ самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар як сокини вилоят саломативу хушбахтӣ, иқболи нек ва файзу баракат орзу менамоям.

Доимо хушбахту пирӯз бошед, ҳамдиёрони азиз!

Источник: president.tj