Суханронӣ дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Шаҳринав

0
130

Ҳамдиёрони азиз!

Боиси ифтихор аст, ки дар натиҷаи заҳмати софдилонаи сокинони ноҳияи Шаҳринав симои ноҳия нисбат ба солҳои пешин ободу зебо ва шароити зиндагии мардуми он хеле беҳтар гардидааст.

Дастовардҳои мардуми мо, аз ҷумла сокинони ноҳияи Шаҳринав дар бахшҳои мухталифи иқтисодиёту иҷтимоиёт дар даврони истиқлоли давлатӣ, қабл аз ҳама, натиҷаи дастгирии самимонаи хурду бузурги Тоҷикистон аз сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати мамлакат ва албатта, заҳмати аҳлонаи онҳо ба хотири пешрафту ободии кишвари азизамон мебошад.

Бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 30 – солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринав бунёду таҷдиди 413 иншоот ба нақша гирифта шуда, аз ин шумора то имрӯз корҳо дар 252 иншоот пурра ба анҷом расидаанд.

Имрӯз мо дар маросими ифтитоҳи як силсила иншооту биноҳои навбунёд, аз ҷумла корхонаҳои муосири истеҳсоливу хизматрасонӣ, майдони Парчами давлатӣ, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 800 хонанда, кӯдакистон, маркази саломатӣ ва боғи зебои фарҳангу фароғат, ки мулоқоти мову шумо дар он баргузор шуда истодааст, иштирок кардем.

Ҳамаи ободиҳои зикршуда натиҷаи дастгириҳои Ҳукумати мамлакат ва фаъолияти созандаи мардуми ноҳия буда, дар онҳо барои даҳҳо нафар сокинон ҷойҳои корӣ муҳайё гардидаанд.

Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар зарфи 29 соли гузашта барои рушди ноҳияи Шаҳринав аз ҳисоби буҷети давлат қариб 520 миллион сомонӣ маблағ равона карда шудааст.

Ғайр аз ин, дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳия 18 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 567 миллион сомонӣ татбиқ гардида, дар доираи онҳо масъалаҳои вобаста ба беҳтар намудани шароити таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ, дастрасӣ ба хизматрасониҳои тандурустӣ ва дигар хизматрасониҳои иҷтимоӣ, дастгирии табақаи эҳтиёҷманди аҳолӣ, таҷдиду нигоҳдории роҳҳо, сохтмони хатҳои интиқоли барқ, барқарорсозии шабакаҳои обрасонӣ ва дигар инфрасохтори деҳот ҳаллу фасл гардидаанд.

Бояд зикр намуд, ки ҳоло дар ҳудуди ноҳия татбиқи 8 лоиҳаи дигар идома дошта, маблағи дар доираи онҳо азхудшуда қариб 40 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Дар давраи зикршуда дар ноҳияи Шаҳринав танҳо ба сармояи асосӣ 317 миллион сомонӣ маблағгузорӣ гардида, аз ҷумла маркази ноҳия дар ҷойи нав сохта шуд.

Тибқи маълумот дар ҳафт моҳи соли 2020 дар ноҳия зиёда аз 2700 субъекти соҳибкорӣ ба қайд гирифта шуда, барои дастгирии соҳибкорони ноҳия ва аҳолӣ дар ин давра аз ҷониби бонкҳо ва дигар ташкилотҳои қарздиҳанда 35 миллион сомонӣ қарз дода шудааст.

Бо вуҷуди ин, ба Бонки миллӣ ва дигар ташкилотҳои қарзӣ зарур аст, ки доир ба зиёд кардани ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳибкорон ва беҳтарсозии шароити пешниҳоди қарзҳо тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Дар ноҳияи Шаҳринав, ки дорои захираву имкониятҳои зиёд, аз ҷумла ашёи хом ва хусусан, маҳсулоти кишоварзӣ, кадрҳои баландихтисос, мавқеи мувофиқи ҷойгиршавӣ, дастрасӣ ба захираҳои об ва дигар сарватҳои табиӣ мебошад, барои рушди соҳаи саноат шароити бисёр мусоид мавҷуд мебошад.

Тибқи маълумот дар ноҳия 15 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шуда, дар онҳо дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ ҳамагӣ 17 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 800 ҳазор сомонӣ кам мебошад.

