Суханронӣ дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд

0
264

Ҳамдиёрони арҷманд!

Имрӯзҳо сокинони кишвари азизамон дар айёми омодагӣ ба истиқболи бистуҳаштумин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун муҳимтарин санаи таърихи миллат дар саҳифаҳои давлатдории мо бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст, қарор доранд.

Ҳоло, ки мо ба дидорбинии шумо омадаем, бо истифода аз фурсат тамоми мардуми заҳматқарини ноҳияи Зафарободро ба ифтихори ин санаи фархунда самимона табрик гуфта, ба ҳамаи шумо тандурустӣ, рӯзгори обод ва саодату сарбаландӣ орзу менамоям.

Боиси ифтихор аст, ки имрӯз баробари ба забон овардани номи Зафаробод дар пеши назар макони ободу зебои Тоҷикистони азизамон, арсаи меҳнату шуҷоат ва ҷасорату корнамоиҳои фарзандони бонангу номуси халқамон ҷилвагар мешавад.

Зеро беш аз ним аср муқаддам фотеҳону азхудкунандагони дашти Мирзочӯли тоҷик бо фаъолияти ватандӯстона ва ранҷу заҳматҳои азим ноҳияе бунёд карданд, ки ҳоло мояи ифтихори мардуми Тоҷикистон гардидааст.

Корнамоии деҳқонони асил ва аҳли заҳмати ноҳия, ки як макони холӣ, биёбони беоб ва дорои иқлими сӯзону бодҳои шадидро дар муддати кӯтоҳи таърихӣ ба мавзеи ободу файзбор табдил додаанд, мактаби бузурги мардонагиву диловарӣ ва таҷрибаи воқеии созандагӣ барои наслҳои имрӯзу оянда мебошад.

Бояд гуфт, ки даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди босуръати ноҳияи Зафаробод такони ҷиддӣ бахшид.

Аҳолии ноҳия аз 45 ҳазор нафари соли 1991 ба 75 ҳазор нафар дар соли 2019 расида, ҳаҷми буҷети маҳаллӣ дар 20 соли охир беш аз 60 баробар афзудааст, ки ин нишонаи таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати мамлакат ба ин гӯшаи Ватанамон ва гувоҳи возеҳи беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардуми он мебошад.

Дар ин давра аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузории буҷети давлатӣ барои рушди ноҳияи Зафаробод 262 миллион сомонӣ ва аз ҳисоби лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ 23 миллион сомонӣ равона гардидааст.

Дар Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Зафаробод барои солҳои 2016-2020-ум 106 лоиҳа ба маблағи умумии 145 миллион сомонӣ пешбинӣ шуда, тайи сеюним соли охир 15 лоиҳа иҷро гардидааст ва ҳоло амалисозии 46 лоиҳаи дигар давом дорад ва зарур аст, ки суръати корҳо дар ин самт тезонида шавад.

Ҳоло дар ноҳия татбиқи 5 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ идома дошта, то ҳол дар доираи он 24 миллион сомонӣ аз худ карда шудааст.

Дар доираи лоиҳаи “Барқарор намудани системаҳои оби нӯшокии Шимол-2”, ки бо ҷалби қариб 34 миллион сомонӣ тасдиқ шудааст, то имрӯз корҳои сохтмону барқарорсозӣ ба маблағи 17 миллион сомонӣ иҷро шудаанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод вазифадоранд, ки якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ татбиқи саривақтӣ ва босифати лоиҳаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳимро таҳти назорати қатъӣ қарор диҳанд.

Дар даврони истиқлолият ба хотири рушди соҳаи саноати ноҳия корхонаҳои коркарди пахта, истеҳсоли равған, масолеҳи сохтмон, маҳсулоти шириву қаннодӣ сохта, ба истифода дода шудаанд.

Вале аз рӯи таҳлилҳо корхонаҳои зикршуда фаъолияти муназзам надошта, баъзеи онҳо мавсимӣ кор мекунанд. Аз ин лиҳоз, роҳбарони вилоят, ноҳия ва корхонаҳоро зарур аст, ки бо истифода аз таҷҳизоту технологияҳои пешқадам фаъолияти самарабахшу муназзами корхонаҳоро таъмин намоянд.

