Суханронӣ дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода

0
62

Омӯзгорони муҳтарам ва донишҷӯёни азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Ҳамаи шуморо ба муносибати ифтитоҳи биноҳои нави таълимии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода самимона табрик мегӯям.

Чун мулоқоти мо дар Донишкадаи давлатии забонҳо доир мегардад, дар ибтидо зарур мешуморам, ки баъзе андешаҳои худро доир ба мақому манзалати забони давлатӣ, яъне забони тоҷикӣ ва вазъи иҷрои Қонуни забон ба таври мухтасар баён намоям.

Забони ширину шевои тоҷикӣ муҳимтарин унсури ҳастӣ ва бақои умри миллати куҳанбунёди мо мебошад, ки дар даврони истиқлол ва дар марҳалаи бунёди давлатдории миллӣ рисолати миллатсозиву давлатсозии худро бо рангу ҷилои тоза идома бахшида истодааст.

Маҳз ҳамин забони ноби модарӣ халқи моро дар тӯли зиёда аз панҷуним ҳазор сол бар зидди тамоми бадбахтиҳову тохтутози аҷнабиён муттаҳиду сарҷамъ нигоҳ доштааст ва ба миллати тоҷик умри ҷовидонӣ бахшидааст.

Забони мо, яъне забони шоиронаву зебои тоҷикӣ бузургтарин ва гаронбаҳотарин дороиву сарвати мо, ифтихори мо ва рӯйи сурху сари баланди мо – тоҷикон – яке аз миллатҳои қадимтарини дунё мебошад.

Сездаҳ сол пеш, яъне 5-уми октябри соли 2009 бо дарназардошти воқеияти замони соҳибистиқлолӣ ва давлатдории миллӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» қабул карда шуд.

Ин санаи муҳим Рӯзи забони давлатӣ эълон гардид ва ҳар сол аз ҷониби соҳибзабонон, яъне мардуми шарифи Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.

Бо истифода аз фурсати муносиб, ҳамаи ҳамватанони азиз ва шумо – ҳозирини муҳтарамро ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, ки то таҷлили он рӯзҳои башумор мондаанд, самимона табрик мегӯям.

Қобили зикр аст, ки масъалаи забони давлатӣ ва тақвияту таҳкими мақоми он дар таърихи давлатдории навини мо ҳамеша яке аз масъалаҳои муҳимтарин ва аввалиндараҷа ба ҳисоб рафта, имрӯз низ пайваста дар маркази диққати давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Яъне забони давлатӣ дар Тоҷикистон зери ҳимояву пуштибонии мустақими давлат қарор дошта, барои рушду пешрафти он дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаи кишвар ҳамаи шароиту имкониятҳо фароҳам оварда шудаанд.

Дар ин раванд, давра ба давра барномаҳои рушди забони давлатӣ таҳия, тасвиб ва амалӣ карда мешаванд.

Аз ҷумла Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2030, ки 29-уми ноябри соли 2020 қабул гардид, дурнамои рушди забони моро барои даҳ соли оянда дар бар гирифта, ба татбиқи муваффақонаи қонуни забон равона шудааст.

Ба сифати омили ҳастӣ ва бақои миллат нигоҳ доштани асолат ва ҳувияти забони тоҷикӣ ҳадафу вазифаи барномаи мазкур дар замони муосир мебошад.

Дар робита ба ин, хотиррасон менамоям, ки ғамхориву пуштибонии доимӣ нисбат ба забони давлатӣ вазифаи ҳар як фарди бонангу номуси миллат, яъне соҳибони забон мебошад.

Зеро рушди пайваста ва ҳамаҷонибаи он дар мақоми забони миллӣ ва забони давлатӣ муҳимтарин нишонаи пойдории давлатдории миллӣ ва истиқлоли давлативу сиёсии мо дар рӯзгори пурошӯби имрӯзаи ҷаҳон ба ҳисоб меравад.

Як нуктаи дигари муҳимро хотиррасон менамоям, ки забони тоҷикӣ дар раванди ташаккулу таҳаввули худ роҳи ниҳоят душвору пурпечутоберо тай намуда, аз санҷишу имтиҳонҳои сахти таърих гузаштааст ва имрӯз, ки мо дар масири бунёду таҳкими давлатдории миллӣ пеш меравем, рисолати худро ба сифати василаи ваҳдатсоз ва муттаҳидкунандаи мардуми Тоҷикистон муваффақона идома дода истодааст.

