Суханронӣ бо роҳбарону фаъолони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон

0
182

Муҳтарам роҳбарон ва фаъолони иттифоқҳои касаба!
Ҳозирини арҷманд!

Мулоқоти мо бо роҳбарону фаъолон ва намояндагони ташкилоти калонтарину бонуфузи ҷамъиятӣ – Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар айёми вусъати раванди созандагиву бунёдкорӣ ва рушди босуботи Ватани азизамон баргузор мегардад.

Чорабинии имрӯза, ҳамчунин, ба ҷашни якасраи Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1993 аъзои комилҳуқуқи он мебошад, рост меояд.

Бо истифода аз фурсат, ҳамаи шуморо ба ин муносибат табрик мегӯям.

Бояд гуфт, ки саҳми Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат дар масъалаи танзими муносибатҳои меҳнатӣ ва густариши шарикии иҷтимоӣ байни ҳукуматҳо, иттифоқҳои касаба ва корфармоён назаррас буда, санадҳои қабулкардаи он дар шакли конвенсия ва тавсияҳо ба танзими одилонаи муносибатҳои меҳнатӣ мусоидат менамоянд.

То ин муддат аз ҷониби Тоҷикистон 51 конвенсия ва 22 тавсияи Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат пазируфта шудааст.

Дар кишвари мо дар самти муносибатҳои меҳнатӣ давра ба давра санадҳое қабул карда шудаанд, ки ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ буда, бевосита барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоӣ, меҳнати шоиста ва таъмини шароити бехатару мусоиди корӣ равона гардидаанд ва ин иқдом минбаъд низ идома дода мешавад.

Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати Тоҷикистон қарор дошта, аз ибтидои соҳибистиқлолӣ дар кишвар ислоҳоти иқтисодӣ ва сохторӣ амалӣ гардида, асосҳои меъёрии ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии мардуми мамлакат тадриҷан такмил дода шуданд.

Бо таъмин гардидани рушди босуботи иқтисоди миллӣ ва ислоҳоти бомароми идораи молияи давлатӣ даромади буҷети давлат аз 6 миллиард сомонии соли 2009 ба 23,8 миллиард сомонӣ дар соли 2019 расонида шуд, яъне дар даҳ соли охир 4 баробар зиёд гардид.

Қобили зикр аст, ки ҳамасола рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, инчунин, таъмини амнияти давлат самтҳои асосии хароҷоти буҷети давлат мебошанд.

Ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлат аз рӯи ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ дар соли 2018 ба беш аз 24 миллиард сомонӣ баробар шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2009-ум 4,2 баробар зиёд мебошад.

Дар давраи солҳои 2009-2018 барои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ, аз ҷумла таъмин намудани истиқлоли энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ 47,5 миллиард сомонӣ равона гардидааст, ки ба 35 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷет дар ин давра баробар мебошад.

Тайи солҳои зикршуда пешрафти соҳаҳои мухталифи иқтисодӣ, бахусус, бахшҳои истеҳсолӣ таъмин гардида, ҳамасола қариб 100 ҳазор ҷойҳои кории нав таъсис дода шуданд ва дар се соли охир шумораи шахсоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, 25 фоиз кам гардид.

Дар буҷети соли 2019 нисбат ба соли 2018 ба соҳаҳои фарҳангу варзиш 17,3 фоиз, илму маориф 14, тандурустӣ 12,2, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 9,5 фоиз зиёд маблағ равона карда шудааст.

Дар соҳаҳои иҷтимоӣ тамоюлҳои мусбат идома пайдо карда, аз ҷумла нишондиҳандаи дарозумрии аҳолӣ ба 75 сол расид ва фавти модару кӯдак дар муқоиса бо соли 1998 мутаносибан 2,1 ва 2,6 баробар коҳиш ёфт.

Дар роҳи ноил шудан ба ин дастовардҳо дар баробари сохторҳои ҳокимияти давлатӣ иттифоқҳои касаба низ саҳмгузор буда, онҳо ба ҳайси созмони оммавии мардумӣ масъулияти ширкат дар идоракунии ҷомеа, тарбияи кадрҳо, ҳалли масъалаҳои мубрами ҳаёт ва таъмини адолати иҷтимоӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти кормандон дар соҳаҳои иқтисоди миллиро ба уҳда доранд ва ҷиҳати ба амал баровардани вазифа ва салоҳиятҳои қонунии худ бояд тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.