Шумораи умумии корхонаҳои саноатӣ дар нимсолаи аввали соли 2019 назар ба ҳамин давраи соли гузашта кам шудааст, ки чунин вазъ бояд ба таври ҷиддӣ таҳлил карда шавад. Илова бар ин, дар ҳамин давра истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ҳамагӣ 4,5 фоиз афзоиш ёфтааст.

Дар моҳи июли соли 2018-ум 23 корхонаи саноатӣ ҳисоботдиҳанда буд, аммо имрӯз то 18 корхона коҳиш ёфтааст.

Тибқи нақшаи бунёди корхонаву коргоҳҳои саноатӣ дар шашмоҳаи аввали соли 2019 аз се корхонаи нави ба нақша гирифташуда ду корхона ба фаъолият оғоз кардааст.

Бо мақсади таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ширӣ ҳоло дар маркази ноҳия аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ коргоҳи коркарди маҳсулоти ширӣ бо иқтидори коркарди 5 тонна шир дар як шабонарӯз фаъолият мекунад.

Имрӯз дар деҳаи Наврӯз фермаи парвариши чорвои хурд ва коргоҳи истеҳсоли панир ба истифода дода мешавад.

Ҳамчунин, дар маркази ноҳия бунёди боз як корхонаи маҳсулоти ширӣ идома дошта, то охири соли равон ба фаъолият оғоз мекунад.

Ҳоло дар ноҳия 4 коргоҳи хурди истеҳсоли сару либоси мактабӣ фаъолият дошта, дар 6 моҳи соли ҷорӣ 4700 ҷуфт либоси мактабӣ истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,7 фоиз зиёд мебошад. Аммо ин нишондиҳанда ҳанӯз қонеъкунанда нест, чунки шумораи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ сол ба сол афзоиш ёфта истодааст.

Вобаста ба ин, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод зарур аст, ки якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва дигар мақомоти дахлдори давлатӣ ҷиҳати татбиқи сиёсати воридотивазкунӣ, афзоиш додани дӯхти либосҳои мактабӣ, ташкили коргоҳу корхонаҳои коркарди меваю сабзавот ва дигар маҳсулоти кишоварзиро таъмин намоянд.

Ҳозирини гиромӣ!

Дар шашмоҳаи аввали соли 2019 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 122 миллион сомонӣ расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,4 фоиз зиёд гардидааст.

Қобили зикр аст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2018 афзоиши аксари нишондиҳандаҳои истеҳсолии соҳа аз 101 фоиз то ду баробар таъмин карда шудааст.

Аммо истеҳсоли мева 8,2 фоиз ва пилла 19 фоиз коҳиш ёфтааст, ки дар ин самт аз роҳбарону масъулон андешидани тадбирҳои зарурӣ тақозо мегардад.

Тибқи таҳлилҳо яке аз сарчашмаҳои асосии даромади буҷети маҳаллии ноҳияи Зафаробод ба рушди соҳаи кишоварзӣ, алалхусус, пахтакориву чорводорӣ вобаста мебошад.

Дар ноҳияи Зафаробод низ ба мисли дигар ноҳияҳои пахтакори мамлакат тайи солҳои тӯлонӣ пахта ҳамчун маҳсулоти асосии кишоварзӣ истеҳсол гардида, дар шакли ашёи хом ба хориҷи кишвар содирот карда мешуд.

Бинобар ин, ман борҳо таъкид кардаам, ки пахтаи истеҳсолшаванда бо мақсади ба даст овардани арзиши баланди иловагӣ бояд дар дохили кишвар то ҳадди ниҳоӣ, яъне то зинаи маҳсулоти тайёр коркард карда шавад.

Бо дарназардошти ин, Ҳукумати кишвар солҳои охир ба масъалаи бунёд намудани коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ афзалият дода, мақсад гузоштааст, ки бо ҳамин роҳ Тоҷикистонро аз кишвари аграриву саноатӣ ба мамлакати саноативу аграрӣ табдил дода, ҳамзамон бо ин, ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии мамлакат муваффақ гардад.

Дигар ин, ки бо истифода аз захираҳои фаровони ашёи хоми маҳаллӣ тараққӣ додани соҳаҳои нассоҷиву дӯзандагӣ, яъне васеъ ба роҳ мондани коркарди пахта, истеҳсоли ришта, матоъ ва либос яке аз роҳҳои асосии таъсис додани ҷойҳои корӣ, беҳтар гардонидани шароити зиндагии сокинон ва омили муҳимми зиёд кардани маҳсулоти ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда мебошад.