Боиси ифтихор ва фараҳмандии зиёди мо – ворисони ин забон ва мероси бузурги бо он навишташуда аст, ки ин забон то ба имрӯз ба шарофати хизматҳои бузург, заҳматҳои бедареғ ва корнамоиҳои беназири фарзандони фарзонаву барҷастаи миллати тоҷик – аз Куруши Кабиру Исмоили Сомонӣ ва устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ то Бобоҷон Ғафурову устод Садриддин Айнӣ ба ҳамон шакли асилу ноб, бо ганҷинаи ғаниву рангини вожаву истилоҳот ва таъбиру таркиботи дилнишину зебо боқӣ мондааст.

Воқеан, ҳамин забон аст, ки миллати тоҷик дар тӯли ҳазорсолаҳо таъриху фарҳанги камназири худро тавассути он навишта ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст.

Дигар ин, ки забон ҳамчун падидаи иҷтимоӣ, дар ҳақиқат, ойинаи рӯзгор, расму ойин, суннату анъана ва донишу фарҳанги гузаштагон барои наслҳои имрӯза мебошад.

Маҳз ба ҳамин далел забон дар раванди барпо кардани давлати миллӣ ҳамчун унсури аввалия ва рукни бунёдии давлатдорӣ нақши ниҳоят муҳим ва сарнавиштсоз дорад.

Аз ин рӯ, беэътиборӣ ё беэҳтиромӣ нисбат ба забон қотеътарин далели надоштан ё гум кардани ҳисси миллӣ мебошад.

Бинобар ин, яке аз вазифаҳои муҳимтарини ҷомеаи Тоҷикистон – аз хурд то бузург, равшанфикрону донишмандон, инчунин, дастгоҳи давлативу ҳукуматӣ ҳифз кардани забони бостонии зебову шево ва ширину шоиронаи тоҷикӣ, тозаву ноб ва поку беолоиш ба наслҳои оянда расонидани он аст.

Мо бояд шукрона кунем, ки истиқлоли давлатӣ барои ҷилову дурахши дигарбораи яке аз муқаддасоти миллии мо – забони тоҷикӣ, рушду такомул ва истифодаи он дар ҳамаи соҳаҳо заминаи созгор ва имкониятҳои фаровон муҳайё намуд.

Забони тоҷикӣ дар мақоми расмиву давлатии худ имрӯз на танҳо дар коргузорӣ, илм ва муоширати дохилӣ, балки дар робитаҳои байналмилалии мо низ васеъ истифода мегардад.

Устодон ва шогирдони муҳтарам!

Ҳукумати мамлакат дар замони соҳибистиқлолӣ ба хотири таъмин намудани шароити мусоиди таълиму тарбия ва зиндагии шоистаи наврасону ҷавонон – насли ояндасози миллат ва Ватани азизамон – Тоҷикистон тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ гардонида, ин равандро бомаром идома дода истодааст.

Бунёд кардану ба истифода додани биноҳои нави таълимии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бо 1500 ҷойи нишаст барои омода намудани мутахассисони донандаи забонҳои хориҷӣ далели возеҳи дастгирии Ҳукумати мамлакат мебошад.

Иншооти навбунёди имрӯза имконият медиҳад, ки шумораи донишҷӯёни донишкада ба 7000 нафар расонида шавад.

Ҳоло дар донишкада бо 11 забон (тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, чинӣ, куриёӣ, ҷопонӣ, ҳиндӣ, арабӣ ва форсӣ) аз рӯйи 41 ихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат мутахассис тайёр карда мешавад.

Дар донишкада зиёда аз 500 нафар омӯзгорони соҳибтаҷриба, аз ҷумла шаҳрвандони 21 кишвари хориҷӣ фаъолият менамоянд, ки 80 нафари онҳо дорои унвони илмӣ мебошанд.

Аз давраи таъсисёбии донишкада, яъне аз соли 1979 то имрӯз 14 200 нафар мутахассис омода карда шудааст, 77 фоизи онҳоро мутахассисони равияи омӯзгорӣ ташкил медиҳанд.

Қобили зикр аст, ки ҳоло хатмкардагони донишкада дар ҳама гӯшаву канори мамлакат ва берун аз он, аз ҷумла дар Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, инчунин, дар сафоратҳои Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ муваффақона фаъолият карда истодаанд.

Ҳамзамон бо ин, донишкада бо 52 муассисаи таҳсилоти олии кишварҳои хориҷӣ ва ташкилоту муассисаҳои минтақавию байналмилалӣ робитаҳои ҳамкориро ба роҳ мондааст, ки ба пешрафти ҳамаҷонибаи фаъолияти он мусоидат менамояд.