Яъне дар баробари фаъолияти мақомоте, ки ваколатдори давлатӣ дар бахши муносибатҳои меҳнатӣ мебошанд, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон вазифаҳои қонунии худро ҳамчун ҳомии ҳуқуқу манфиатҳои аҳли заҳмат амалӣ мегардонад.

Фаъолияти иттифоқҳои касаба дар кишвар ба ҳайси ташкилоти ҷамъиятӣ ба санадҳои қонунгузорӣ асос ёфта, назорати ҷамъиятии риояи қонунгузории меҳнат маҳз ба дӯши ин ниҳод вогузор шудааст.

Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақил ба сифати шарики боэътимоди иҷтимоии Ҳукумат дар асоси Конститутсия, Кодекси меҳнат, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иттифоқҳои касаба” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ фаъолият мекунад. Моҳи майи соли 2019-ум 1 миллиону 180 ҳазор нафар ё 51,1 фоизи шумораи умумии аҳолии дорои шуғл дар рӯйхати кироякорон дар корхонаҳои ҳамаи шаклҳои моликият қарор дошт.

Иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон имрӯз қариб 870 ҳазор нафар аъзоро муттаҳид мекунанд.

Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон бояд фаъолияти худро ба талаботи замони муосир мувофиқ намуда, барои амалисозии сиёсати давлат оид ба ҳифзи меҳнат ва муҳити зист, таъминоти иҷтимоӣ ва суғурта, назорати ҷамъиятии риояи қонунгузорӣ оид ба меҳнат, иҷрои созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ, таълим ва такмили ихтисоси кадрҳои иттифоқи касаба чораҳои мушаххас андешад.

Иттифоқҳои касаба ҳамчун ташкилоти оммавӣ вазифадоранд, ки рисолати хешро дар ҳифзу ҳимояи дастовардҳои истиқлоли давлатӣ, таҳкими сулҳу субот дар саросари кишвар, ваҳдати миллӣ, ҳифзи манфиатҳои иҷтимоиву иқтисодии аъзои иттифоқи касаба ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар як корманд анҷом диҳанд.

Тавре дар Оинномаи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дарҷ гардидааст, «иттифоқҳои касаба кӯшиш мекунанд, ки ҳуқуқҳои конститутсионии ҳар як шаҳрванд, бидуни мансубияти он ба миллат ва дин, ба меҳнат, озодии интихоби касбу кор, шароити одилонаи меҳнат ва манфиатҳои бекорон ҳифз шаванд, низоми иҷтимоии одилонаи музди меҳнат ва шароити кор татбиқ шавад, риояи қонунҳои меҳнат, қоидаву меъёрҳои ҳифзи меҳнат ва муҳити зист таъмин карда шавад, замина ва маблағ барои беҳдошти сиҳатии кормандон, аъзои оилаи онҳо, инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба вуҷуд оварда шавад, созишномаю шартномаҳои коллективӣ баста шаванд ва иҷрои онҳо таҳти назорат қарор гиранд».

Ҳозирини гиромӣ!

Бо дарназардошти рушди иқтисодиёти кишвар, ба вуҷуд омадани муносибатҳои нави меҳнатӣ, тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоӣ ва роҳандозӣ намудани дигар тадбирҳои иловагӣ соли 2016 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав қабул гардид, ки раванди муносибатҳои меҳнатӣ бояд бо риоя ва дар доираи ин санад ба танзим дароварда шаванд.

Кодекси меҳнат бо мақсади дар санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври илова муқаррар намудани шароити меҳнат, шуғл ва кафолати иҷтимоӣ бастани созишнома ва шартномаҳои коллективиро пешбинӣ менамояд.

Дар ин росто, Созишномаи генералӣ байни Ҳукумат, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақил ва Иттиҳодияи корфармоён барои солҳои 2018 – 2020 мавриди амал қарор дорад.

Қабули Созишномаи генералӣ бори дигар собит намуд, ки ҳифзи манфиатҳои меҳнатии кормандон, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани ҳифзи иҷтимоии кормандон, коҳиш ёфтани сатҳи бекорӣ, сол ба сол зиёд шудани музди меҳнат ва татбиқи босуботи сиёсати иҷтимоӣ доим дар маркази фаъолияти Ҳукумати мамлакат қарор дошта, барои амалӣ намудани ҳадафҳои зикршуда тадбирҳои судманд андешида мешаванд.