Таъкид месозам, ки нишондиҳандаи зикршуда барои ноҳияи Шаҳринав, ки дорои захираву имкониятҳои фаровон мебошад, инчунин, ҷиҳати таъмин намудани иҷрои ҳадафи чоруми стратегӣ, яъне саноатикунонии босуръати кишвар қонеъкунанда нест.

Вобаста ба ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамкорӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва вазорату идораҳои марбута бояд фавран нақшаи чорабиниҳои дахлдорро вобаста ба бунёди корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ, ба кор даровардани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда ва васеъ ҷорӣ намудани технологияҳои муосир таҳия намуда, бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва дастгирии ташаббусҳои бахши хусусӣ амалӣ намоянд.

Тибқи маълумот дар ҳафт моҳи соли 2020 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Шаҳринав 164 миллион сомониро ташкил кардааст.

Ҳарчанд ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 28 фоиз афзоиш ёфтааст, вале бо дарназардошти захираву имкониятҳои ноҳия ҳоло ҳам кам мебошад.

Дар ноҳия, инчунин, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта кишти гандум 6 фоиз, ҷуворимакка 4 фоиз, пахта 43 фоиз ва картошка нисбат ба дурнамо 90 гектар коҳиш ёфтааст.

Ин дар ҳолест, ки барои дастгирии хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия дар доираи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар як соли охир қариб 4 миллион сомонӣ маблағҳои бебозгашт (грант) пешниҳод гардидаанд.

Чунин вазъ роҳбарони ноҳия, Вазорати кишоварзӣ ва Академияи илмҳои кишоварзиро бояд водор намояд, ки ҷиҳати бартараф кардани камбудиву мушкилоти зикршуда ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ тамоми имкониятҳоро сафарбар созанд.

Илова бар ин, хотирнишон месозам, ки дар ҳафт моҳи соли 2020 аз ҷониби мақомоти ваколатдори назорати истифодаи замин дар ноҳияи Шаҳринав 111 ҳолати қонунвайронкунии замин ошкор гардидааст, ки роҳбарони ноҳия якҷо бо Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ва дигар сохтору мақомоти дахлдор бояд ҷиҳати пешгирии кардани ин раванди номатлуб тадбирҳои қатъӣ андешанд.

Барои беҳтар намудани инфрасохтори зарурӣ ҷиҳати таъмин намудани рушди бемайлони соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳия аз ҷониби Ҳукумати кишвар мунтазам тадбирҳо андешида мешаванд.

Танҳо барои таҷдиди 12 километр шоҳроҳи Душанбе – сарҳади Ӯзбекистон, ки аз ҳудуди ноҳияи Шаҳринав мегузарад ва сохтмони пул ба дарозии 74 метр 282 миллион сомонӣ равона гардидааст.

Дар ноҳияи Шаҳринав дар маҷмӯъ 95 километр роҳҳои истифодаи умум, аз ҷумла 70 километр роҳҳои маҳаллӣ мавҷуданд.

Дар доираи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ дар солҳои 2018-2021 дар ноҳия таъмиру таҷдиди 31 километр роҳҳо пешбинӣ гардида, то имрӯз корҳо дар беш аз 20 километр роҳ анҷом дода шудаанд.

Танҳо дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ барои таъмири ҷорӣ ва нигоҳдории роҳҳои мошингарди ноҳия аз буҷети давлат маблағҳои зарурӣ ҷудо гардида, аз ин ҳисоб 52 километр роҳ, аз ҷумла аз ҳисоби соҳибкорону аҳолӣ 7,5 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир карда шудаанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вазифадоранд, ки бо истифода аз ҳамаи манбаъҳо ва имкониятҳо ҷиҳати пурра таъмиру таҷдид намудани роҳҳои маҳаллии ноҳия чораҷӯӣ намоянд.

Ҳозирини гиромӣ!

Ҳукумати мамлакат бо дарназардошти нақши муҳимми соҳаи маориф дар пешрафти давлат ва ҳаёти ҷомеа барои беҳтар намудани шароити таълиму тарбия ва заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад.

Бо ин мақсад аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар давраи соҳибистиқлолӣ дар ҳудуди ноҳияи Шаҳринав 70 бинои муассисаи таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои 4500 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст.

Инчунин, ба маблағи 5 миллион сомонӣ таҷдиду барқарорсозии бинои литсейи касбҳои техникии ноҳияи Шаҳринав ва таъмин намудани он бо таҷҳизоти зарурӣ ба анҷом расонида шуд.

