Суханронӣ дар чорабинии “Об ва Наврӯз – ду сарчашмаи ҳаёти башар” дар доираи Конфронси оби СММ -2023

0
24

Аълоҳазрат Вилям Александр, Шоҳи Нидерланд,
Хонумҳо ва ҷанобон,
Ҳозирини гиромӣ,

Дар  рӯзҳои таҷлили Наврӯз, мехостам ҳамаи шуморо ба муносибати ҷашни зебои баҳор — Наврӯзи байналмилалӣ табрик намоям.

Ин ҷашни бостонӣ, ба шарофати шомил гардидан ба Рӯйхати мероси ғайримоддии фарҳангии ЮНЕСКО, аз соли 2010 бар асоси қарори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз таҷлил мегардад.

Наврӯз яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардумӣ буда, таърихи беш аз шашҳазорсола дорад.

Таҷлили ин ҷашн аз замонҳои қадимтарин то ба имрӯз ҷузъи таркибии ҳастиву ҳуввияти тоҷикон ва дигар мардумони ҳавзаи он ба ҳисоб меравад.

Наврӯз айёми тавозуни рӯзу шаб буда, баробари эҳёи куллии табиат ба инсон рӯҳу равони тоза мебахшад, ӯро ба рӯзи неку рӯзгори обод ва пешрафту созандагӣ ҳидоят мекунад.

Дӯстони гиромӣ,

Бино ба таълимоти Авасто, дар айёми Наврӯз эҳёи ҳаёт ва табиат дар шаш унсур, яъне осмон, замин, об, наботот, ҳайвонот ва инсон зоҳир мегардад.

Аз ҷумлаи онҳо, хусусан, об – манбаи барқарории ҳаёт ва идомаи он, рамзи покизагиву ободӣ, файзу баракат ва саодату нишот мебошад.

Аз ин сабаб, одамон дар замонҳои қадим дар арафа ва рӯзҳои Наврӯз ҷӯю наҳрҳоро тоза мекарданд, обҳоро меполиданд ва дар зарфҳои азим оби ошомиданӣ захира намуда, мутобиқ ба захираҳои об нақшаҳои кишоварзӣ ва дигар корҳои хоҷагидориро тарҳрезӣ менамуданд.

Басо рамзист, ки аз соли 1993 ба ин сӯ дар рӯзи дуюми Наврӯз, яъне 22 март ҷомеаи байналмилалӣ Рӯзи ҷаҳонии обро таҷлил менамояд.

Дар ин рӯз Созмони Милали Муттаҳид таваҷҷуҳи сокинони сайёраро ба яке аз мушкилоти асосӣ ва глобалии замони мо — норасоии оби ошомиданӣ ҷалб месозад.

Дар зимн аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати андешидани тадбирҳои муассир барои таъмин намудани аҳолӣ бо об ва беҳдошти ҷомеа даъват сурат мегирад.

Қобили таъкид аст, ки ин мушкилот имрӯз ба яке аз масъалаҳои мубрами рӯзномаи ҷаҳонии рушд табдил ёфтааст.

Маҳз бо дарназардошти ин ҳолат, дар санадҳои сатҳи ҷаҳонӣ, ки солҳои охир қабул гардидаанд, маҷмӯи масоили марбут ба об ҷойгоҳи хосса дорад.

Норасоии об барои рушди кишварҳо ва халқҳо дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла ҳифзи саломатӣ, амнияти озуқаворӣ, баробарии гендерӣ, муҳайё сохтани ҷойҳои корӣ ва таъмини шуғли аҳолӣ, маориф, саноат, иқдомҳои сулҳофарӣ ва амсоли инҳо мушкил эҷод менамояд.

Мо қарорҳои Созмони Милали Муттаҳидро дар заминаи пешниҳод ва ибтикороти Тоҷикистон оид ба эълон кардани соли 2003 ҳамчун Соли байналмилалии оби тоза, 2013 — Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, солҳои 2005-2015 -Даҳсолаи байналмилалии амал “Об — барои ҳаёт” ва 2018 – 2028 — “Об — барои рушди устувор” дар раванди ҳалли ин мушкилот бисёр муҳим медонем.

Бо истифода аз фурсати муносиб, мехоҳам бори дигар ба ҳамаи давлатҳои узви Созмони Милали Муттаҳид барои ҷонибдории пешниҳоди кишвари мо ҷиҳати Соли ҳифзи пиряхҳо эълон намудани соли 2025, ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо муқаррар намудани санаи 21 март ва таъсиси Бунёди мақсадноки ҳифзи пиряхҳо изҳори сипос намоям.

Конфронси байналмилалии соли 2025, ки дар заминаи қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид роҷеъ ба мавзӯи ҳифзи пиряхҳо дар Душанбе доир мегардад, дар раванди пешбурди масъалаҳои зикршуда нақши босазо хоҳад гузошт.

Ҳозирини гиромӣ,

Итминон дорам, ки кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид дар заминаи анъанаҳои созанда ва арзишҳои безаволи Наврӯз бо нерӯи тоза ва нақшаҳои созанда  дар роҳи татбиқи Даҳсолаи “Об – барои рушди устувор” ва дигар ҳадафҳои глобалии вобаста ба об саъю кушиш ба харҷ дода, ҳамкориро ба хотири истифодаи оқилонаи захираҳои об, дигар сарватҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист густариш хоҳанд бахшид.

Навруз муборак!       

Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.

Источник: president.tj