Дар ин давра 2700 нафар шаҳрвандони 19 кишвари дуру наздики хориҷӣ ҳамчун донишҷӯву аспирант, инчунин, дар курсҳои кӯтоҳмуддати забономӯзии донишкада таҳсил кардаанд.

Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ҷиҳати тақвияти пояи моддиву техникии донишкада, ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонидани шароити таҳсил ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар донишкада марказҳои омӯзиши забони англисӣ, чинӣ, ҳиндӣ ва куриёӣ таъсис дода шудаанд, ки ҳоло пурсамар фаъолият доранд.

Илова бар ин, соли 2021 дар заминаи факултаи забони англисӣ маркази тестии забони англисӣ ба фаъолият оғоз намуд, ки дар байни дигар муассисаҳои таълимӣ ягона мебошад.

Ҳамчунин, дар донишкада курсҳои кӯтоҳмуддати забономӯзӣ ба роҳ монда шудаанд, ки дар онҳо шаҳрвандони мо ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҷалб мегарданд.

Бо дарназардошти шароити муҳайёгардида ва бо мақсади рушду инкишофи боз ҳам бештари фаъолияти илмиву таълимии муассиса дар самти омода намудани мутахассисони баландпояи донандаи якчанд забони хориҷӣ пешниҳод мегардад, ки номи донишкада ба Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии ба номи Сотим Улуғзода табдил дода шавад.

Ба Вазорати маориф ва илм ва дигар вазорату идораҳо дастур дода мешавад, ки дар муддати 3 моҳ санадҳои меъёрии ҳуқуқии заруриро доир ба ин масъала таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Мо барои забономӯзии наврасону ҷавонон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бояд тамоми шароити заруриро фароҳам созем ва корро тавре ба роҳ монем, ки ба кишварҳои хориҷӣ барои забономӯзӣ рафтани шаҳрвандонамон ҳарчи камтар гардад.

Бо ин мақсад бояд аз тамоми имкониятҳо, аз ҷумла китобхонаҳо, ки барои тадрису омӯзонидани забонҳо заминаи бисёр мусоид мебошанд, васеъ ва самаранок истифода карда шавад.

Ҷиҳати ҳалли ин масъала Вазорати маориф ва илм, Донишкадаи давлатии забонҳо ва факултаҳои забономӯзии ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бояд барномаҳои забономӯзиро таҳия ва амалӣ намоянд.

Ҳозирини муҳтарам!

Ман борҳо таъкид карда будам ва ҳоло бори дигар хотиррасон менамоям, ки дар шароити муосир ноил гардидан ба дастовардҳои илму техника ва технологияҳои нав ва баробар бо ҷомеаи пешрафтаи башар қадам гузоштан бидуни аз худ кардану хуб донистани забонҳои хориҷӣ бисёр мушкил ва ҳатто ғайриимкон мебошад.

Бо мақсади тавсеаи ҷаҳонбинии илмӣ ва рушди тафаккури техникии мардум ва қабл аз ҳама, наврасону ҷавонон, инчунин, дастрасӣ ба техникаву технологияҳои муосир мо солҳои 2020 – 2040- ро «Бистсолаи рушди омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» эълон намудем.

Омӯзиши муваффақонаи ин фанҳо низ танҳо дар сурате имконпазир мегардад, ки агар наврасону ҷавонони мо забонҳои хориҷӣ, алалхусус, забонҳоеро, ки бо онҳо адабиёти илмӣ нашр мешавад, хуб донанд.

Ман борҳо гуфтаам ва ҳоло бори дигар таъкид менамоям, ки ҳар як шахс ва дар навбати аввал, ҷавонон бояд ғайр аз забони давлатӣ ду забони хориҷиро дар сатҳи забони модарӣ донанд, зеро ин тақозои замони муосир мебошад.

Илова бар ин, ҳар як донишҷӯ, сарфи назар аз ихтисоси интихобкардаи худ, бояд забонҳои хориҷиро омӯзад ва донад.

Замоне мерасад, ки ҳангоми интихоб кардан ва ба вазифа таъин намудани кадрҳо, яъне аъзои Ҳукумат, роҳбарону кормандони сохтору мақомоти назди Президент ва Ҳукумати мамлакат ва вакилони мардумӣ, хулоса, ҳамаи хизматчиёни давлатӣ, донистани забонҳои хориҷӣ аз ҷумлаи талаботи асосӣ мегардад.

Дар робита ба ин, таъкид менамоям, ки омӯзиши забон, таърих, фарҳанг ва ҷуғрофияи Тоҷикистон дар муассисаҳои ҳамаи шаклҳои таҳсилот, ки таълимашон ба забони ақаллиятҳои миллӣ мебошад, васеъ ба роҳ монда шавад.