Ба танзим даровардани муносибатҳои иҷтимоиву меҳнатӣ, дарёфти ризоияти ҷамъиятӣ, ҷалби шумораи ҳарчи бештари аҳолии қобили меҳнат ба меҳнати арзанда, мусоидат намудан дар афзоиши даромади кормандон, коҳиш додани сатҳи бекорӣ, баланд бардоштани некӯаҳволии аҳолии кишвар, паст намудани фоизи шуғли ғайрирасмӣ, таъмин кардани меъёрҳои ҳадди ақалли иҷтимоӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатӣ аз ҷумлаи масъалаҳои калидии Созишнома ба ҳисоб мераванд.

Дар асоси ин ҳуҷҷат созишномаҳои соҳавӣ, минтақавӣ ва корхонаву ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликияташон, шартномаҳои коллективӣ баста мешаванд.

Танзими муносибатҳои меҳнатӣ ва амалишавии кафолатҳои иҷтимоии кормандони корхонаҳои кишвар дар доираи шарикии иҷтимоӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат тавассути вазорату идораҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба роҳ монда шудааст.

Мутобиқи маълумоти Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба ҳолати якуми июни соли 2019 дар кишвар зиёда аз 91 ҳазор корхона бо шаклҳои гуногуни моликият вуҷуд дошта, аз ин шумора беш аз 20 ҳазор корхона ҳуқуқи бастани шартномаро дорад. Ҳоло қариб 13 400 корхона шартномаи коллективӣ дорад, ки 67 фоизи шумораи умумиро ташкил медиҳад.

Бо мақсади татбиқи Стратегияи давлатии рушди бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 «Барномаи маҷмӯии паст кардани сатҳи шуғли ба қайд гирифтанашуда (ғайрирасмӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳо 2015-2017» амалӣ гардид.  

Амалӣ гардонидани сиёсати давлат дар соҳаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ, ба шуғли расмӣ ҷалб намудани аҳолии қобили меҳнат, таъмини кафолатҳои меҳнатии кормандон, баҳисобгирии дақиқи омории қувваи корӣ, ғанӣ гардонидани буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва дар ин замина баланд бардоштани ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандон ҳадафи асосии барномаи мазкур мебошад.

Тибқи натиҷаҳои таҳқиқоти қувваҳои корӣ соли 2016 сатҳи шуғли ғайрирасмӣ дар кишвар ба 29,4 фоиз (249,5 ҳазор нафар) расида, нисбат ба соли 2009-ум 24,4 фоиз коҳиш ёфта буд.

Чанде пештар вобаста ба масъалаи мазкур барномаи нав оид ба паст кардани сатҳи шуғли ба қайд гирифтанашуда (ғайрирасмӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023 қабул гардид.

Итминон дорам, ки амалӣ гардидани ин санад ба коҳиш ёфтани шуғли ғайрирасмӣ, ба шуғли расмӣ ҷалб намудани шаҳрвандони қобили меҳнат, ба татбиқи барномаҳои мушаххаси беҳсозии сатҳи некӯаҳволии мардум равона намудани маблағҳои буҷети давлат, зиёд гардидани сарчашмаҳои нави андозбандӣ ва афзоиши буҷети давлат ва суғуртаи иҷтимоӣ мусоидат хоҳад кард.

Ҳозирини гиромӣ!

Масъалаҳои ҳифзи меҳнат ва ҳуқуқи меҳнатии кормандон яке аз вазифаҳои қонунӣ ва оинномавии иттифоқҳои касаба мебошанд ва ин корро нозирони дахлдори иттифоқҳои касаба амалӣ менамоянд.

Зарур аст, ки мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат дар ҳамкорӣ бо дигар сохтору мақомот, аз ҷумла прокуратура назорати масъалаи мазкурро ба таври ҷиддӣ ба роҳ монад.

Рӯй додани ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот сабабгори осеб бардоштан ва ҳатто марги кормандон мегардад, ки ҳар яке аз ин ҳолатҳо боиси таассуф ва нигаронӣ мебошад.

Таҳлили вазъ дар ин самт дар ду соли охир нишон медиҳад, ки дар кишвар 196 ҳодисаи нохуши истеҳсолӣ рух дода, дар натиҷа 47 нафар кормандон фавтидаанд.