Илова ба ин, дар доираи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ дар ноҳия аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохтмони 7 бинои муассисаи таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ бо зиёда аз 1600 ҷойи нишаст пешбинӣ гардида, то имрӯз 6 иншоот бунёд ва ба истифода дода шуда, инчунин, дар доираи нақшаи мазкур 106 синфхона таъмиру барқарор гардидааст.

Бо вуҷуди корҳои ба анҷомрасида, то ҳол дар ноҳия 7 муассисаи таълимӣ ба таъмиру таҷдид ниёз дорад.

Ҷиҳати омода намудани мутахассисони соҳитаҷриба барои соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ тибқи квотаи Президентӣ дар давраи соҳибистиқлолӣ 320 нафар, аз ҷумла 190 нафар духтарон ба муассисаҳои олии касбии кишвар қабул гардида, 225 нафари онҳо баъди хатми таҳсил дар соҳаҳои гуногун муваффақона фаъолият карда истодаанд ва ҳоло 95 нафари дигар машғули омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунар мебошанд.

Танҳо соли ҷорӣ 19 нафар, аз ҷумла 10 нафар духтарон тибқи квота ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ дохил шудаанд.

Қобили зикр аст, ки соли ҷорӣ дар ноҳия муассисаҳои хусусии таҳсилоти томактабии “Нури ирфон” барои 350 нафар ва “Назокат” барои 210 нафар ба фаъолият оғоз кардааст.

Бо вуҷуди ин, татбиқи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014 – 2020 дар ноҳия ҳанӯз қонеъкунанда нест.

Вобаста ба ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринавро зарур аст, ки якҷо бо Вазорати маориф ва илм то ҷашни 30-солагии истиқлоли давлатӣ камбудиҳои ҷойдоштаи соҳаро бартараф карда, аз натиҷааш ба Дастгоҳи иҷроияи Президент гузориш пешниҳод намоянд.

Ҳамчунин, роҳбарону масъулони ноҳия вазифадор карда мешаванд, ки якҷо бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ доир ба рафъи камбудиву мушкилоти дар муассисаҳои тиббӣ ҷойдошта, ба мутахассисони баландихтисос ва таҷҳизоти зарурӣ таъмин кардани беморхонаву марказҳои саломатӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва пурзӯр кардани корҳои фаҳмондадиҳиву пешгирикунанда тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Мардуми Шаҳринав, аз ҷумла сокинони мавзеи Қаратоғ аз қадим бо ҳунармандиву санъатдӯстии худ ном баровардаанд ва дар ҳифзи ҳунарҳои мардумии халқамон, намудҳои гуногуни косибӣ ва рушди фарҳанги миллии тоҷикон саҳми намоён гузоштаанд. Зарур аст, ки онҳо ба шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ин анъанаҳои некро идома бахшанд ва барои пешрафти ҳунармандиву санъат дар кишвари соҳибистиқлоламон саъю талоши бештар намоянд.

Ҳар кадоми мо бояд дар хотир дошта бошем, ки мардуми куҳанбунёди мо дар масири таърихи бисёрҳазорсолаи худ ҳамчун мардуми бунёдкору созанда ном баровардаанд.

Натиҷаи ҳамин хислатҳои нек, инчунин, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад, ки мо дар бисту нуҳ соли соҳибистиқлолӣ давлати худро хеле нерӯманд ва Ватанамонро ободу зебо гардонидем.

Ҳар яки моро зарур аст, ки ин неъмати бебаҳо, яъне истиқлолу озодӣ ва сулҳу оромии кишварро минбаъд низ азизу муқаддас донем, барои ҳифзу таҳкими суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ саъю талош намоем ва ҳамеша дар андешаи боз ҳам ободу зебо гардонидани сарзамини аҷдодиамон, тақвияти пояҳои давлати озоду соҳибихтиёрамон ва пешрафти Ватани маҳбубамон бошем.

Дар фарҷоми сухан ба ҳамаи шумо – сокинони заҳматкашу меҳмоннавози ноҳияи Шаҳринав саломативу рӯзгори обод ва дар раванди ободонии кишварамон барори кор орзу менамоям.

Ҳамеша сарбаланду пирӯз бошед!

Источник: president.tj