Ҳамчунин, бо мақсади фароҳам овардани дастрасии мардум ба адабиёти ҷаҳон, бахусус, адабиёти илмӣ, инчунин, бо забонҳои хориҷӣ тавассути асарҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва бадеии олимону эҷодкорони кишвар муаррифӣ кардани таъриху фарҳанги миллати куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик зарурати таъсиси маркази алоҳидаи тарҷума ва баргардони асари илмиву бадеӣ ба миён омадааст.

Ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки масъалаи таъсиси Маркази миллии тарҷумаи назди Ҳукумати Тоҷикистонро баррасӣ карда, дар муҳлати се моҳ санадҳои меъёрии ҳуқуқии заруриро таҳия ва тасдиқ намояд.

Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз нахустин солҳои соҳибистиқлолӣ масъалаи таълими забонҳои хориҷиро таҳти таваҷҷуҳи хосса қарор дода, ҷиҳати такмили омӯзиши забонҳои хориҷӣ барои чанд марҳала барномаҳои давлатӣ қабул намуд.

Ҳоло татбиқи Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ барои давраи то соли 2030, ки иҷрои он аз моҳи январи соли 2021 шуруъ гардидааст, идома дорад.

Имрӯз дар муассисаҳои таълимии кишвар 22 439 омӯзгорони забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла 21 130 нафар дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 506 нафар дар зинаи миёнаи касбӣ ва 803 нафар дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ фаъолият доранд.

Соли ҷорӣ факултаҳои забонҳои хориҷии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро қариб 2 900 нафар хатм намудаанд, ки 550 нафари онҳо дастпарварони Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода мебошанд.

Ҳоло дар факултаҳои забонҳои хориҷии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар 10 200 нафар донишҷӯён таҳсил доранд.

Роҳбарони донишгоҳу донишкадаҳоро зарур аст, ки дар самти ба талабот ва стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани сифати таълим ва сатҳи дониши донишҷӯён тадбирҳои доимӣ ва муассир андешанд.

Зарурат ва аҳаммияти донистани якчанд забон имрӯз қишрҳои гуногуни ҷомеа, махсусан, наврасону ҷавонон ва кормандони сохтору мақомоти давлатиро вазифадор месозад, ки бо дарназардошти талаботи замони муосир барои рушди шахсият ва дастрасии ҳар як фард ба иттилооти ҷаҳонӣ ҳатман ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ машғул бошанд.

Имрӯз донистани забони хориҷӣ барои кормандони тамоми сохтору мақомот, аз ҷумла соҳибкорон шарт ва зарур аст.

Ҳоло Тоҷикистон ба шарофати сиёсати «дарҳои кушода» бо тамоми ҷаҳон ҳамкорӣ дорад.

Кормандони гузаргоҳҳои сарҳадӣ, яъне гумрукчиён, сарҳадбонон ва муассисаҳои хизматрасонӣ вазифадоранд, ки забони хориҷиро донанд.

Ба шарофати истиқлоли давлатӣ ва шароиту имкониятҳои муҳайёкардаи Ҳукумати мамлакат имрӯз сафи наврасону ҷавононе, ки барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ кӯшиш мекунанд, торафт афзуда истодааст.

Ҷавонони мо амиқ дарк кардаанд, ки донистани забонҳои хориҷӣ муҳимтарин шарти омӯхтани илму донишҳои замонавӣ, техникаву технологияҳои пешрафта ва робита бо ҷаҳони беруна мебошад.

Вобаста ба ин, ман борҳо таъкид кардаам, ки омӯхтани забонҳои хориҷӣ бояд дар заминаи забони адабии тоҷикӣ, яъне бар асоси донистани меъёрҳои забони давлатӣ ва риояи хусусиятҳои он сурат гирад.

Чунин шеваи омӯзиш ба арҷ гузоштан ба забони давлатӣ, боз ҳам беҳтар аз худ кардани он, инчунин, дар арсаи байналмилалӣ мақоми шоиста пайдо намудани кишварамон ва ба роҳ мондани робитаҳои гуногунҷанбаи он бо мамолики гуногуни ҷаҳон мусоидат менамояд.

Дӯстони азиз!

Равандҳои ҷаҳони муосир ҳар як кишварро водор месозанд, ки ба хотири таъмин намудани рушди босуботи ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии худ ба соҳаҳои илму маориф ва омода кардани кадрҳои баландихтисос таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Бо дарки ин воқеият, Ҳукумати Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ ба рушди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ диққати ҳамаҷониба дода, барои ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии таҳсилот ва ворид гардидан ба фазои ягонаи таҳсилот тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд ва корҳо дар ин самт идома ёфта истодаанд.