Ҳодисаҳои нохуш аксаран бо сабаби риоя накардан ё таъмин набудани шароити бехатари корӣ рӯй медиҳанд. Пешгирӣ ва таъмин намудани шароити бехатари меҳнат нисбат ба ҷуброни зарар дар истеҳсолот ба корфармо якчанд баробар камхарҷ меафтад.

Иттифоқҳои касаба бояд кӯшиши худро ба он равона намоянд, ки дар ҳар як ташкилоту корхона тибқи талаботи Кодекси меҳнат ва шартномаи коллективӣ барои ҳифзи меҳнат ва муоинаи тиббии кормандон дар ҳаҷми муайянгардида маблағҳои зарурӣ ҷудо карда шаванд.

Инчунин, иттифоқҳои касабаро зарур аст, ки дар фаъолияти ҳамарӯзаашон назорати ҷамъиятиро ҷиҳати риояи ҳуқуқҳои меҳнатӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ, чорабиниҳои ҳифзи меҳнат ва риояи қоидаҳои санитариву гигиенӣ дар корхонаву муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликият, амалӣ намоянд.

Таъмини меҳнати арзанда ва маоши муносиб яке аз вазифаҳои асосии ҳам давлат ва ҳам иттифоқҳои касаба мебошад.

Сари вақт пардохт нагардидани музди меҳнати кормандони соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт яке аз масъалаҳои муҳимми рӯз буда, бо вуҷуди тадбирҳои андешидашуда қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат боқӣ мондааст.

Иттифоқҳои касабаи соҳаҳои зикршударо зарур аст, ки ҳамкориро бо корфармоён ва корхонаҳое, ки дар онҳо қарздории музди меҳнат ҷой дорад, тақвият бахшида, ҷиҳати кам кардани қарзи музди меҳнат ва дар оянда роҳ надодан ба ин падидаи номатлуб чораҳои дар қонун пешбинишударо амалӣ намоянд.

Таъкид менамоям, ки масъалаи роҳ надодан ба қарздории музди меҳнат бояд минбаъд низ дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат, масъулони соҳа ва иттифоқҳои касаба қарор дошта бошад.

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони иҷтимоӣ, вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба хотири марҳала ба марҳала кам намудан ва аз байн бурдани қарздории ташкилоту муассисаҳо аз пардохти музди меҳнат тадбирҳои мушаххас андешад.

Ҳамчунин, роҳбарони Федератсияҳои иттифоқҳои касаба доир ба ҳалли масъалаҳои зикршуда ва дигар мушкилоти мавҷуда ба таҳкими ҳамкорӣ ва ҳамгироии фаъолияти иттифоқҳои касабаи соҳавӣ эътибори ҷиддӣ диҳанд.

Ҳозирини арҷманд!

Назорати масъалаи саломатии кормандон ва аъзои оилаи онҳо самти афзалиятноки фаъолияти иттифоқҳои касаба ба ҳисоб меравад.

Бинобар нокифоя будани маблағҳои ба ин самт равонашуда ҳар сол қарори алоҳидаи Ҳукумати мамлакат дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон қабул гардида, барои кӯдакони ятиму бепарастор, аз оилаҳои камбизоат ва кӯдакону наврасони болаёқат аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ истироҳати тобистона ташкил карда мешавад.

Ҳар сол ҷиҳати фарогирии кӯдакону наврасон ба истироҳатгоҳҳои тобистона 55 истироҳатгоҳи беруназшаҳрӣ фаъолият менамоянд, ки дар онҳо кӯдакони ятиму бепарастор, аз оилаҳои камбизоат, онҳое, ки дар муассисаҳои давлатии таълимӣ, яъне мактаб – интернатҳои вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо таҳти сарпарастӣ ва таъминоти давлат қарор доранд, бо роҳхат ба ин истироҳатгоҳҳо равона карда мешаванд.

Дар ин раванд, ҳар сол дар 1348 истироҳатгоҳи наздимактабӣ, 164 истироҳатгоҳи меҳнативу истироҳатӣ, 4 истироҳатгоҳи намуди санаторӣ, 83 истироҳатгоҳи фароғативу таълимӣ, 329 истироҳатгоҳи варзишу беҳдоштӣ, 265 мавзеи тандурустӣ, 19 истироҳатгоҳи назди интернатҳо барои кӯдакону наврасон аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлат истироҳат ва солимии кӯдакону наврасон таъмин карда мешавад.