Ҳоло дар ноҳия як корхонаи нассоҷӣ, 13 корхонаи коркарди пахта ва 5 корхонаи истеҳсоли равған фаъолият дорад, ки таъмин намудани онҳо бо ашёи хоми маҳаллӣ ва ба роҳ мондани фаъолияти муназзами онҳо дар самти саноатикунонии босуръати кишвар мусоидат хоҳад кард.

Дар баробари ин, дар ноҳия соли 2019 дар майдони қариб 7500 гектар кишти зироатҳои хӯроки чорво гузаронида шудааст, ки аз он 4300 гектарро юнучқаи солҳои пеш ташкил медиҳад ва ин заминаи устувор барои рушди соҳаи чорводорӣ мебошад.

Вале бояд гуфт, ки дар ноҳия имкониятҳои истифоданашуда барои рушди соҳаҳои пахтакориву сабзавоткорӣ, чорводорӣ ва коркарди маҳсулот хеле зиёданд.

Як рӯз пеш ҳангоми мулоқот дар ноҳияи Деваштич андешаҳои худро доир ба масъалаи оқилонаву самаранок истифода намудани заминҳои корам муфассал изҳор намудам, ки ҳамаи он гуфтаҳо ба ноҳияи Зафаробод низ тааллуқ доранд.

Зеро дар ноҳияи Зафаробод қариб 31 ҳазор гектар заминҳои корами обӣ мавҷуданд, ки дар сурати истифодаи самараноки онҳо ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва ҳосилнокӣ зиёд гардида, шароити зиндагии мардум хеле беҳтар ва сокинон бо ҷойи кории доимӣ таъмин шуда, коргоҳҳои саноатӣ бо ашёи хоми маҳаллӣ таъмин мегарданд.

Дар баробари ин, рушди соҳаи кишоварзии ноҳия, дар навбати аввал, аз фаъолияти мунтазами пойгоҳҳои обкашӣ вобастагӣ дорад. Масъалаи мазкур зери назорати доимии Ҳукумати мамлакат қарор дошта, ҷиҳати таъминоти техникии пойгоҳҳои обкашӣ таҷҳизоту маблағҳои зарурӣ ҷудо карда мешаванд.

Бо вуҷуди тадбирҳои андешидашуда мушкилоти мазкур то ҳол роҳи ҳалли пурраи худро наёфтааст. Ҳол он, ки чанд сол пеш ба ноҳия бо супориши Роҳбари давлат ҷиҳати рафъи ин мушкилот маблағҳои зарурӣ ва таҷҳизот барои таъмири пойгоҳҳои обкашӣ ҷудо гардида буд.

Вале бо сабаби мақсаднок истифода нашудани маблағ ва фориғболии баъзе масъулон то ҳол пойгоҳҳои обкашии ноҳия ба таври пурра фаъолият намекунанд.

Ман дар ин хусус дар назди роҳбарони вилоят ва вазорату идораҳои марбута дастуру супоришҳои дахлдорро гузоштам.

Вобаста ба истифодаи имкониятҳои ноҳия, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияи Зафарободро зарур аст, ки якҷо бо Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва дигар мақомоти дахлдор ҷиҳати зиёд намудани майдони кишт ва истеҳсоли пахта, беҳтар намудани ҳавасмандии кишоварзон ба афзун намудани он, таъмини фаъолияти муназзами пойгоҳҳои обкашӣ, ба гардиши кишоварзӣ баргардонидани заминҳои партов ва таъсис додани коргоҳҳои коркарди маҳсулот тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.

Дар ноҳия бо мақсади истиқболи арзандаи ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёду азнавсозии 380 иншоот ба маблағи умумии 100 миллион сомонӣ пешбинӣ гардида, то ба имрӯз 155 банди нақшаи корҳои ободонӣ ба маблағи 24 миллион сомонӣ иҷро шудааст.

Роҳбарони ноҳия вазифадоранд, ки бо мақсади тезонидани корҳои ободониву бунёдкорӣ ҳамкориро бо мақомоти дахлдор, соҳибкорон ва аҳолӣ тақвият бахшанд.