Ман ҳанӯз 1-уми сентябри соли 2019 зимни ифтитоҳи бинои Академияи идоракуни давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дастур дода будам, ки донишгоҳу донишкадаҳоро аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронида, имкониятҳо ва мавқеи таҳсилоти олии касбии Тоҷикистонро дар минтақа ва ҷаҳон ба таври шоиста муаррифӣ намоянд.

Бо ин мақсад, муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро зарур аст, ки дар ҷараёни таълим истифодаи технологияи итилоотиву коммуникатсиониро васеъ ба роҳ монанд, таҷрибаи байналмилалиро омӯзанд ва нақшаву барномаҳои таълимиро ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонии таҳсилот ва бозори дохиливу хориҷии меҳнат мутобиқ гардонанд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бо вуҷуди идома доштани ислоҳоти низоми таҳсилоти олӣ сатҳу сифати таълим ва дараҷаи азхудкунии дониш аз ҷониби донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба такмил ниёз дорад.

Дар ин росто зарур аст, ки дар раванди таълим ба омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқу риёзӣ ва забонҳои ҳориҷӣ диққати боз ҳам бештар дода шавад.

Вақти он расидааст, ки таҳияи фарҳангу луғатҳои соҳавӣ вусъат дода шуда, милликунонии забони технологияҳои навин ва умуман, тамоми соҳаҳо таъмин ва иқтидори забони тоҷикӣ дар ҳамаи соҳаҳои илм тақвият бахшида шавад.

Донишмандони тоҷик гузоштани асосҳои забони илмии тоҷикиро ҳанӯз дар замони давлатдории Сомониён дар сатҳи баланд анҷом дода буданд, ки хизмати таърихии онҳо дар ин самт аз ҷониби олимони маъруфи сатҳи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст.

Бузургтарин донишмандони ҷаҳоншумули мо – Абуалӣ ибни Сино бо таълифи «Донишномаи Алоӣ» ва Абурайҳони Берунӣ бо таълифи «Китоб–ут–тафҳим» бунёдгузорони забони илми тоҷикӣ ба шумор мераванд, ки анъанаи оғозкардаи онҳо дар асрҳои минбаъда аз тарафи донишмандони маъруф, аз ҷумла Насируддини Тӯсӣ, Умари Хайём ва дигарон то ба Аҳмади Донишу устод Айнӣ идома пайдо кард.

Дар замони муосир қудрату тавоноии ҳар як забон дар баёни матлаби илмӣ зоҳир мегардад ва бақову мондагории забон ба доираи истифодаву корбурди он дар илм вобаста мебошад.

Бинобар ин, олимони моро зарур аст, ки барои ҳамқадами замон гардонидани забони тоҷикӣ ва ба пояи баланди забони илм расонидани он кӯшиш намоянд.

Бо ташаббуси Ҳукумати мамлакат ва дастгирии ҳамаҷонибаи ҷомеаи илмии кишвар ба фаъолият оғоз намудани Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба роҳ мондани таълифи рисолаҳои илмӣ бо забони тоҷикӣ дар ҳамаи соҳаҳои илм иқдоми саривақтӣ мебошад.

Вале таъкид менамоям, ки дар ин раванд, на ба миқдор, балки бештар ба сифати рисолаҳои илмии анҷомёфта таваҷҷуҳ зоҳир гардад.

Рисолаҳои донишмандон ва муҳаққиқону унвонҷӯён бояд дар сатҳи баланди илмии ҷавобгӯй ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ таълиф шаванд, то ки дар пешрафту ғановати забони илмии тоҷикӣ саҳми сазовор гузоранд.

Бинобар ин, Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи забон ва истилоҳотро зарур аст, ки ба забони рисолаҳои илмии дифоъшаванда ва истилоҳоти илмӣ эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

Вобаста ба ин, хотиррасон менамоям, ки ҳоло дар масъалаи истилоҳнигорӣ ба забони тоҷикӣ як силсила мушкилот пеш омадааст.

Дар замони муосир, ки давраи рушди босуръати илму фан ва техникаву технологияҳои навтарин аст, бояд ба такмили истилоҳот бо забони тоҷикӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад.

Олимону муҳаққиқон ва мутахассисони тамоми соҳаҳои илмро зарур аст, ки барои ифодаи мафҳумҳои навтарини илму техника аз ҳамаи имкониятҳои забони тоҷикӣ бодиққат ва боэҳтиёт истифода баранд.