Дар баробари ин, дар масъалаи ташкил ва назорати фаъолияти истироҳатгоҳҳои наврасону кӯдакон ҳоло ҳам мушкилиҳои зиёд ҷой доранд.

Дар кишвар шумораи истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии доимамалкунанда ниҳоят кам буда, талаботи кӯдакону наврасон ва падару модарон дар самти фарогирӣ ба таътили тобистона пурра қонеъ гардонида намешавад.

Бинобар ин, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода мешавад, ки бо ҷалби соҳибкорони ватанӣ доир ба масъалаи дар мавзеъҳои бехавф ва хушбоду ҳаво бунёд намудани истироҳатгоҳҳои замонавӣ барои кӯдакону наврасон ҷораҷӯӣ намоянд.

Мушкилии дигар ин аст, ки қисми зиёди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои кӯҳистон, ки аз ҳисоби дастгирии марказонидашудаи буҷети давлатӣ фаъолият менамоянд, дар бобати солимгардонии кӯдакону наврасон имконияти маҳдуди молиявӣ доранд.

Илова бар ин, қисми зиёди истироҳатгоҳҳое, ки дар кишвар аз даврони шӯравӣ то ба имрӯз фаъолият доранд, ба талаботи замон ҷавобгӯ нестанд.

Бинобар ин, зарур мешуморам, ки як гурӯҳи кории босалоҳият таъсис дода, доир ба ҳолати имрӯзаи чунин муассисаҳо ва зарурати таҷдиди онҳо ба Ҳукумати мамлакат дар муддати 3 моҳ пешниҳод манзур карда шавад.

Масъалаи дигари ҳалталаби соҳаи иттифоқҳои касаба фоизи ками маблағи аз ҳисоби андозҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ҷудошуда дар корхонаҳо ба шумор меравад, ки он барои ташкили истироҳату солимгардонии кормандон ва аъзои оилаи онҳо кифоя нест.

Бо ҳамин сабаб ва бо дарназардошти болоравии нархи маҳсулот ва хизматрасониҳо, арзиши роҳхатҳо ба санаторияву осоишгоҳҳо ва нокифоя будани маблағҳои ҷудошаванда на ҳамаи кормандон имконияти истироҳат ва табобатро доранд.

Ҷойи таассуф аст, ки тайи солҳои истиқлоли давлатӣ аз ҷониби иттифоқҳои касаба дар самти пешгирии баланд шудани нархҳо ягон иқдоми ҷиддие амалӣ нашудааст, ҳарчанд ки қонун ба онҳо салоҳиятҳои заруриро додааст.

Вобаста ба ин мавзӯъ, зарур аст, ки масъалаи такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи ин самт ҳамаҷониба баррасӣ карда шавад.

Ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои зикршуда ба вазоратҳои адлия, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дастур ва ба Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон тавсия дода мешавад, ки санади «Тартиб ва андозаи хароҷоти маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ барои табобати санаторию курортӣ, ташкили истироҳати кормандон ва аъзои оилаи онҳо ва дигар чорабиниҳои беҳдоштию пешгирикунанда дар корхонаҳо”-ро бо дарназардошти арзиши воқеии роҳхатҳо ва андозаи маблағи аз суғуртаи давлатии ба ин самт равонгардида ҳаматарафа омӯхта, баъди такмил ва бартараф намудани камбудиҳо дар муддати 3 моҳ лоиҳаи нави тартиби мазкурро таҳия ва ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

Дӯстони азиз!

Тадбирҳо оид ба таъсис додани ҷойҳои кории нав, рушди касбии захираҳои меҳнатӣ, дастгирии иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта, мусоидат ба шуғли занон ва ҷавонон, рушди соҳибкории инфиродӣ ва таъмини кафолатҳои давлатии иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ масъалаҳои муҳимтарини иҷтимоӣ мебошанд.

Вобаста ба афзоиши аҳолии кишвар захираҳои меҳнатӣ низ мунтазам зиёд шуда, талабот ба ҷойҳои кории нав сол ба сол зиёд мегардад.