Ҳамзамон бо ин, дар ҳамкорӣ бо Вазорати нақлиёт ҷиҳати таъмиру таҷдиди роҳҳои дохилии ноҳия тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Дар ноҳияи Зафаробод 25 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 22 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 литсей ва 1 гимназия мавҷуд буда, чи тавре ки дар боло зикр кардам, дар онҳо қариб 15 ҳазор нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Шумораи омӯзгорон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия зиёда аз 1000 нафар буда, қариб 60 фоизи онҳоро занҳо ташкил медиҳанд.

Дар ноҳия ҷиҳати ҷалби ҷавонон ба варзиш ва таблиғи тарзи ҳаёти солим дар байни ҷомеа 18 толори варзишӣ, 48 майдончаи варзишӣ, варзишгоҳ бо 2000 ҷойи нишаст ва варзишгоҳи хурд бо 750 ҷойи нишаст фаъолият дорад.

Бо мақсади таъмини иҷрои босамари “Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030” ва дар доираи татбиқи нақшаи чорабиниҳои “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” зарур аст, ки раванди бунёди инфрасохтори сайёҳиро вусъат бахшида, дӯкону растаҳои фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ ташкил карда шаванд.

Ҳамчунин, масъулонро зарур аст, ки корҳоро доир ба ташкили курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ ва коргоҳҳои истеҳсоли маҳсулоту маснуоти дастӣ барои сайёҳон ҷоннок намоянд.

Зеро ба ин васила садҳо ҷойҳои корӣ, алалхусус, барои занон фароҳам овардан мумкин аст.

Таъкид месозам, ки бо вуҷуди назаррас будани натиҷаҳои пешрафти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ноҳия, зарур аст, ки тавассути истифодаи захираву имкониятҳои мавҷуда ва пурра таъмин намудани нишондиҳандаҳои дурнамои рушди ноҳия сатҳи зиндагии сокинонро бамаротиб беҳтар кардан мумкин аст.

Ҳозирини арҷманд!

Ман, ҳамчун Роҳбари давлат ба сокинони ноҳияи Зафаробод таваҷҷуҳи хосса дорам, зеро шумо ва тамоми мардуми ноҳия ба қадри заҳмат ва истифодаи ҳар як ваҷаб замини муқаддаси Ватан мерасед. Падару бобоёни шумо ранҷу азоби зиёд кашида, дар обод кардани дашту саҳроҳои беобу тафсони Мирзочӯл саҳми бузург гузоштаанд.

Барои обод гардонидани ин мавзеъи як замонҳо нообод саҳми наслҳои имрӯза низ хеле назаррас аст. Ҳукумати мамлакат, дар навбати худ кӯшиш менамояд, ки мушкилоти ноҳия ва сокинони онро бо амалӣ намудани тадбирҳои зарурӣ тадриҷан бартараф намояд.

Бори дигар таъкид менамоям, ки дар зиндагӣ мушкиле нест, ки роҳи ҳал надошта бошад. Фақат аз роҳбарону масъулон ҳисси баланди ватандӯстиву дарки масъулият ва аз сокинон заҳмати софдилонаву аҳлона зарур аст.

Танҳо бо ҳамин роҳ мо метавонем якҷо ноҳияро боз ҳам ободу пешрафта гардонида, барои мардум шароити зиндагии арзандаро таъмин намоем.

Ноҳияи Зафаробод дорои захираву имкониятҳои фаровон аст ва итминон дорам, ки симои ноҳия то ҷашни бузургу муқаддаси миллиамон – сисолагии истиқлолияти давлатӣ бо амалисозии нақшаҳои созанда, аз ҷумла бунёди иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ хеле дигаргун ва зебо хоҳад гардид.

Ҳамчунин, бовар дорам, ки сокинони заҳматқарини ноҳияи Зафаробод бо ҳисси баланди миллӣ ва дастгирӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати мамлакат дар пешрафти ноҳия ва ободии Ватани азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми боз ҳам бештар хоҳанд гузошт.

Бори дигар, тамоми мардуми ноҳияи Зафарободро ба ифтихори Рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба хурду бузурги ноҳия дар амалӣ гардидани нияту нақшаҳои некашон муваффақият ва барори кор орзу менамоям.

Ҳамеша сарбаланду саодатманд бошед, ҳамдиёрони азиз!

Источник: president.tj