Ҳамчунин, онҳо бояд тавассути эҳёи қолабҳои суннатии истилоҳнигорӣ бо истифода аз захираи луғавии забони тоҷикӣ дороиву ғановати забонро аз ҳисоби истилоҳсозӣ ва иқтибосгирии бамаврид таъмин намоянд.

Ба андешаи муҳаққиқон, номҳои таърихӣ ва ҷуғрофӣ далели ғановат ва таърихи зиндаи ҳар як забон, аз ҷумла забони модарии мо ба шумор мераванд.

Илова бар ин, дар номҳои таърихӣ ва ҷуғрофии Тоҷикистон раванди таҳаввули забони модарии мо дар ҳамаи марҳалаҳои таърихии рушди он ба мушоҳида мерасад.

Бо ибтикори мо дар харитаи сиёсии олам дигарбора арзи ҳастӣ кардани номҳои қадиму асилу ҷуғрофии Бохтар, Суғд ва садҳо номи дигар, ки гузаштаи пурифтихори моро ба имрӯз ва имрӯзро ба фардо пайванд медиҳанд, барои эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва баланд бардоштани сатҳи худогоҳиву худшиносии мардуми мо аз аҳаммияти хосса бархурдоранд.

Ба андешаи мо, барои рушди минбаъдаи забони давлатӣ, дар навбати аввал, бояд тадбирҳои зерин амалӣ карда шаванд:

Якум. Риояи покизагии забон.

Яъне зарур аст, ки мо асолат ва покизагии забони худро нигоҳ дорем ва аз истифодаи безарурати калимаҳо аз забонҳои дигар худдорӣ кунем.

Дар баробари омӯхтани забонҳои хориҷӣ, ба омӯзиши забони адабии тоҷикӣ таваҷҷуҳи боз ҳам бештар зоҳир намоем.

Забони адабии тоҷикиро хуб донем ва омӯзиши забонҳои хориҷиро дар заминаи забони модарӣ ва бо истифодаи васеи имкониятҳои он ба роҳ монем.

Дуюм. Фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳот, Академияи миллии илмҳо ва дигар вазорату идораҳо дар самти ба вуҷуд овардани захираи рақамии забони тоҷикӣ бештар тақвият дода шавад, зеро ин омил ба мондагории забони тоҷикӣ дар замони ҷаҳонишавӣ мусоидат менамояд.

Хотирнишон менамоям, ки чунин иқдом дар аксари кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон натиҷаҳои хуб дода истодааст.

Зарур дониста мешавад, ки ба хотири дастрасии ҳарчи бештари алоқамандон нусхаҳои электронии фарҳангҳои муътамад, аз қабили «Луғати фурс» «Бурҳони қотеъ» «Ғиёс–ул–луғот», «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ», «Фарҳанги Рашидӣ», «Баҳори Аҷам», «Фарҳанги Онандроҷ», «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Луғатнома»-и Деҳхудо ва дигар фарҳангу истилоҳномаҳои соҳавӣ бо алифбои имрӯзаи тоҷикӣ ба шабакаҳои иҷтимоиву иттилоърасонӣ ворид карда шаванд.

Сеюм. Яке аз масъалаҳое, ки то имрӯз аз мадди назар дур мондааст, омӯхтани ҷанбаҳои назариявии забони бостонии тоҷикӣ ва омода кардани мутахассисону муҳаққиқони забонҳои авастоӣ, суғдӣ ва бохтарӣ мебошад, ки сарчашмаи забони ширину шевои мо ба ҳисоб мераванд.

Академияи миллии илмҳо ва дигар ниҳодҳои илмиву таълимӣ бояд сари ин масъала ҷиддӣ андеша намоянд.

Илова бар ин, тарғиби забони тоҷикӣ, тавассути расонаҳои ҷаҳонии интернетӣ нашр кардани осори оламшумули назму наср ба ин забон аз муҳимтарин омилҳои густариши забони тоҷикӣ дар давраи ҷаҳонишавӣ маҳсуб мешавад.

Дар ин раванд, арзиши маънавию маърифатии забонро баланд бардоштан ва забони адабии гуфтугӯиро тақвият додан низ бисёр муҳим ва зарур мебошад.

Аз ин лиҳоз, ҳоло зарурати таҳияи луғати мукаммали забони тоҷикӣ бо фарогирии калимаҳои умумиистеъмолии рӯзмарра, яъне китоби рӯйимизии ҳар як тоҷик ва алоқамандони омӯзиши ин забон пеш омадааст.

Барои иҷрои корҳои зикршуда мо бояд шахсонеро, ки қобилият, маҳорат ва таҷрибаи таҳияи фарҳангномаҳоро доранд, дастгирӣ кунем ва сафи онҳоро зиёд гардонем.