Аз ин рӯ, дар роҳи ҳалли мушкилиҳои дар доираи шарикии иҷтимоӣ ҷойдошта мо бояд ҳамкории бештар ва фарогир дошта бошем.

Соли 2018 байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018–2020 созишномаи генералӣ ба имзо расид.

Бояд гуфт, ки соли 2018 аз маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар дороии ташкилотҳои суғуртавӣ 0,54 фоиз, уҳдадориҳо 0,28 ва сармояи оинномавии онҳо 0,17 фоизро ташкил додааст. Ин рақамҳо нишон медиҳанд, ки ташкилотҳои суғуртавӣ дар рушди иқтисоди кишвар саҳми назаррас надоранд.

Бинобар ин, пешниҳод карда мешавад, ки механизми танзими иқтисодии фаъолияти ташкилотҳои суғуртавӣ таҳия ва ҷалби фаъоли сармоя ба ин самт ба роҳ монда шавад, зеро дар кишварҳои пешрафта маҳз ҳамин ташкилотҳо нақши яке аз сарчашмаҳои дохилии сармоягузории дарозмуддатро мебозанд.

Мушкили дигар дар фаъолияти иттифоқҳои касаба ташаккули шарикии иҷтимоӣ ба шумор меравад, ки он ҳанӯз дар марҳалаи ибтидоӣ қарор дорад. Яъне корфармоён масъулияти иҷтимоӣ ва иттифоқҳои касаба мустақилияти воқеӣ ва фаъолиятро дар ҳифзи манфиатҳои кормандон надоранд.

Бояд тазаккур дод, ки фаъолияти иттифоқҳои касаба аз рӯйи тарҳи солҳои 1990-ум қабулгардида ба роҳ монда шуда, имрӯз ба тағйироти ҷиддии сифатӣ ниёз дорад.

Аз ин рӯ, фаъолияти иттифоқҳои касаба бояд бо дарназардошти имкониятҳои нав ва равандҳои муосири иқтисодӣ таҷдиди назар гардида, нақши онҳо дар рушди афзалиятноки ҳуқуқи инсон, сохтори ташкилӣ ва такмил додани имкониятҳои молиявӣ тақвият дода шавад.

Аз ин лиҳоз, ба Федератсияи иттифоқҳои касаба, вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Маркази тадқиқоти стратегӣ ва Академияи илмҳо супориш дода мешавад, ки ба хотири рушду тавсеаи минбаъдаи иттифоқҳои касаба ҳамчун ниҳоди муҳимми ҷомеа, мутобиқ сохтани усулҳои фаъолияти он ба талаботи вақту замон ва равандҳои муосири муносибатҳои ҷамъиятӣ лоиҳаи «Барномаи амали иттифоқҳои касаба барои солҳои 2020–2027 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Инчунин, зарур аст, ки ҳамкории иттифоқҳои касаба бо мақомоти давлатӣ, корфармоён ва иттиҳодияҳо (иттифоқҳо, ассосиатсияҳо)-и онҳо дар асоси шарикии иҷтимоӣ ва ҳамкории тарафҳои муносибатҳои корӣ ва намояндагони онҳо, инчунин, дар заминаи шартномаҳо ва созишномаҳои коллективӣ тақвият дода шавад.

Ҳамзамон бо ин, иттифоқҳои касаба бояд бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳо (иттифоқҳо, ассосиатсияҳо) ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятии соҳаи рушди табобати санаториву курортӣ, муассисаҳои истироҳатӣ, сайёҳӣ, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш самаранок ҳамкорӣ карда, дар татбиқи сиёсати иҷтимоиву иқтисодии давлат ширкати фаъолона дошта бошанд.

Иттифоқҳои касаба бояд бо тартиби муқарраршуда тавассути намояндагони ваколатдори худ дар кори ҳайати мушовараи вазоратҳо ва дигар мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия (ғайр аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ), ҷаласаҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти идоракунии корхонаҳо фаъолона ширкат варзанд.

Бо итминон метавон гуфт, ки роҳбарону фаъолон ва аъзои иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон барои фароҳам овардани шароити шоистаи кор ва зиндагӣ ба мардуми шарифи Ватани азизи мо – Тоҷикистон содиқона хизмат хоҳанд кард.

Дар ин роҳи пуршарафу созанда ба ҳамаи шумо муваффақият ва барори кор орзу менамоям.

Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!

Источник: president.tj