Ҳамчунин, мехоҳам таъкид намоям, ки омӯзонидани забонҳои хориҷӣ дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, дар баробари ин, омӯзиш ва таълими забони давлатӣ дар муассисаҳои таълимашон бо забони ақаллиятҳои миллӣ ва забонҳои русиву англисӣ такмил дода шавад.

Дар муассисаҳои типи нав, яъне литсею гимназияҳое, ки таълимашон ба забонҳои хориҷӣ мебошад, низ омӯзиши забони давлатӣ, таърихи миллат ва ҷуғрофиёи кишвар ҳатмист, зеро ноогоҳӣ аз таърих ва фарҳанги миллии худ ба ташаккули шуури миллии кӯдакону наврасон таъсири манфӣ мерасонад.

Аз ин рӯ, зарур аст, ки барномаҳои чунин муассисаҳои таълимӣ бояд ба фарҳангу тамаддун, таърих ва забону адабиёти мо мутобиқ гардонида шаванд, то ин ки фардо дастпарварони онҳо фарҳангу адабиёти моро бо забонҳои гуногуни дунё муаррифӣ намуда, дастовардҳои олами башарро ба забони давлатиамон баргардон карда тавонанд.

Дар раванди забономӯзӣ наврасону ҷавонони мо бояд дар хотир дошта бошанд, ки донистани забони модарӣ ва дар заминаи он аз худ кардани донишҳои замонавӣ аз рӯҳияи баланди ватандорӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори баланди миллии онҳо гувоҳӣ медиҳад.

Забони модариро дар сатҳи аъло донистан, онро дӯст доштан, бо ин забони ширину шево дурусту равону зебо сухан гуфтан ва асари адабӣ эҷод кардан камоли эътиқоду эҳтиром ба Ватан – Модар ва далели ҳисси баланди миллӣ мебошад.

Аммо ин суханҳо чунин маънӣ надоранд, ки ҷавонони мо танҳо бо забони модарии худ қаноат намоянд ё дар доираи он маҳдуд монанд.

Баръакс, мо дар ин ақида устувор будем ва ҳастем, ки ҷавонон дар асоси хуб донистани забони модарӣ барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ талош намоянд.

Илму дониш ва техникаву технологияҳоро тавассути забонҳои хориҷӣ низ омӯхта, аз худ карда, дар оянда барои пешбурди соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоии кишварамон самаранок истифода баранд.

Ҳукумати мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ бо бунёду таъсиси ҳазорҳо муассисаи нави таълимӣ зина ба зина чунин муҳит ё фазоро ба вуҷуд овард, ки ҳоло дар онҳо даҳҳо ва садҳо ҳазор шогирдони забономӯз таълим мегиранд.

Натиҷаи ҳамин аст, ки имрӯз дар байни ҷавонони мо на танҳо донандагони ду забон, балки се – чор ва ҳатто то панҷ забон торафт зиёд шуда, онҳо дар озмунҳои гуногуни байналмилалӣ донишу малакаи хуб нишон медиҳанд.

Бо мақсади густариши бештари ин раванд, зарур дониста мешавад, ки ҳамасола баргузор намудани олимпиадаи фаннии забонҳои хориҷӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва ҳавасмандгардонии ғолибони онҳо ба роҳ монда шавад.

Тибқи таҳлилҳо аз шумораи умумии зиёда аз 40 ҳазор нафар донишҷӯёне, ки ҳоло дар хориҷи кишвар таҳсил доранд, қариб 1200 нафарашон ба забономӯзӣ машғуланд.

Дар робита ба ин, мехоҳам ёдовар шавам, ки аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ то имрӯз талабот ба кадрҳои забондон дар сатҳу зинаҳои гуногуни хизмати давлатӣ ҳамеша зиёд мебошад.

Зеро раванди рушду густариши муносибатҳои дипломатӣ ва ҳамкорӣ бо давлатҳои ҷаҳон, робитаҳои иқтисодӣ ва ҳамгироӣ бо ҷомеаи башарӣ, тарҷумаи осори арзишманди фарҳанги инсонӣ ва таъсиси корхонаву ширкатҳои муштарак дар мамлакат ба ҳазорҳо нафар ҷавонони забондон ниёз дорад.

Дар ин самт, мо то имрӯз тавассути Барномаи Стипендияи байналмилалии Президенти Тоҷикистон «Дурахшандагон» садҳо нафар ҷавонони боистеъдодро, ки ду ва зиёда забонҳои хориҷиро дар сатҳи баланд медонанд, барои таҳсил ба муассисаҳои илмиву таълимии кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон фиристодем.

Танҳо соли ҷорӣ қариб 100 нафар чунин ҷавонон сазовори стипендияи мазкур гардиданд.

Ҳозирини арҷманд!

Мо ворид гардидани низоми маорифи мамлакатро ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ амри зарур ва муҳим шуморида, бо дарназардоштаи дастоварду навгониҳои илму маорифи ҷаҳонӣ ба тақвияти раванди таълиму тарбия, фарогирии илму дониш ва соҳибкасб гардидани ҷавонон эътибори ҷиддӣ медиҳем.

Вале дар ҷараёни таълиму тарбия ба эътибор гирифтани мероси бузурги гузаштагон, арзишҳои милливу фарҳангӣ ва таърихии миллати тоҷикро аз рукнҳои асосии ин раванд мешуморем.

Зеро миллати тоҷик дорои арзишҳо ва расму ойинҳои ғановатманду рангоранг, анъана ва собиқаи бузурги таърихӣ буда, дар рушди илму маориф, таълиму тарбия ва фарҳангу маънавиёти умумибашарӣ ва тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми назаррас гузоштааст.

Бинобар ин, зарур аст, ки дар муассисаҳои таълимии ҳамаи зинаҳои таҳсилот бо мақсади ба камол расонидани наслҳои ояндасози ватандӯсту ватанпараст ба омӯзонидани арзишҳои таърихиву фарҳангии халқамон таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардад.

Яъне афкори таълимии олимону адибони гузаштаву имрӯзаи тоҷик, ки ғояи асосии онҳо таълиму тарбияи инсони комил мебошад, бояд бо дастовардҳои таҳсилоти ҷаҳонӣ ва бо дарназардошти манфиатҳои милливу фарҳангӣ, расму ойин ва анъанаҳои миллии мардуми тоҷик такмил дода шаванд.

Таъкид менамоям, ки танҳо тавассути муваффақонаву ҳадафманд омезиш додани арзишҳои милливу фарҳангӣ бо дастовардҳои таҳсилоти ҷаҳонӣ метавон афроди босаводу донишмандро тарбия намуд.

Танҳо чунин афрод метавонанд ояндаи ободи кишвари худ ва мондагории миллати хешро дар саҳифаҳои таърихи башар ҳифз ва таъмин намояд.

Ҳозирини гиромӣ!

Омӯзгорони муҳтарам ва донишҷӯёни азиз!

Бо дарназардошти он ки рушди соҳаи илму маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор меравад, Ҳукумати мамлакат дар баробари таъмин намудани тараққиёти иқтисодии кишвар ҷиҳати ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ гардонидани маорифи миллӣ тамоми чораҳои заруриро амалӣ карда истодааст.

Ман қариб дар ҳамаи суханрониҳо ва мулоқоту вохӯриҳои худ хотирнишон менамоям, ки илму маориф асоси устувори пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат буда, ҷомеа танҳо бо роҳи таъмин намудани рушди ин соҳаҳо ба ҳадафҳои созандаи худ ноил мегардад.

Имрӯз мо ба донишу хирад ҳамчун манбаи худогоҳиву бедорӣ ва ташаббусҳои созанда арҷ гузошта, бори дигар ёдовар мешавем, ки наврасону ҷавонони мо, яъне наслҳои ояндасоз ободиву сарсабзии Ватани азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлолро танҳо тавассути омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар таъмин карда метавонанд.

Аз ин рӯ, такроран таъкид менамоям, ки мо бояд ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, дар рӯҳияи эҳтиром ба забон, фарҳанг, расму ойин ва дигар арзишҳои миллӣ, муқаддасоти давлати соҳибистиқлол ва ахлоқи ҳамида тарбия кардани насли наврас беш аз ҳар вақти дигар таваҷҷуҳ зоҳир намоем, дар ҳамаи зинаҳои таълим усулҳои пешқадамро ҷорӣ созем ва талаботро нисбат ба таълими донишҳои назариявӣ ва амаливу таҷрибавӣ тақвият бахшем.

Бори дигар ҳамаи шумо – ҳозирини муҳтарамро ба муносибати ифтитоҳи биноҳои нави таълимии Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, инчунин, Рӯзи забони давлатӣ, ки ҳастии миллат ва бақои давлати мо мебошад, самимона табрик гуфта, ба ҳар кадоми шумо саломатӣ, саодати рӯзгор ва комёбиҳои рӯзафзун орзу менамоям.

Ҳамеша саодатманду сарбаланд бошед!

Источник: president.tj